Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

Маҷлиси намояндагон: Дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои миллат» ҳамоиш баргузор шуд

Маҷлиси намояндагон: Дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои миллат» ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар толори таърихии ин мақоми олии қонунбарории мамлакат дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои миллат» ҳамоиш баргузор гардид.

Зимни ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш нисбат ба фъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, иброз намуданд, ки «фаъолияти вакилони халқ набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад, балки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода карда, иҷрои онҳоро пайваста таҳлил намоянд».

-Инчунин, -гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,- Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки вакилони ҳама сатҳҳо – аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сар карда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми ватандӯстона гузоранд.

Ин таъкиди Пешвои миллат тамоми ҷомеа, аз ҷумла мо-вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро водор намуд, ки бо азму ирода ва нангу номуси ватандорӣ бештар заҳмат кашида, 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои беназир истиқбол гирем.

-Паёмҳо,-иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода,- танҳо як даъват, нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд, балки ҳарф ба ҳарф дар худ муҳаббату садоқат ва самимияти ватандӯстонаро фаро гирифта, ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти мо гармиву рӯшанӣ мебахшанд ва мардумро ба сӯи бунёдкорию созандагӣ ва рушди босуботу фардои дурахшони давлату миллат ҳидоят мекунанд. Бо итминони комил ва дилпурона изҳор мекунам, ки мо, вакилони мақоми олии қонунгузори кишвар низ бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва зиндагиамонро аз имрӯза дида, шоиставу беҳтар менамоем.

Раиси палатаи поёнии Парлумони касбии мамлакат ҳадаф аз баргузории ҳамоиши имрӯзаро пайгирии нуқтаву ҳидоятҳои роҳнамунсоз, ки дар Паёми Сарвари давлат баён ёфтаанд, арзёбӣ намуда, афзуд ки натиҷаи ҳамоиши имрӯза замина фароҳам меоварад, ки дар ин самт нақшаҳои мушаххаси корӣ омода ва пайи татбиқи босамари он тадбирҳои фаврию зарурӣ андешида шаванд.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин муовини якум, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода, Дилрабо Мансурӣ, Қодири Қосим, вакилони Маҷлиси намояндагон Зайниддин Сафаров ва Абдуҳалим Ғаффоров роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳалли масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавзеҳи ҳолати кунунӣ сухан гуфтанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин