Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:45 – Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста» 
  • 09:13 – ХУРОФОТ аз чаҳолат сарчашма мегирад 
  • 16:55 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд 
  • 14:58 – Ҳаким Абўҳафси Суғдӣ – шоири ҳамаҳди Рўдакӣ 

ҚОНУН кафили СУЛҲУ ВАҲДАТ аст

ҚОНУН кафили СУЛҲУ ВАҲДАТ аст

Асли қавм бегумон сарвар бувад,
Қавми бесарвар тани бесар бувад.
Ҳаким Фирдавсӣ


9-уми декабри соли 2015 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик боз як саҳифаи дигаре зам шуд. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро қабул намуд, ки аз 16 модда иборат аст. Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, Қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.
Лозим ба тазаккур аст, ки қабули қонуни мазкур арҷ гузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди халқу меҳан мебошад.
Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ дар амал тадбиқ гардида истодааст. Имрўз тамоми шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки мардуми мо сарвари худро Президенти мардумӣ ном ниҳоданд. Чунки эшон аз байни халқ баромада, ҳамдами халқ аст.

Ў яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.
Ҳамин дўстдории ўст, ки халқ ўро дар рўзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ў ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дўстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.
Тўли зиёда аз бисту ҳашт соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ўст.

Умарзода Амирҷон Сайҷафар:
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин