Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:41 – Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум доир гардид 
  • 21:05 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 21:42 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 
  • 15:26 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд 

САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Маҷмааи тиҷоратии «Наврӯз»-ро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи тиҷоратӣ дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Сохтмони иншоот, ки масоҳаташ ба 2 ҳазору 112 метри мураббаъ баробар аст, соли 2019 оғоз ёфта буд. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз тарафи сокинони ватандӯсти ноҳия оилаи Абдуллозодаҳо бунёд шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 70 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар бунёди ин маҷмаа асосан маҳсулоти ватанӣ истифода шудааст.
Дар ошёнаи 1-уми маҷмааи тиҷоратӣ асосан маҳсулоти хӯрокворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Толори намоиш ва фурӯши сару либос ва маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ дар ошёнаи 2-юми бино ҷойгир аст.
Дар қабати сеюми иншоот корхонаи дӯзандагӣ бунёд ёфтааст. Корхонаи мазкур бо беш аз 200 адад мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он беш аз 200 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Аксари кормандони ин корхонаи дӯзандагӣ қаблан хонанишин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав, акнун занону ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Наврӯз корро дар шароити беҳтар ба роҳ хоҳанд монд. Дар ин ҷо ҳамчунин нафароне, ки соҳибкасб нестанд, ба курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ фаро гирифта шуда, баъдан бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро ҷиҳати ободии як гӯшаи диёр, шоистаи таҳсин хонданд.
Бино дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ҷойгир буда, дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи он гулҳои рангоранг ва дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Иншооти нав ба симои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки замони соҳибистиқлолии мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтааст, зебогии дигар зам кардааст.

Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии «Исмоил» ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни муаррифии ин марказ, ки аз 4 ошёна иборат аст, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” қомат афрохтааст.
Дар ошёнаи якуми бинои марказ дорухона ҷойгир мебошад. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Натиҷа ҳамин аст, ки сол то сол дар мамлакат коркард ва истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ ва ивазкунандаи воридот меафзояд. Аз ҷумла, тамоми маводи доруворӣ ва маҳсулоти тиббие, ки дар дорухонаи Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ба фурӯш гузошта шудааст, сирф ватанӣ мебошанд.
Дар як қисми дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис ёфтааст. Воқеан, табиати беназири Тоҷикистон дорухонаи табииеро мемонад, ки зери осмони кушод ҷойгир мебошад. Тибқи маълумоти мутахассисон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазору 500 намуд растаниҳои шифобахш мерӯянд ва барои коркарди онҳо дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барги зуф, испанд, қоқӯ, дӯлона, меваи хуч, зирк, зира, кокутӣ, чойкаҳак ва ғайра номгӯйи нопурраи гиёҳҳои худрӯи шифобахши кишварро ташкил медиҳанд.
Се ошёнаи болоии Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои табобати дандон, ташхиси амрози занона, озмоишгоҳҳои таҳлили хун, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба таври муосир бунёд ёфта, дар он барои фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки то мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ, сокинони ҷамоати Навобод барои ташхис ва муоинаи баъзе бемориҳо ба маркази ноҳия ва вилоят сафар мекарданд. Акнун дар ин ҷо на танҳо ба сокинони ҷамоати мазкур, балки ба тамоми аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хизматрасонии хубу босифати тиббӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар вақти корҳои сохтмонӣ дар иншоот коргарон аз ҳисоби сокинони ноҳия ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани марказ занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Инчунин дар бинои ҳамин марказ корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаи мазкур низ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он солона зиёда аз 1 миллион баста докаи тиббӣ мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.
Корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов” бо дастгоҳҳои истеҳсолии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар дорухона ва дигар нуқтаҳои фурӯши маводи дорувории ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Роҳбарияти ҷамъият нақша доранд, ки дар оянда фаъолияти коргоҳро васеъ карда, истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти тиббиву дорувориро низ ба роҳ монанд.
Зимни шиносоӣ бо иншооти тозабунёд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони деҳаи Наврӯзи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шоистаи таҳсин хонданд. Роҳбари давлат зикр намуданд, ки чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти ҷумҳурӣ имкон медиҳанд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ва бо дастовардҳои бузург таҷлил гардад.
Ҳамчунин, дар шафати маркази саломатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии болопӯшидаро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд ёфтааст, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бегмурод Холов сохта шуда, ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.
Майдончаи варзишӣ дорои нишастгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ин майдонча дар заминаи нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим бунёд гардида, дар самти пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби онҳо мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд ва дар рушди ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғози расмӣ бахшиданд
САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фаъолияти Маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона оғози расмӣ бахшиданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, он бо тамоми талаботи меъморию шаҳрсозии муосир аз ҷониби соҳибкори ҷавон Нурулло Ҳакимзода бунёд гардидааст.
Қобили зикр аст, ки иншоот дар масоҳати умумии 900 метри мураббаъ доман густурда, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар қабати якум мағозаҳои хӯрокворӣ, гулфурӯшӣ, масолеҳи сохтмон, толори арӯсӣ, қаҳвахона, нуқтаи таъмиру шустушӯи нақлиёт ҷойгир буда, ошёнаи дуюм тарабхона ва меҳмонхонаро дар бар мегирад.
Тарабхонаи “Замира” аз 150 ҷойи нишаст иборат буда, меҳмонхона барои 25 нафар пешбинӣ гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди маркази бисёрсамтаи “Замира”, дар маҷмӯъ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, кормандони марказ пеш аз оғози кор аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаштаанд.
Намои берунаи бино бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни ноҳия зебогии тоза зам менамояд. Гирду атрофи иншоот бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ зебо шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯшу чароғон гардидааст. Ҳамчунин барои мизоҷон дар саҳни бино 2 суҳбаткадаи муосир бунёд шудааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро барои хизмати содиқонаю софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ба фаъолият пардохтани маркази мазкур ҷиҳати татбиқ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи туризм замина гузошта, ҳамчунин барои бо кор таъмин намудани аҳолии бешуғл мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дошта, дар назар аст, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз садҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Президени мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд
САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчунин аз фаъолияти гармхонаи навтаъсиси Хоҷагии тиҷоратии ба номи “Сафар Ҷумъаев” дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои васлу насб ва ташкили гармхона соли 2020 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Иншоот дар майдони 30 садяк замин доман густурда, аз 3 гармхона иборат мебошад.
Гармхонаи мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ташкил гардида, дар он анвои гуногуни зироат парвариш карда мешавад. Айни замон дар гармхона нигоҳубин ва парвариши помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ бо риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, нашъунамои хуб доранд.
Дар гармхонаи доимоамалкунанда парвариши сабзавоту тухмиҳо тариқи органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ ҷараён гирифта, 20 нафар барои нигоҳубини доимии онҳо ҷалб гардидаанд. Ба иттилои мутахассисон, марҳилаи пурра пухта расидани маҳсулот аз 36 то 45 рӯзро ташкил медиҳад. Бо истифода аз чунин имконот ва қоидаҳои муосири агротехникӣ, дар назар аст, ки аз ҳар як гармхона дар як сол бештар аз 50 тонна маҳсулот рӯёнида шавад.
Мавриди қайд аст, ки Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев аз соли 1961 инҷониб фаъолият дошта, калонтарин хоҷагӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳисоб меравад ва самти фаъолияти он ба чорводорӣ, тухмипарварӣ, боғдорӣ ва зироаткорӣ равона гардидааст.
Дар тавозуни хоҷагии мазкур 1974 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, ҳар сол дар 1200 гектари он пахта, 150 гектар боғ, 245 гектар зироатҳои хӯроки чорво, 200 гектар ғалладонагиҳо, 26 гектар картошка ва дар 40 гектар полезӣ кишт карда мешавад ва ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меояд.
Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев ҳамчун хоҷагии тиҷоратӣ, дар баробари он, ки дар таъмини бозори дохила бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб дорад, ҳамзамон маҳсулоти он, аз қабили меваю сабзавот ба хориҷа низ содирот карда мешавад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагӣ чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт низ натиҷаҳо назаррасанд. Зотпарварони хоҷагӣ дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ ҳиссаи муносиб дошта, ҳамасола то 25 тонна гӯшт ва 30 тонна шир истеҳсол менамоянд.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти гармхона ва Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев, Пешвои муаззами миллат ба деҳқонон барои дастгирии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, масъулинро ҷиҳати боз ҳам зиёд кардани майдони заминҳои корами обӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида вазифадор намуданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва техникаю таҷҳизоти кории кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд.
Тавре иттиллоъ дода шуд, танҳо дар ду моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин ноҳия 19 миллиону 114,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин кишоварзони ноҳия дар ин давра дар майдони 3273 гектар кишти зироатҳои гуногун гузарониданд, ки нисбат ба моҳҳои аввали соли 2020 480 гектар зиёд мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти деҳқонӣ ва техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, ба заҳматкашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати дастгирии ҳамешагии муроҷиатномаи Президенти кишвар оид ба истифодаи оқилонаи замин, изҳори сипос карда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳа ва ташкили гармхонаҳои наву муосири доимоамалкунанда дастуру супоришҳо доданд.
Дар навбати худ деҳқонони ноҳия ваъда доданд, ки таъкидҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро мегузоранд.


Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Моҳир семент»-ро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир семент”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи он 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад.
Корҳои сохтмонии иншооти мазкур соли 2018 оғоз ёфта, бо истифода аз муосиртарин техникаву таҷҳизоти корӣ ва хатҳои истеҳсолӣ дар масоҳати 6,7 гектар замин бунёд гардид.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи нав 120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Дар коргоҳ айни замон ду навъи семент — М400 ва М500 бо дарназардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад.
Зимни истеҳсол таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба масъалаи сифати маҳсулоти ниҳоӣ зоҳир гардида, санҷиши он дар чор марҳила анҷом дода мешавад. Барои муайянсозии таркиб ва сифати сементи истеҳсолгардида, таҷҳизоти муосири лабараторӣ дар корхонаи нав харидориву насб карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз лиҳози лагистикӣ низ дар мавзеъи мувофиқ ҷойгир буда, аз ин ҷо то ба сарҳад роҳ хеле наздик аст. Хати роҳи оҳан низ то ба дохили корхонаи “Моҳир семент” бунёд гардидааст. Қисми бештари сементи истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур чун маҳсулоти содиротӣ ба Ҷумҳуриии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот карда мешавад.
Барои шиносоӣ бо маҳсулоти ниҳоӣ ва харидории он корхона дорои толори фурӯш буда, дар ин ҷо барои мизоҷон шароити мусоид, аз ҷумла хизматрасонӣ тариқи корт роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои масъулин дастгоҳҳои насбшуда насли нави техникаи соҳавии корӣ буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти мазкур сифати баланди маҳсулоти ниҳоиро таъмин намуда, ҳамчунин ҳаворо аз олудашавӣ нигоҳ медорад ва имконият медиҳад, ки чангу ғуборе, ки ҳангоми истеҳсолот ба вуҷуд меояд, дубора коркард шавад.
Ифтитоҳи Корхонаи сементбарории “Моҳир семент” идомаи тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — “Саноаткунонии босуръати мамлакат” буда, феълан ин коргоҳ аз азимтарин корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба шумор меравад. “Моҳир семент” дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар маҷмӯъ то таҷлили ин санаи фархунда дар ноҳия бунёду ба истифода додани 14 иншооти саноатӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин ба ободонии гирду атрофи корхона таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар доираи корҳои ободонӣ саҳни он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат дода шудааст.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки барои рақобатпазрии маҳсулот назорати сифатро ҳамаҷониба роҳандозӣ намуда, истеҳсолу содироти онро марҳила ба марҳила афзоиш диҳанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии хусусии «Санавбар»-ро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифтитоҳ намуданд
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароит ва имконоти боғчаи нав шинос шуда, бо кӯдакону мураббиён суҳбати самимӣ доир намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии хусусӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби оилаи Саидзодаҳо бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Сохтмони иншоот бо ҷалби ҳунармандони соҳибзавқ анҷом ёфта, дохили боғча бо санъати баланди меъмории миллӣ, ки мутобиқ ба завқу салиқаи кӯдакон мебошад, зебу оро дода шудааст.
Боғчаи “Санавбар” аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирад. Тавре маълум гашт, омӯзиш дар муассисаи нав бо чор забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шуда, мураббиён дар асоси озмун ба кор қабул карда шуданд. Дар иншооти нави соҳаи маориф 32 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Муассисаи томактабӣ ҳамчунин дорои утоқи алоҳидаи тиббӣ, китобхона, ошхона ва толори фарҳангӣ буда, дар маҷмӯъ дорои 22 утоқ мебошад. Айни замон дар боғча 8 гурӯҳ таъсис ёфта, ифтитоҳи иншооти нав дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷое мушкилоти сокинони маркази ноҳияро дар самти дастрасӣ ба муассисаи томактабӣ ҳаллу фасл намуд.
Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тӯҳфаи арзишманд ва фароҳам намудани шароиту имконоти замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар Муассисаи томактабии хусусии “Санавбар” имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кудакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёниятҳои муосиру замонавӣ таъмин буда, ороиши дохили утоқҳо низ мувофиқ ба хоҳишу завқи кӯдакон анҷом дода шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чойхона ва тарабхонаи миллии «Шамсулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба ятимони кулли вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тӯҳфаҳо тақдим намуданд
25 март дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-ро, ки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Кароматулло Абдуллозода сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо бунёди иншооти маишӣ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ бошад, 500 сохтмончӣ соҳиби кор гашта буд.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ дар давоми 1 сол бунёд шуда, дари даромадгоҳи он бо чуб кандакорӣ, беруни бино бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ ва дохили он бо истифода аз услуби хоси миллӣ ва гаҷкорию оинабадӣ шудааст.
Саҳни ҳавлии чойхонаи миллӣ бо сафолакҳои бетонии ороишӣ рӯйпӯш карда шудааст. Инчунин дар гирду атрофи бино барои сокинон ҷойи сайру гашт ва тамошо, бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва ду тарафи роҳравҳо бо гулу буттаҳои ороишӣ бунёд гардидааст.
Дар паҳлӯи бинои чойхона ва тарабхона ҳамчунин ҳуҷраҳои иловагӣ сохта шудааст ва имкон аст дар ин ҷо боз ба даҳҳо нафар мизоҷон хизмат расонда шавад.
Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Сокини ватандӯст Кароматулло Абдуллозода ният дорад, ки то ҷашни Истиқлол меҳмонхонаи боҳашамати “Наврӯз”-ро, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд, бунёд намоянд.
Пас аз шиносоӣ бо тарҳи бино ва шароити хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат ба иқдоми сокинони ватандӯсти ноҳия баҳои баланд доданд.
Баъди ифтитоҳи иншооти наву муосир ва шиносоӣ ба дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом дода, ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои наврӯзии иборат аз сару либос, ширинӣ ва кумакҳои пулӣ тақдим карданд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва ятимпарварӣ ба аёдати ятимони кулл рафта, аз шароити будубоши онҳо дар хона-интернатҳо шинос мешаванд ва чун анъанаи накуи баҳорӣ кумакҳои моддӣ мерасонанд.
Дар мулоқоти имрӯза 150 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон ва Носири Хусрав аз кӯмакҳои Пешвои миллат баҳравар гардиданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин