Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:41 – Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум доир гардид 
  • 21:05 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 21:42 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 
  • 15:26 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ВА ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДАСТГИРИИ ОИЛА ВА КӮДАКИ «ФАРЗАНДИ ВАТАН»
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАНИ ВИЛОЯТИ СУҒД8 апрел дар рӯзи дуюми сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти таълиму тарбия дар он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар он шароити муосири таълиму тарбия ва табобат фароҳам оварда шудааст.
Маркази мазкур дар доираи истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби фарзандони ҳамин диёр — академикҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва Маҳмудзода Маҳкам Аъзам бунёд гардидааст.
Дар Марказ барои зисту зиндагонӣ ва таҳсилу табобати 150 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва дорои бемориҳои гуногун шароит муҳайё карда шудааст.
Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, бино бо ҷалби сохтмончиён ва устоҳои маҳаллӣ сохта шуда, аз ду ошёна, таҳхона ва болохона иборат аст. Дар маҷмӯъ масоҳати истифодашавандаи бинои Марказ зиёда 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бино дорои долонҳои барҳаво, 5 ҳуҷраи корӣ, 4 ҳуҷраи хоб, 4 толор барои бозӣ ва машғулияти кӯдакон, 5 ҳуҷраи санитарӣ, ҳуҷраи қабули рӯзона барои хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ва ошхона мебошад.
Саҳни ҳавлӣ ва боғу дигар биноҳои ёрирасони муассиса бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони саховатпешаи диёр ободу зебо гардонида шудааст.
Дар саҳни ҳавлии Марказ 2 ҳавзи оби нӯшокӣ ва полезӣ бо ғунҷоиши 36 ва 12 метри мукааб, 1 майдонча барои бозӣ дар рег, 2 суҳбаткадаи баҳорӣ ва таваққуфгоҳ мавҷуд аст. Дар ҳудуди Маркази дастгирии оила ва кӯдак дар оянда сохтмони 1 майдончаи варзишии болопӯшида низ дар назар дошта шудааст.
Айни замон дар Марказ кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд. Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои худхизматрасонӣ, рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, айни ҳол ба 48 кӯдак хизмат расонида мешавад. Аз инҳо 26 нафарашон бо бемориҳои гуногуни ба табобат ниёзманд ва 17 нафари дигар бо ақибмонии зеҳнӣ ва инкишофи нутқ дар Маркази мазкур табобату таълим мегиранд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар шуъбаи будубоши доимӣ 18 кӯдак тарбия мегиранд, ки синну соли онҳо аз 1 то 7-сола мебошад. Гузашта аз ин, хизматрасонии “Ташриф ба хона” ба деҳаҳои атроф ва кӯчаҳои шаҳри Истаравшан ба роҳ монда шудааст ва мутахассисони Марказ бо оилаҳое, ки фарзанди носолим доранд, тарзи муносибат, машғулият ва анҷом додани корҳои табобатиро меомӯзонанд. Аз 48 нафар мутахассисе, ки айни ҳол дар Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан фаъолият мекунанд, 18 нафарашон дар Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос гузаштаанд.
Дар гурӯҳи рӯзона дар дохили муассиса ва хонаҳое, ки бо хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, барои модароне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ё танҳоӣ мекашанд ва зарурати нигоҳубини кӯдак ба миён меояд, хизматрасонии “Дамгирӣ”-и рӯзона ташкил карда шудааст.
Президенти мамлакат ҳангоми суҳбат бо мураббиён ва бошандагони Марказ маслиҳат доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас, махсусан кӯдакони маъюб тадбирҳои муассир андешанд. Инчунин бо инобати иқтидори ҳозираи бинову иншооти сохташаванда маслиҳат дода шуд, ки дар оянда Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан ҳамчун маркази байниноҳиявӣ истифода бурда шавад.


ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЯТИМОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ТУҲФАҲО ТАҚДИМ КАРДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАНИ ВИЛОЯТИ СУҒДДар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Чойхонаи «Чаманоро»-и маркази шаҳр ба 110 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.
Туҳфаҳои Роҳбари давлат аз сару либоси маҷмӯии баҳорӣ, аз ҷумла шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, боронӣ, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ иборат буд. Кӯдакон аз ин туҳфа, ки барояшон арзиши муҳими моддию маънавӣ дорад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар шаҳри Истаравшан як адад Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор амал мекунад ва он айни замон 88 нафар кӯдакро ба тарбия ва парасторӣ фаро гирифтааст. Аз 110 нафар кӯдаке, ки соҳиби туҳфаҳои Пешвои миллат гардиданд, 88 нафарашон бошандагони ҳамин Мактаб-интернат мебошанд.
Ба Пешвои миллат маълумот доданд, ки Мактаб-интернат пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои таҳсил, истиқомат ва тарбияи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор фароҳам оварда шудааст.
Ҳангоми суҳбат бо кӯдакон Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва давлат барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагонӣ, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳоро истифода менамояд, то дар ҷумҳурӣ ҳеҷ ятим ё бепарасторе худро яккаву танҳо ҳис накунад.
Барои ин давлат ҳамаи шароиту имкониятро дорад ва дар ин самт соҳибкорону саховатмандон ва дар маҷмӯъ, тамоми сокинони мамлакат ҳамраъйии амиқ нишон медиҳанд, ки ин боиси дастгирист, зикр карданд Роҳбари давлат.
Вобаста ба ин, аз кӯдакону наврасони ятим даъват ба амал оварда шуд, ки аз шароиту имконияти мусоид самаранок истифода намуда, хонанд, соҳиби касб шаванд ва дар оянда зиндагии мустақилонаи худро ба таври матлуб ба роҳ монанд.
Кӯдакон ҳам дар навбати худ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, ваъда доданд, ки маслиҳату машварат ва насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд ва барои дар ҷамъият шахсияти худро сохтану шинохтан талоши бештар менамоянд.


САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА ФАЪОЛИЯТИ КӮДАКИСТОНИ ХУСУСИИ «ХУРСАНДӢ» ОҒОЗ БАХШИДАНД
8 апрел дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАНИ ВИЛОЯТИ СУҒДҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” оғоз бахшиданд.
Муассисаи мазкур дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъмории шарқиёна аз ҷониби соҳибкор Аскар Эшонов бунёд гардидааст. Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 0,30 садяк замин доман густурда, аз ду ошёна иборат аст. Кӯдакистон дорои толорҳои машғулият, бозии кӯдакон, мусиқӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар ин муассиса омӯзиш бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии “Хурсандӣ” барои 200 кӯдак пешбинӣ гардида, таълим мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар боғчаи навбунёд 30 нафар мураббӣ тариқи озмун ба кор ҷалб гардида, онҳо дорои малакаи хуби касбӣ мебошанд. Ҳамчунин барои ба кӯдакистон овардан ва баъди машғулият ба хонаҳо баргардонидани кӯдакон 3 микроавтобус харидорӣ шудаанд.
Пешвои муаззами миллат зимни боздид аз шароити таълим ва суҳбат бо мураббиёну тарбиятгирандагон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, маорифчиёнро ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Маорифчиёни шаҳри Истаравшан ифтитоҳи иншооти нави соҳавиро дар самти рушди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр ва татбиқи амалии дастури Президенти мамлакат ҷиҳати то 30 фоиз фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ муассир арзёбӣ намуданд.
Намои дохилу берунаи бино бо санъати баланди меъмории миллӣ зебу оро дода шуда, барои истироҳату бозии кӯдакон 2 суҳбаткада ва чатрҳои соядиҳанда насб гардидаанд.
Раванди сабзкорию ободонӣ ва чароғонкунӣ дар иншоот ба таври доимӣ назорат ва атрофи он бо гулу дарахтони ҳамешасабзу мавсимӣ зебо гардонида шудааст.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕҲМОНХОНА ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «ИСТАРАВШАН»-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАНИ ВИЛОЯТИ СУҒД8 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии “Истаравшан”-ро ифтитоҳ намуданд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи мазкур дар доираи татбиқи амалии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бунёд гардида, бо ба истифода додани он 15 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 6 садяк замин доман густурда, худи бино дар масоҳати 375 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Бино аз 5 ошёна иборат буда, қабати якум аз мағозаи фурӯши мебел ва армуғон иборат буда, қабатҳои болоӣ аз меҳмонхона иборат мебошанд.
Меҳмонхона аз 20 ҳуҷра иборат буда, имкони дар як вақт ба 40 нафар хизмат расонидан дорад. Тарҳу намои бино ба талаботи меъмории муосир ҷавобгӯ буда, дар он тамоми унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст. Атрофи бино чароғону сабзкорӣ шуда, ҳамчунин барои 50 нақлиёт таваққуфгоҳ бунёд гардидааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ ва имконияти мавҷудаи бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, фаъолияти онро дар васеъгардонии инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ нек арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат ҷиҳати муаррифии бештари таъриху фарҳанг, урфу одат, меҳмоннавозии тоҷикона, ҷалби мутахассисони касбӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба соҳибкорон дастуру супоришҳои муфид доданд.
Қобили зикр аст, ки феълан дар шаҳри Истаравшан 5 меҳмонхона, 6 мавзеи сайёҳӣ, 8 тарабхона, 3 осорхона, 153 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фарҳангӣ фаъолияти босамар доранд. Бунёди даҳҳо иншооти дигар идома дошта, ҳамаи онҳо то истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳанд шуда, барои таъсиси ҷойҳои корӣ, беҳтар шудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидати фаъол мекунанд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ БОЗИЧАҲОИ БАЧАГОНАИ ҶДММ «АДЛ»-РО ИФТИТОҲ, ДАР МАЪРАКАИ НАВРӮЗӢ ИШТИРОК ВА АЗ НАМОИШИ ЧОРВОИ КАЛОНИ ЗОТИЮ ШУТУРМУРҒ ДАР ИСТАРАВШАН БОЗДИД НАМУДАНД
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл”-ро ба истифода дода, бо имконияти корхонаи нави саноатӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Умаров бунёд гардида, ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона машғул мебошад. Дар маҷмӯъ дар корхона 25 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ифтитоҳи он имконият медиҳад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон коҳиш дода шавад.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхонаи “Адл” 70 нафар сокини маҳаллӣ, асосан бонувон, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд. Дар марҳилаи дуюм ин нишондиҳанда ба 180 нафар расонида мешавад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл” имконият дорад, ки дар як сол ба маблағи 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба фурӯш барорад.
Тавре маълум гардид, айни замон дар корхона 6 навъи мошинча барои бозии кӯдакон, 2 намуд фойтунча, 7 навъи гаҳвора ва 10 намуд сечархаи кӯдакона истеҳсол шуда, дар оянда ҳаҷм ва номгӯйи маҳсулот афзоиш дода мешавад. Аз ҷумла, масъулин нақша доранд, ки истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои нисбатан калонҳаҷмро дар ҳудуди корхона ба роҳ монанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми навъи аъло истеҳсол гардида, ба саломатии кӯдакон безарар мебошад.
Маҳсулоти ниҳоии омодагардида дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон чун маҳсулоти содиротӣ ба бозорҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон бароварда мешавад.
Гуфта шуд, ки дар марҳилаи дуюм инчунин истеҳсоли асбобҳои хурди барқӣ, ки талабот ба онҳо хеле зиёд аст, роҳандозӣ карда мешавад.
Дар корхонаи истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ насб гардидаанд, ки имконият медиҳад маҳсулот бо сифати баланд истеҳсол карда шавад.
Бояд зикр кард, ки соли 2020 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 174,6 ҳазор доллари ИМА дучарха ба миқдори 142 тонна ё 10 ҳазору 139 дона содирот ва ба маблағи 639,5 ҳазор доллари ИМА ба миқдори 551,7 тонна, ё 39 ҳазору 406 дона дучарха ворид карда шудааст, яъне ифтитоҳи чунин корхонаҳо воридоти маҳсулотро ба кишвар коҳиш дода, содироти онро зиёд менамоянд.
Пас аз ифтитоҳи корхонаи нави саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар базми наврӯзии сокинони деҳаи “Ҷарқӯрғон”-и деҳоти Зарҳалол иштирок намуда, бо маҳсули дастранҷи аҳли заҳмат аз наздик ошно гардиданд.
Дар наврӯзгоҳ сокинони деҳоти мазкур ва дигар деҳаҳои шаҳри Истаравшан дастурхони идона ороста, намунаи ҳунарҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, бо ташкили хони ҳафтсин ва ҳафтшин иштирокчиён яке аз оинҳои қадимии ҷашни Наврӯзро инъикос намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби бонувони соҳибзавқи шаҳри Истаравшан суманак, навъҳои гуногуни нон, кулчақандҳо ва дигар анвои хӯрданӣ манзури иштирокчиён карда шуд.
Навъҳои гуногуни оши палав низ дар чорабинии мазкур ба намоиш гузошта шуда буд, ки ҳар кадоми он бо шаклу услуби хоса ва маҳорати баланд омода гардида, дорои тамъу лаззати махсус буданд.
Ҳунармандони маҳаллӣ санъати баланди оҳангарӣ ва чӯбтароширо муаррифӣ намуда, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимияшон нисбат ба рушди ҳунарҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ карданд. Аз ҷумла, вобаста ба имтиёзҳое, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон дода шудааст, аҳли ҳунари шаҳри Истаравшан ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, ин тасмимро омили асосии рушди ҳунарҳои миллӣ дар мамлакат арзёбӣ намуданд.
Дар базмгоҳи наврӯзӣ ҳамчунин навъҳои гуногуни меваҳои хуштамъ, ки самараи ҳосили боғҳои ҳудуди шаҳри Истаравшан мебошанд, ба намоиш гузошта шуд. Аҳли заҳмат аз рушди боғу токпарварӣ ва афзоиши содироти он ба дигар давлатҳо иттилоъ доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи ҷаҳониро ба иштирокчиёни базмгоҳи идона таҳният гуфта, ба онҳо маслиҳат доданд, ки ҳунару суннатҳои ниёгонро ба насли наврасу ҷавон ҳамаҷониба омӯзонанд.
Сипас Сарвари давлат дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл” аз намоиши чорвои калони зотӣ ва шутурмурғ дидан намуданд.
Иброз гардид, ки ҷамъияти мазкур фаъолияти чорвопарвариро ба тозагӣ роҳандозӣ намуда, асосан чорвои калони зотии барои истеҳсоли гӯшт пешбинишуда нигоҳубин менамояд. Айни замон дар хоҷагӣ 50 сар чорвои калони зотӣ парвариш меёбанд. Гӯшти хушсифате, ки дар хоҷагӣ истеҳсол мегардад, дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, ба фаровонии маҳсулот ва танзими нарху наво дар бозорҳо мусоидат мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир соҳаи чорвопарварӣ дар шаҳри Истаравшан рушд карда, ҳамасола саршумори чорвои хурду калон дар хоҷагиҳо афзоиш меёбад. Аз ҷумла, дар доираи тадбиқи Барномаи рушди соҳаи чорвопарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, дар шаҳри Истаравшан саршумори чорвои хурд ба 105648 сар расида, саршумори чорвои калон 55439 сарро ташкил медиҳад.
Тавре маълум гашт, масъулини хоҷагии мазкур ҳадаф доранд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат фермаи нави чорвопарварӣ бунёд намуда, саршумори чорвову истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳанд.
Ҳамзамон хоҷагӣ парвариши шутурмурғро ба роҳ монда, айни замон саршумораи он дар хоҷагӣ ба 100 сар баробар аст.
Парвариши ин навъи мурғ аз лиҳози даромаднокӣ манфиатовар буда, ҳар кадоми он метавонад аз 80 то 100 килограмм гӯшти парҳезӣ диҳад. Аз ин рӯ, марҳила ба марҳила дар ҷамъияти мазкур парвариши шутурмурғ зиёд карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои рушду парвариши дурусти чорвои калон ва шутурмурғ маслиҳатҳои муфид дода, дастур доданд, ки ҳамасола саршумори чорво ва истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳанд.


САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХАТИ ОБРАСОНӢ БАРОИ ОБЁРИИ 100 ГЕКТАР ЗАМИНРО БА ИСТИФОДА ДОДА, БА БУНЁДИ ТОКЗОРИ НАВЪИ КИШМИШ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ШУКРУЛЛО» ДАР ИСТАРАВШАН ОҒОЗ БАХШИДАНД
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел”, “Турсунбой-бобо”-ро ифтитоҳ намуда, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.
Барои обёрии заминҳои 4 хоҷагӣ чоҳи амудӣ аз чуқурии 120 метр канда шуда, бо ҳамин масъалаи таъмини заминҳои мавзеи мазкур бо оби полезӣ пурра ҳалли худро пайдо намуд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, то ин дам дар 20 гектар замини ин мавзеъ танҳо ғалладонагии лалмӣ корида мешуд, ки ҳосили паст дошт. Акнун бо ифтитоҳи хати обрасонӣ имконият фароҳам омад, ки дар ин ҷо дигар навъи зироати кишоварзӣ низ кишт карда шавад.
Заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел” ва ”Турсунбой-бобо” аз рӯйи баҳогузории олимони соҳа серҳосил буда, бо дастрас гардидани оби полезӣ имконият аст, ки аз ҳар гектари он ба ҳисоби миёна то 700 сентнер пиёз, 300 сентнер картошка ва аз 20 то 40 сентнер ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шавад.
Обёрӣ гардидани заминҳои мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат амалӣ гардида, хоҷагидорон азм доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ истеҳсолотро зиёд намуда, ба ҳамин васила дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештар гузоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳо давоми бештар аз ду соли охир дар шаҳр 659 адад чоҳи амудӣ канда шудааст. Танҳо дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҷарқӯрғон 5 чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба ин васила заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин гардиданд.
Пас аз ифтитоҳи хати обрасонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо шинонидани ниҳоли ток ба бунёди токзори навъи “кишмиш” дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.
Боғи нав ба хотири васеъ намудани майдони токзор дар ҳудуди шаҳри Истаравшан дар масоҳати 1 гектар замин бунёд гардида, дар он парвариши токи навъи “кишмиш” роҳандозӣ карда мешавад.
Барои бунёди токзори мазкур ниҳолҳои навъи маҳаллӣ, ки ба иқлиму хоку оби минтақа мутобиқ аст, истифода гардида, дар сурати нигоҳубини дуруст дар давоми се–чор сол токзор ба ҳосил медарояд. Тибқи баҳогузории пешакӣ, аз як гектар токи навъи мазкур то 100 сентнер ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Токи “кишмиш” барои истеҳсоли мавиз истифода гардида, маҳсулоти мазкур дар бозорҳо серхаридор аст.
Токзори нав дар ҳудуди деҳоти “Зарҳалол” бунёд гардида, дар маҷмӯъ майдони умумии ин навъи токзор дар ин деҳот ба 450 гектар расонида шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аз 1710 гектар токзори “кишмиш”, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан мавҷуд аст, ҳамасола то 10 ҳазор тонна мавиз истеҳсол гардида, ҳам ба бозорҳои дохил ва ҳам ба бозорҳои хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳубини дурусти токзори нав ба масъулину хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин