Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:41 – Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум доир гардид 
  • 21:05 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 21:42 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 
  • 15:26 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд 

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иди Садаи ниёгон, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори иди бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода истиқбол гирифт.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ вусъат гирифта, тадбирҳои ободонӣ амалӣ мешаванд. Бо таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ-иҷтимоӣ рушд меёбанд.

Баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Сада ва оғози иқдому амалҳои нави созандагӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси боз як марҳилаи пешрафт дар вилоят мегардад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин