Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имкониятҳое, ки пас аз навсозӣ дар он фароҳам оварда шудааст, шинос шуданд.
Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» аз чор ошёна иборат буда, таъмиру таҷдиди он соли 2017 оғоз гардида буд. Дар ин муддат ба пуррагӣ навсозӣ гардида, дар он шароити мусоиди гузаронидани чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланд, аз ҷумла мулоқоту вохӯрии сарони давлатҳо, ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷаласаҳои корӣ, суҳбату вохӯриҳои аҳли зиёи кишвар бо сарони давлатҳои хориҷӣ, бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.
Тавре зимни боздид маълум гардид, муассиса бо санъати баланди меъморӣ ва сифати аъло ба пуррагӣ навсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, даромадгоҳи бино бо истифода аз сангҳои маҳаллии ороишӣ, ки шакли зебову сифати баланд доранд, зебу зиннат ёфтааст. Ду адад зинапоя, ки барои даромадан ба толори асосӣ пешбинӣ гардидаанд, бо услуби нотакрор навсозӣ шуда, ҳунармандони маҳҳалӣ бо истифода аз санъати кандакориву чӯбтарошӣ онро оро додаанд. Сақф ва деворҳои долони муассиса бо услуби хоси оинабандӣ ва гаҷкорӣ зиннат ёфта, бо истифода аз қандил ва дигар дастгоҳҳои равшанидиҳӣ ба зебогии иншооти мазкур ҳусни дигар зам гардидааст. Дар маҷмӯъ тамоми роҳравҳои дохили “Кохи Ваҳдат” бо ҳамин усул таҷдид шудааст.
Дар толори асосии “Кохи Ваҳдат” барои 1000 нафар ҷойи нишаст ташкил гардида, толор бо курсиҳои бароҳату замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Мушкилоти асосии толори мазкур ин таъмини гармӣ дар сардиҳо ва ҳавои салқин дар гармӣ буд, ки ин масъла дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ ҳал гардида, системаи таъмини гармидиҳии муассиса комилан наву замонавӣ карда шуд. Ҳамчунин сақфи толор бо санъати баланди меъморӣ оро ёфта, ҳунармандони маҳаллӣ бо истифода аз маҳорати хос онро зебу зиннат додаанд. Бо истифода аз санъати гаҷкориву оинабандӣ деворҳои толори калон навсозӣ шудааст, ки ҳусну зебогии нотакрор дорад. Ҳамчунин услуби меъмории миллӣ бо ҷалби ҳунармандони маҳаллӣ дар рангу ороиши толор ба таври васеъ истифода гардидааст.
Дастгоҳҳои равшанидиҳии толор пурра навсозӣ шудааст, ки ин иқдом барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард. Таҷҳизоти тақвияти овоз низ аз ширкатҳои маъруф дастрас гардидаву барои истифодабарӣ васл гардиданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ғайр аз толори асосӣ ҳамчунин муассиса дорои 9 толори дигар мебошад, ки ҳар кадоми он аз 50 то 200 ҷойи нишаст дорад. Дар доираи корҳои навсозӣ ба пуррагӣ ҳамаи толорҳо таъмиру таҷдид гардида, бо имкониятҳои мусоиди корӣ, ки барои гузаронидани вохӯриву ҳамоишҳои гуногун зарур аст, таъмин шудааст. Дар толорҳои хурд низ мизу курсиҳои замонавию бароҳат харидорӣ гардида, имкониятҳои мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон барои фаъолияти кормандон утоқҳои алоҳидаи корӣ ташкил гардида, ҳамаи он пас аз таъмири пурра мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Ҳамаи онҳо бо системаи махсуси гармидиҳӣ пайваст гардида, ҳамчунин ҷиҳози зарурии корӣ дар дохили утоқҳои корӣ насб гардидааст.
Барои қабули меҳмонони олиқадр бошад, утоқҳои алоҳидаи машваратӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд, муҳайё шудааст.
Дар таҳхонаи иншоот бошад, анборхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҳуҷра барои ивазкунии сару либос ва ошхона мавҷуд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои иҷрогардида, боми бино таъмир ва навсозии системаи муҳандисии дохилӣ анҷом ёфта, иншоот дар доираи талаботҳои ҷаҳонӣ навсозӣ гардидааст. Намои берунаи “Кохи Ваҳдат” низ ба пуррагӣ таъмиру таҷдид гардида, мутобиқ ба меъёрҳои муосири шаҳрдорӣ рангу оро дода шуд. Хусусан шомгоҳон назди иншоот рангу ҷилои нотакрор дошта, он бо чароғакҳои ранга ва дастгоҳҳои зебои равшанидиҳӣ таъмин карда шудааст. Анҷоми корҳои мазкур зебогии дигарро ба ҳусни шаҳри Душанбе зам намуда, имкониятҳо барои баргузории ҳар гуна чорабиниҳо боз ҳам беҳтар гардиданд.
Бори дигар ёдрас мешавем, ки Маҷмааи “Кохи Ваҳдат” барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла мулоқоту вохӯрии сарони давлатҳо, ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷаласаҳои корӣ, бизнес-форумҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.
Таъмиру навсозии иншооти мазкур идомаи мантиқии тадбирҳо дар роҳи зебову замонавӣ намудани пойтахти мамлакат буда, дар маҷмӯъ давоми чанд соли охир вусъати бундёкорӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷараён доранд, симои шаҳрро куллан дигар намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки имконоти мавҷударо хубу самаранок истифода баранд.
Пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои “Кохи Ваҳдат”, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораву корхонаҳои пойтахт мулоқот анҷом доданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки дар ин доира бояд корҳои ободонӣ, сабзкорӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабзу сояафкан вусъат дода шавад. Ҳамчунин Роҳбари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки фаъолияти марказҳои савдо, қаҳвахона, тарабхонаву ошхона ва дигар мавзеъҳои серодамро бо назардошти риояи тадбирҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки бо дарназардошти афзоиши талабот ба қувваи барқ дар саросари мамлакат, бояд фарҳанги истифодабарии неруи барқ риоя гардида, аз масрафи зиёдатии неру, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгирӣ карда шавад.
Дар доираи мулоқоти имрӯза ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин