Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:09 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 15:00 – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 
  • 14:34 – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 
  • 09:04 – 26 январ ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад 

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден
ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка муҳтарам Ҷо Байден барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба сифати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка сидқан табрику таҳният гӯям.

Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаву муҳтавои амалии онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар маснади олии Роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Америка мо ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямонро дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рушди боз ҳам бештар хоҳем дод.

Омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳоямон дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.

Бо камоли самимият ба Шумо сиҳатии бардавому саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули минбаъдаатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти кишвари Шумо сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно дорам».
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин