Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:41 – Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум доир гардид 
  • 21:05 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 21:42 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 
  • 15:26 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир дар хоҷагии деҳқонии «Саидон»-и шаҳри Бохтар дидан намуданд
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД. 26 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии «Саидон»-и шаҳри Бохтар дидан карданд.
Боғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки дарахтони боғи намунавӣ нодиру ороишӣ мебошанд, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Айни замон дар боғи намунавӣ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир, ки гули сафед доранд, асосан аз Аврупо махсусан аз давлатҳои Италия, Олмон ва Сербия оварда шуда, дар боғи намунавӣ парвариш меёбанд. Дарахтони нодири ороишӣ дар хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон”-и шаҳри Бохтар ба иқлим ва шароити хоки Тоҷикистон мутобиқ карда шуда, сипас дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат шинонда мешаванд.
Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир бо ниҳоли себ пайванд карда шуда, гули сафеди диққатҷалбкунанда доранд, ки дар ҳолати хуб нашъу намо ёфтан ба боғҳои истироҳатӣ ва кӯчаву хиёбонҳо зебоию таровати нотакрор зам менамоянд.
Дар хоҷагӣ усулҳои муосири инноватсионӣ ба монанди системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ин восита оби полезӣ сарфа мешавад. Истифодаи чунин таҷрибаи босамар дар оянда ҷиҳати таъмини сабзиши ниҳолҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз боғи намунавӣ ба навъҳои дарахтон, ки ҳоло нашъу намои хуб доранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, мутобиқ намудани ниҳолҳо ба шароити Тоҷикистон ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Роҳбарияти хоҷагии ниҳолпарварӣ бо олимони соҳаи кишоварзии хориҷи мамлакат ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар самти воридоту парвариши дарахтони нодир ва мутобиқ гардондани ниҳолҳо ба иклими ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Хоҷагидорон ба масъалаи босамар истифода бурдани ҳар қитъа замини корам эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар байни қаторҳои дарахтон қулфинай ва дигар навъи полезӣ кишт кардаанд.
Дар хоҷагӣ ҳамзамон дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ба монанди арча, аризон, туя ва ел низ парвариш гардида, ҳоло бештар аз 3000 бех шинонда шудааст ва дар оянда ба 20 ҳазор бех расонда хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки шароит ва обу ҳавои мусоиди вилояти Хатлон барои бунёди боғ ва парвариши дарахтони нодир мувофиқ буда, дар хоҷагӣ ба масъалаи мутобиқсозии ниҳолҳо таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.
Дар шафати хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон”-и шаҳри Бохтар барои кишту парварши маҳсулоти кишоварзӣ низ гармхона сохта шудааст. Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва гирифтани зиёда аз се ҳосил аз чанд намуди зироат дар қаторҳои аввал памидору бодиринг ва дар қисмати боло қулфинай шинонда шудааст, ки рӯзҳои наздик пухта мерасад.
Дар гармхона асосан бодиринги навъи серҳосил ва ду намуди қулфинай аз ҷумла, фестивал ва калифорнӣ ба таври таҷрибавӣ кишт шудааст. Ин навъҳо алакай ба иқлим мутобиқанд. Болопӯши гармхонаи замонавӣ дар ҳолати аз 40 дараҷа зиёд гарм шудани ҳарорати ҳаво ба таври автоматӣ кушода ва пӯшида мешавад. Дар гармхонаи дуюм парвариши лиму ба роҳ монда шудааст, ки хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд. Асоси ба даст овардани ҳосили баланд аз гармхонаҳо, риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт додани ғизои органикӣ арзёбӣ мешавад. Айни замон қулфинай ва бодиринг дар гармхонаҳо ғарқи ҳосил буда, рӯзҳои наздик ҷамъоварӣ ва барои фаровонии дастурхони мардум ба бозорҳо бароварда мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази саломатӣ ва меҳмонхонаро дар ноҳияи Кӯшониён ифтитоҳ намуданд
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкорӣ ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи марти соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгу ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба анҷом расид.
Акнун бо бунёди чунин маркази муосири тиббӣ 58 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иншооти тандурустии мазкур бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ насбу васл шуда, дорои 35 ҳуҷра ва 40 кати хобӣ барои беморон мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои марказ 9 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гушаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи момадоя, духтури кӯдакона, амрози даруна, ҳуҷраи ултрасадо, табобати дандон, ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи табиби чашм, эндоскапия, шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳиёгарӣ, шӯъбаи амрози даруна ва қалб ҷойгир мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави саломатиро дар рӯзҳои омодагии ҳамаҷониба барои истиқбол аз ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба кормандони соҳа табрик намуданд.
Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири соҳавии тиббиву табобатӣ таъмин гардидааст ва мутахассисони кордон имкон доранд, ки ҳама намуди бемориро дар маркази мазкур бо сифати баланди хизматрасонӣ ва саривақт муолиҷа намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчнин дар паҳлуи маркази саломатӣ иншооти хизматрасонии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ намуданд.
Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии соҳибкорон амалӣ гардидааст,ки боз 50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иншооти хизматрасонии мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фақерзода Анвар дар мудати як сол бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Дар марказ мағозаи хурокворӣ, дорухона, сартарошхона ва як тарабхона барои 300 нафар, толори маҷлисгоҳ бо мизу курсиҳо муҷаҳҳаз, ҷойгир мебошанд. Мавриди зикр аст, ки иншооти хизматрасонии мазкур бо унсурҳои нави милливу замонавӣ тарҳрезӣ ва сохта шуда, барои дар сатҳи баланд хизмат расонидан мутобиқ мебошад.
Саҳни бинои меҳмонхона ва Маркази саломатии “Ваҳдат” дар масоҳати 700 метри мураббаъ сафолакпуш карда шуда, гирду атрофи иншоот бо шинонидани гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ сабзу хуррам гардонида шудааст.
Дар ин маркази муосир, ки аз меҳмонхона, маркази тиббӣ ва мағозаву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ иборат мебошад, дар маҷмуъ зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби корӣ доимӣ шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи сокинони ватандӯст баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Имоми Аъзам»-и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” шинос шуданд.
Нахуст Пешвои миллат дар Кооперативи мазкур аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони деҳоти Навбаҳор дидан карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар деҳоти Навбаҳор майдони умумии заминҳои корам 2146 гектарро ташкил менамояд. Дурнамои кишт дар соли 2021 дар деҳоти мазкур 1864 гектар аз ҷумла, ғалладонагӣ 151 гектар, зироатҳои техникӣ 1137 гектар, катошка 60 гектар ва сабзавот 196 гектар муайян гардидааст.
Дар деҳоти Навбаҳор 261 хоҷагии деҳқонӣ барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ заминҳои ҳудуди деҳотро мақсаднок истифода менамоянд.
Аснои муаррифии дастовардҳои аҳли заҳмати деҳоти мазкур иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи маҳсулоти истеҳсолгардида дорои сифати баланд буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва талабот ба ин гуна маҳсулот зиёд аст.
Ҳамин аст, ки соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамасола бо хоҷагидорони деҳоти мазкур шартнома баста, ҳангоми ҷамъоварии ҳосил маҳсулоти ниёзи аввали сокинонро дар бозору марказҳои савдои мамлакат ба фурӯш мебароранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз гармхонаҳои таъсиснамудани аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дидан карданд.
Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар майдони 16, 3 гектар таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияти хоҷагидоронро парвариши маҳсулоти барвақтӣ ташкил медиҳад.
Дар хоҷагии мазкур 27 нафар саҳмдор буда, дар майдони 1,2 гектар гармхонаи доимоамалкунанда ташкил карда шудааст.
Дар 20 гармхонаи таъсисдодашуда аҳли заҳмат ба кишт ва парвариши помидор, бодиринг, боимҷон, қаламфур ва қаламфури булғорӣ машғуланд.
Дар гармхонаҳои мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, бо фаро расидани корҳои мавсимӣ ин шумора ба 40-50 нафар расонида мешавад.
Ҳамчунин аҳли заҳмат дар 2 гармхонаи дигар барои омода кардани кучат қаланфури булғорӣ, боимҷон ва қаламфур кишт кардаанд. Айни ҳол кучатҳои мазкур барои гузаронидан ба гармхонаҳо омода шудааст.
Коргарони Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар мавсими кишт дар майдони 0,5 гектар картошка, 0,8 гектар карам, 2 гектар лаблабу ва 2 гектар боимҷон шинонидаанд.
Дастрас намудани тухмии дорои сифати баланд ва ба муҳит мувофиқ, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва заҳмати пайваста ба ҳолати сабзиш ва нашъунамои хуби ниҳолон замина гузоштааст.
Ҳамчунин дар Кооперативи тиҷоратӣ хӯрокҳои миллӣ, ки аз ҷониби кадбонувони деҳоти Навбаҳор омода карда шуда буд, муаррифӣ гардид.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда хоҷагидорон дар мавсими ҷорӣ дар майдони 10,4 гектар кишти пунбадона мегузаронанд.
Сарвари давлат ба хоҷагидорони Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи кормандон, истифодаи тавсияи олимони соҳа ва дигар тадбирҳои зарурӣ, дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро ифтитоҳ ва бо фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ аз 1 бино бо ду қисми 4-ошёна ва 23 синфхонаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар ду баст иборат аст.
Мавриди зикр аст, ки солҳои дароз фарзандони сокинони деҳаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Обшорон ва қисман Заргар барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии рақами 9 ва рақами 10, ки аз ин деҳаҳо дар масофаи зиёда аз 4-5 км дур ҷойгир мебошанд, мерафтанд ва ин ҳолат бо сабаби дер мондан ба дарс барои гирифтани таҳсилоти босифат монеа эҷод мекард. Ҳамчунин дурии мактаб барои кӯдакони ин деҳаҳо хавфи калон дошта, боиси садамаҳо бо иштироки хонандагон мегардид.
Мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фаннҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, утоқҳои кории омӯзгорон буда, ҳамчунин дар саҳни он майдончаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд шудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзиши касбу ҳунар ба хонандагон ва амалисозии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассиса синфхонаи муҷаҳҳази таълими меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Синфхонаи мазкур бо таҷҳизоти барқии зарурӣ барои пухтупази анвои ғизоӣ, дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва барои писарон дастгоҳу асбоби махсуси ҳунарҳои мардумии қадима ва муосир таъмин аст.
Ҳавлии муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо шинонидани майса, гулҳо, дарахтони ороишиву сояафкан оро дода шудааст.
Сохтмони муассисаи мазкур соли 2019 оғоз гардида, лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи сохтмончиёни ватанӣ амалӣ шуд.
Дар сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 70 нафар коргарони маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 2000 сомонӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб карда шуданд.
Равшаннамоии бинои таълимӣ пурра таъмин гардида, масъалаи таъмин бо оби нӯшокӣ пурра ҳалли худро ёфтааст.
Дар муассисаи мазкур 800 нафар хонанда аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 10 ва 140 нафар аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 9 ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани раванди таълиму тарбия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 64 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 30 воҳиди корӣ барои омӯзгорони фаннӣ ва 4 воҳиди кории маъмурият мебошад.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб карданд.
Баъди ифтитоҳи мактаби нав дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи боз як мактаби наву замонавӣ барои фарзандони сокинони ноҳияи Кӯшониён табрику таҳният гуфтанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин