Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:41 – Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум доир гардид 
  • 21:05 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 21:42 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 
  • 15:26 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд 

Аёдати фарзандони падар ва пайвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Аёдати фарзандони падар ва пайвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ25 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати мусоид, бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва бо риояи анъана ва суннатҳои хоси наврӯзӣ — аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонашон омаданд.

Фарзандону наберагони хонадон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо қироат карданд.

Сари дастархон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳарбузургашон суҳбати самимие доир карда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд ва барои шод кардани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳаи нек намуданд.

Инсондӯстӣ, эҳтирому қадршиносии фарзандони падар ва пайвандон, огоҳ шудан аз ҳолу аҳвол ва шароити зиндагии онҳо аз хислатҳои бузург ва шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Зимни ҳар як мулоқот бо сокинони мамлакат Пешвои миллат дар бораи дӯст доштани бародарону хоҳарон, эҳтиром гузоштан ба падару модар ва ба онҳо содиқона хизмат намуданро ҳамеша талқин менамоянд.

Дар Тоҷикистон инсон ва шарафи он дар ҷой аввал меистад. Меҳру муҳаббат ва эҳтирому эътиқод нисбат ба авлод боиси сарҷамъии хонадон, рафоқати онҳо ва дар маҷмуъ боиси муттаҳидии аҳли ҷомеа мегардад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин