Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

ПАЁМ: ҲАДАФҲОИ УМУМИМИЛЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ

ПАЁМ: ҲАДАФҲОИ УМУМИМИЛЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ
Санаи 26-уми январи соли равон мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо як рӯҳияи баланди ватандустӣ тамошо намуданд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикр гардида, роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи Ватансозӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ равшан сохт.
Се нуктае, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, ин таваҷҷуҳи хосса ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти миллии кишвар буд.
Дар онҷо Президенти мамлакат зикр намуданд, ки бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳӣ ва дар интихоботҳои баргузоргашта фаъолона иштирок намудам, мушоҳида кардам, ки маъракаҳои баргузоргашта дар як фазои озод, шафоф ва бе ягон мушкилҳои сиёсӣ дар чорчубаи қонунҳои байналмилаию миллӣ баргузор гашт. Дар ин чорабинии сиёсӣ ҳатто мушоҳидони байналмилалӣ ҳис карданд, ки мардуми шарифи тоҷик бо як рўҳияи баланди сиёсию фарҳангӣ ба интихоботҳои баргузоршуда фаъолона иштирок варзиданд. Дар тамоми ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботи суруду мусиқӣ шунида мешуд, ки ин таваҷҷўҳи мушоҳидони байналмилалро хеле ҷалб намуд ва онҳо зикр намуданд, ки дар кишварҳои минтақа ва собиқ Иттиҳоди давлатҳои мустақил бори аввал аст, ки мардум бо рақсу мусиқӣ ба интихобот меоянд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми мо бисёр ҷаҳонбинии васъеи сиёсӣ ва дурбинонае дорад, ки аз сиёсати имрўзаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон қаноатманд буда ва ҳамавақт онро дастгирӣ менамоянд.
Иштироки фаъолонаи интихобкунандагон дар интихобот нишонаи баланди фарҳангию сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад.
Зикр кардан бо маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ҳафт ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад, ки шаштои он дар интихоботҳои баргузоршуда фаъолона иштирок намуда ва ба парлумони кишвар ворид шуда ва баъзе аз он ҳизбҳо дар парлумон соҳиби фраксия шуданд.
ПАЁМ: ҲАДАФҲОИ УМУМИМИЛЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилон дастур доданд, ки аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сар карда, то вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳамчун шаҳрвандони кишвар, пеш аз ҳама, худашон бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, нақши худро дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ софдилона иҷро намоянд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми содиқонаву ватандӯстона гузоранд.
Мушоҳида карда мешавад, ки вакилони маҷлисҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ба монанди дигар шаҳрвандони кишвар, дар ободонии кишавар ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор шуда истодаанд, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки вакилони мо ба мисли дигар қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ масуълияти баланди шаҳрвандиро иҷро менамоянд.
Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи амниятию сиёсии Тоҷикистон зикр намуданд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар баробари пайдо шудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, мутаассифона пайдоиши намудҳои нави ҷиноят ба монанди ҷинояткории компютерӣ ва терроризми компютерӣ - дахолати ғайриқонунӣ бо истифодаи компютерҳо, системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ, дуздӣ, тамаъҷўии иттилоотӣ- компютерӣ ва инчунин даъват ба табадулоти давлатӣ мушоҳида шуда истодааст. Киберҷанг-терроризм - як шакли нави терроризм аст, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ аз технологияи муосири иттилоотӣ, компютерӣ ва шабакаҳои электронӣ истифода мебарад.
Масъалаи махсусан шадиди амнияти иттилоотӣ чун ҷузъи муҳими амнияти миллӣ, дар заминаи пайдоиши ҷиноятҳои компютерӣ ва киберҷанг-терроризм ба миён меояд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бисёри ҷинояткорон ба воситаи шабакаи интернет махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро мағшуи карда барои зидди давалат, зидди сохти конститутсионӣ суханҳо гуфта барои табадулоти давлатӣ онҳоро ба ҷиноят талъқин менамоянд, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки он пешравии рушди иқтисодиён ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳамчун киберҷинояткорон нодида мегиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид месозад, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Чихеле, ки Пешвои миллат борҳо таъкид карда будан, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон диққати аввалиндараҷа дода, барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Хотирнишон месозам, ки ин тадбирҳо на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои кишвари мо, балки ба оромиву суботи кишварҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа низ мусоидат менамоянд.
Мо шаҳрвандони кишвар намегузорем, ки он хоинони миллат ба ғаразҳои нопоки худ сарзамини моро ғуборолуд намоянд. Барои саркуб кардани онҳо мо тамоми қуввату малакаи хешро истифода намуда ба онҳо ҷавобҳои сазовор медиҳем.
Сулҳе, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.
Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба он даъват мекунем, ки шукронаи ин неъмати худододро карда, баҳри сулҳу салоҳ ва ободии кишвар саъю кўшиш намуда, бо дили гарму қалби пок меҳнат кунанд.
Умуман аз Паём то Паём сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон рўз аз рўз беҳ шуда, мо ба он талош меварзем, ки барои ноил гаштан ба як давлати пуриқтидор ва бонуфўз дар минтақа ва ҷаҳон гардем. Умед дорем, ки дар оянда низ мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият дар атрофи сиёсати бунёдкоронаи роҳбари хирадманди худ сарҷамъу муттаҳид гардида, дар раванди бунёди ҷомеаи демократию мутамаддин саҳми арзанди худро мегузоранд. Мо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хурд то калон бо як масъулияти баланди шаҳрвандӣ он дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ироа намудан, сармашқи фаъолияти кори худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи он дар ҳама соҳаҳои ҷомеа талош меварзем.
Салим Сайвализода – корманди дастгоҳи КИМ ҲХДТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин