Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — чароғи роҳнамои фаъолияти мақомоти судӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — чароғи роҳнамои фаъолияти мақомоти судӣДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид, — чунин изҳор дошт сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуриддин АСРОРЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар зер андешаҳои пурраи мавсуфро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

-Аз рӯи муқаррароти қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо Паёми худ ба ҳайси Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои фаъолияти соли муайян мавриди таҳлил, омӯзиш ва баҳодиҳӣ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, ҷиҳати амалигардонии онҳо масъулинро вазифадор менамояд.

Сарвари давлат бори нахуст 30 апрели соли 2001 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти кории давлату ҳукумати мамлакат сухан гуфта, доир ба таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва идомаи ислоҳоти пайдарҳами иқтисодӣ, муваффақият дар ҳамкории самараноку доимӣ миёни ҳокимияти олии қонунгузори касбиву ҳокимияти иҷроия ва падидаи нави таърихи миллат ибрози андеша намуданд.

Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд.

Аз ҷумла, оид ба самти фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ чунин иброз доштанд: «Ман дар вохӯрӣ бо судяҳо моҳи ноябри соли 2019 вобаста ба масъалаҳои таъмини қонуният ва адолати судӣ, тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии баъзе камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти судӣ ҷойдошта ибрози андеша карда будам.

Аз ин рӯ, роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд».

Ҳарчанд соли гузашта барои сокинони сайёра бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 соли пурташвишу мушкил буд, Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сатҳи рушди иқтисодиётро нигоҳ дорад. Баробари ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи воло баргузор гардида, бори дигар мардуми кишвар эътиқоду боварии худро нисбат ба сиёсати пешанамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Маҳз рӯҳияи қавии тоҷикистониён аз сиёсати созандаву ояндабинонаи Сарвари мамлакат буд, ки сокинони мамлакат дар интихоботи навбатӣ фаъолона иштирок намуда, якдилона Пешвои муаззами миллатро Президенти Тоҷикистон интихоб намуданд.

Инчунин ҳамагон шоҳиди онем, ки иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро сокинони мамлакат бо меҳру муҳаббати гарму самимӣ пайгирӣ намуда, имрӯзҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ низ дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ, инчунин ба таври васеъ ҷонибдорӣ намудани пешниҳодҳо вобаста ба ислоҳоти судиро гиромӣ дошта, ҷиҳати иҷрои рисолати конститутсионии баамалбарории адолати судӣ бо ҳисси масъулиятшиносӣ иҷро менамоянд.

Ҷиҳати иҷрои банди 23 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ 21 ноябри соли 2019 баён доштанд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2016 ва 30 марти соли 2020 дар бораи воҳидҳои корӣ дар судҳои иқтисодӣ тағйир ва сохтори судҳои иқтисодӣ такмил дода шуда, 15 воҳиди котибони маҷлиси судӣ ҷудо гардид.

Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва ба Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар баамалбароии адолати судӣ сол ба сол зиёд гардида, дар ҷалби занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба судҳои иқтисодӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат бо мақсади ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, пешгирӣ намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда 3 нафар аз ҳисоби судяҳои судҳои умумӣ, 1 нафар баъди хатми курси яксолаи коромӯз-судя дар судҳои иқтисодӣ ба ҳайси судя ва 1 нафар судя ба мансаби муовини раис таъйин шудаанд.

Ҳамзамон ҷиҳати амалишавии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар сохтори судҳои иқтисодӣ тадбирҳо андешида шуда, аз шумораи умумии роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ 29 нафар ё 28,1 % занон буда, аз он 4 нафар ё 20,0% ҳайати роҳбарикунандаро ташкил дода, корбарӣ дар ин ҷода идома дорад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин