Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:41 – Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум доир гардид 
  • 21:05 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 21:42 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 
  • 15:26 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд
31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва натиҷаҳои конфронси Душанбегии “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳавасманд аст, то имкониятҳои таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо, бо дарназардошти манфиатҳои муштараки ду кишвар, ба таври самаранок истифода шаванд.

Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон то ба имрӯз бастаи калони санадҳои дуҷониба ба имзо расидааст, ки заминаи мусоиди ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, туризм, алоқаи ҳавоӣ ва робитаҳои амниятиро фароҳам меоранд.

Барои густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои муштараки соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор низ метавонанд муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории амниятӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарики табиӣ мебошанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаи “CASA-1000”, зарурати интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ муҳокима карда шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин