Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:45 – Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста» 
  • 09:13 – ХУРОФОТ аз чаҳолат сарчашма мегирад 
  • 16:55 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд 
  • 14:58 – Ҳаким Абўҳафси Суғдӣ – шоири ҳамаҳди Рўдакӣ 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 29.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо муносибати фарорасии Соли Нави 2021-ум самимона табрик гуфтанд.
Дар қаринаи табрикоти худ Роҳбари давлати мо, аз ҷумла ба мардуми дӯсти Россия дар роҳи пешрафт ба сӯи шукуфоиву тараққӣ дар оянда ҳам собитқадамӣ орзу намуд.
Қайд карда шуд, ки ҷонибҳо, сарфи назар аз мушкилоти соли равони вобаста ба пандемияи коронавирус, тавонистанд, ки як силсила чорабиниҳои барои кишварҳои худ муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсии умумроссиягӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосии кишвар ва интихоботи парламентиву президентӣ дар Тоҷикистонро муваффақона анҷом диҳанд. Дар ин зимн ҳамчунин аҳаммияти чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ифодагари ҳамдилии халқҳои ду кишвар мебошанд, қайд карда шуд.
Дар рафти суҳбат президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои ду кишвар ва таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои суҳбат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуданд, ки саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо дар Соли нав низ натиҷабахш хоҳанд буд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин