Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСФАРА


ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ВА ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ, МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ШАҲРАКИ ШӮРОБ
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСФАРА9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, мулоқот бо мардум ва ифтитоҳи якчанд иншоот ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият самимона истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд.
Майдончаи варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ангишт” дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд бунёд шудааст.
Ҷавонону наврасон имкон доранд дар майдончаи варзишӣ, ки барои бозии футболи хурд ва волейбол пешбинӣ шудааст, ба тамрин машғул шаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарон ва ҷавонону наврасон ба онҳо дастур доданд, ки ҳарчӣ бештар дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш фаъолона саҳм гузоранд.
Дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар баробари бунёди иншооти таъйиноти гуногун ба сохтмони инфрасохтори варзишӣ низ диққати зарурӣ дода мешавад.
Замони соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Исфара 210 толору майдончаи варзишӣ бунëд ва ба истифода дода шудаанд, ки дар ин замина дастовардҳои варзишгарон беш аз ҳарвақта зиёд мегардад.
Таваҷҷуҳ ба сохтмон ва ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара имкон фароҳам овард, ки ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш бештар гардида, онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара хатти оби нӯшокиро, ки барои таъминоти 15000 аҳолӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб бо харҷи 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дарозии он 11 километру 200 метрро ташкил медиҳад.
Тавассути ду пойгоҳи обкашӣ ба ҳавзи асосӣ, ки ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб мебошад, бо қубури қутраш 273-миллиметра оби нӯшокӣ ба сокинони 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии ҳудуди шаҳраки Шӯроб дастрас мешавад.
Иншооти мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бунёд карда шудааст ва оянда барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара боз тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ба 20 нафар калиди манзили истиқоматӣ тақдим карданд, ки аз онҳо 3 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 кас аз оилаҳои ниёзманд, ятиму маъюб ва 7 нафар мутахассисони ҷавоне буданд, ки дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ангишт” фаъолият менамоянд.
Манзилҳои истиқоматӣ аз ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, дорои шароити мусоид ва ҷиҳози зарурӣ мебошанд.
Аз ин ғамхории Сарвари давлат, ки пайваста нисбат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва кормандони соҳаҳои буҷетӣ зоҳир карда мешавад, сокинони шаҳраки Шӯроб бо хушнудӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи маъракаи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шӯроб бунёди иншооти гуногун ва дигар корҳои ободонӣ вусъат дошта, ҳамзамон дар шаҳрак тармим ва навсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ободонии ҳудуди биноҳои истиқоматӣ, ба тартиб овардани роҳу роҳравҳо ва сабзкорию ниҳолшинонӣ босуръат идома дорад.
Дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.
Сокинони заҳматқарин ва ҳунарманди шаҳри Исфара дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррасу фаъол дошта, дар ин ҷо беҳтарин намунаҳои офаридаҳои хешро ба намоиш гузоштанд, ки ҷолибу диданӣ ва қобили таваҷҷуҳ буд.
Ҳунари кадбонуҳои шаҳри Исфара низ дар омода кардани маводи ғизоӣ, аз ҷумла номгӯи васеи нону кулча, таомҳои миллӣ ва анвои гуногуни қаннодӣ шоистаи таҳсин аст, ки ҳар номгӯи он тамъу лаззати хос доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, ки мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ аст, баҳои сазовор дода, таъкид намуданд, ки ҳарчӣ бештар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигарондашударо зиёд намоянд.
Нишондиҳандаҳои истеҳсолии яке аз корхонаҳои азими саноатӣ дар шаҳри Исфара — Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ангишт” рӯ ба афзоиш буда, танҳо соли сипаригардида 73 ҳазору 939 тонна ангишт истихроҷ карда шудааст.
Маҷмуан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара бо бунёди корхонаҳои хурду бузург сол то сол бештар гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРКАЗИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ВА ВАРЗИШИИ «ШИРИН»-РО ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХИ ШАҲРИ ИСФАРА МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ИСФАРА9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нахуст Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии «Ширин»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сорбон Савриддинов мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии «Ширин» дар 2 гектар замин бунёд ёфта, дорои майдончаҳои варзишии замонавии кушодаю болопӯшида ва 2 ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон мебошад.
Майдончаҳои кушода ва болопӯшидаи маркази хизматрасонӣ барои бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шуда, барои варзишгарон ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ҳамчунин дар ин марказ 3 суҳбаткада ва боғи истироҳатӣ бо аттраксионҳо бунёд карда шудаанд, ки ба макони асосии истироҳату фароғати сокинони деҳоти Ворух табдил ёфтаанд.
Дар баробари иншооти варзишӣ ҳамзамон дар ҳудуди маркази фарҳангӣ — фароғатӣ меҳмонхона барои қабули 15 нафар дар як вақт, нуқтаи хӯроки умумӣ ва шустушӯи воситаҳои нақлиёт сохта шудааст.
Маркази фарҳангӣ — фароғатӣ ва варзишии “Ширин” бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёди шаҳри Исфара беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби беш аз 40 нафар мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бинокор” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расонида шудаанд.
Бо мақсади таъмини марказ бо об аз масофаи қариб ду километр об оварда шуда, бо истифода аз таҷҳизоти муосир оби ҳавзҳои шиноварӣ тоза карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар маркази хизматрасонӣ ба соҳибкори ватанӣ барои бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Майдончаҳои варзишӣ ва ҳудуди Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ барои машғул шудан ба варзиш ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои гуногун бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо бунёду мавриди истифода қарор додани чунин иншооти замонавӣ барои насли ҷавону ояндадори миллат шароити мусоид фароҳам овардааст.
Маркази фарҳангӣ — фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар замини бекорхобида бунёд карда шудааст.
Бунёди иншооти муосири фарҳангӣ-фароғатӣ дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мебошад.
Соҳибкорони деҳоти Ворух бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати дар сатҳи баландаи созандагӣ истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ободии диёр саҳм мегузоранд.
Аз ҷониби соҳибкор Сорбон Савриддинов дар баробари бунёди Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ қариб як километр роҳи маҳалла сангфарш карда шуда, як пули мошингузар бо дарозии 6 ва паҳноии 5 метр ба истифода дода шудааст.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” беш аз 400 бех ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда, аз ҷумла себ, нок, гелос ва зиёда аз 30 ҳазор бех гулҳои рангоранг шинонда шудаанд, ки ба ободии ин гӯшаи Ватан зебоии дигар зам намудааст.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИРО ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХИ ШАҲРИ ИСФАРА ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, дар он рамзи муаррифи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ-парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Ворух дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид муҳайё карда шудааст.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва тарҳи муосир бунёд гардидааст.
Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ворух дар маҷмӯъ бо таҳкурсиаш 50 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Атрофи иншоот дар масоҳати 190 метри мураббаъ гулкорӣ ва сабзкорӣ карда шуда, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.
Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 800 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, дар он 12 курсӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст.
Дар майдони Парчами давлатӣ ду фаввора низ бунёд гардидааст.
Бо мақсади таъмини рӯшноӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон 12 адад чароғак насб гардида, шабонгоҳ ба зебоии мавзеъ зиннат мебахшанд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири сокинони кишвар, махсусан ҷавонону наврасон дар марказ ва деҳоти як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон карда шудааст.
Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара барои баргузории чорабиниҳои гуногуни ватандӯстона бо ҷалби ҷавонону наврасон хеле мувофиқ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва парафшон гардидани ин рамзи миллиро дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинон, махсусан ҷавонону наврасон туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод намуда, барои истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА БУНЁДИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР АССОТСИАТСИЯИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ ДЕҲОТИ ВОРУХ ОҒОЗ БАХШИДА, АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДИДАН НАМУДАНД
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух ба бунёди боғи интенсивӣ бо шинонидани ниҳолҳои себ оғоз бахшиданд.
Дар боғи мазкур дар асоси тавсияи мутахассисон дар як гектар 1250 бех ниҳол шинонида шудааст. Дар маҷмӯъ ниҳолҳои боғи навбунёд 3900 бехро ташкил медиҳанд.
Масоҳати боғи мазкур 2,4 гектарро дар бар гирифта, ташкили он дар ҷойи боғи кӯҳна бо истифода аз ниҳолҳои серҳосили себҳои навъи “Гала” ва “Стракримсон” ба роҳ монда шудааст.
Дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар маҷмӯъ майдони боғҳо беш аз ҳазор гектарро дар бар гирифта, хоҷагидорон дар панҷ соли охир дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” бо истифода аз заминҳои бекорхобида ва талу теппаҳо 76 гектар боғи донакдор ва тухмдори замонавӣ бунёд намудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух дар заминаи дастгириҳои давлатӣ ва ҳавасмандии кишоварзон дар самти сердаромад будани ин бахши хоҷагидорӣ ташкил гардида, дар оянда масоҳати чунин боғҳо боз ҳам афзоиш дода мешавад.
Дар деҳоти Ворух соли 2020-ум 17,5 гектар ва соли 2021-ум 21 гектар боғи нав бунёд карда шудааст. Дар ин давра мутаносибан 16,5 ва 28 гектар боғи кӯҳна барқарор гардидааст.
Боғдорони деҳоти Ворух ҳамасола дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо боғпарварон ташаббуси хоҷагидоронро дар ин самт намуна арзёбӣ намуда, ҷиҳати бештар баҳрабардорӣ намудан аз имтиёзҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.
Бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити кунунӣ баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштамъу лазизи ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар самти боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат низ мусоидати ҷиддӣ мекунад.
Аҳли заҳмати Ворух баробари боғдорӣ дар кишту парвариши зироати гуногун низ таҷрибаи ғанӣ дошта, заминҳои дар ихтиёрдоштаро пурсамару мақсаднок истифода мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии хоҷагиҳои инфиродӣ ва оилавӣ дар ин деҳоти шаҳри Исфара ба 2196 адад мерасад ва боғдорону кишоварзон ҳамасола истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла меваҳои содиротиро афзоиш медиҳанд.
Боғдорони деҳоти Ворух соли 2020 — 4400 тонна мева истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд.
Саҳмдорони Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Роҳбари давлат дар байни қатори ниҳолҳои боғи интенсивӣ дар асоси маслиҳати мутахассисон кишти картошкаи навъи “Санто” ва “Пикассо” ба роҳ мондаанд.
Ин иқдом бо мақсади истифодаи пурсамари заминҳои корам ва таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти худӣ дар вазъияти кунунии ҷаҳони муосир рӯи даст гирифта шудааст.
Деҳоти Ворух дорои обу иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ буда, аҳли заҳмати он барои таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста талош мекунанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли гузашта хоҷагидорони деҳот дар майдони 221,8 гектар замин картошка кишт намуда, 5545 тонна ҳосил ба даст оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара дидан намуданд.
Дар намоиш аҳли заҳмати шаҳр анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро, ки дар заминҳои ҳосилхези дар ихтиёрдошта кишту парвариш мекунанд, муаррифӣ карданд.
Кишоварзони шаҳри Исфара дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам сармашқи кор қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Дар шаҳри Исфара 13 ҳазору 538 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи тухмиҳои серҳосили зироат ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Дар намоиш беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, ғалладонагию лубиёӣ ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.
Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашони Исфара иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 хоҷагидорони шаҳр дар ҳаҷми беш аз 253 миллиону 88 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ ҳунари занону кадбонувони шаҳр дар самти пухтани анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардид.
Соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Исфара 11 ҳазору 435 тонна ғалладона, 27 ҳазору 20 тонна картошка, 45 ҳазору 598 тонна сабзавот ва 24 ҳазору 195 тонна мева истеҳсол карда шудааст.
Исфара дар истеҳсоли зардолу на танҳо дар миқёси мамлакат, балки минтақа шуҳрати зиёд дошта, боғдорон ҳамасола майдони ин навъи меваи болаззату содиротиро бештар менамоянд ва дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд.
Майдони боғҳо дар шаҳри Исфара 13 ҳазору 300 гектарро дар бар мегирад, ки 11 ҳазор гектарашро зардолу ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши анвои гуногуни зардолуи хушки боғпарварон, таҷрибаи хоҷагидорони шаҳри Исфараро дар самти истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ва содиротӣ намуна арзёбӣ карда, ҷиҳати боз ҳам истифода аз имконоти мавҷуда, роҳандозии усулҳои муосири бандубасти он ва боло бурдани иқтидори содиротӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ба рушди ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дар шаҳри Исфара таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Ҳунармандони шаҳр дар доираи солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ талош мекунанд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат дар зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои миллӣ саҳм гузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ ба ҳунармандон маслиҳатҳои судманд доданд.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту ғалладонагиҳо ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар шаҳри Исфара ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, хоҷагидорон барои истифодаи бештар аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамаҷониба талош меварзанд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «НАВРӮЗ»-РО ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХИ ШАҲРИ ИСФАРА МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳамчунин Маркази хизматрасонии «Наврӯз»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази хизматрасонии «Наврӯз» аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар масоҳати беш аз 360 метри мураббаъ, дар доираи дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зиёваддин Зокиров сохта шудааст.
Бунёди Маркази муосири хизматрасонӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гардида, дорои коргоҳҳои қаннодию дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мебошад. Дар мағозаи фурӯши маркази хизматрасонӣ асосан истеҳсолоти корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, ки дар асоси талаботи байналмилалӣ бо сифати баланд истеҳсол мегарданд, пешниҳоди сокинону меҳмонон карда мешаванд.
Иншоот дар асоси талаботи мавҷуда бо тарҳи муосир сохта шуда, барои сокинони ин гӯшаи дурдасти мамлакат хизмат мерасонад.
Дар коргоҳи қаннодӣ 8 нафар ҷавондухтари деҳоти Ворух, ки қаблан хонашин буданд, дар шароити беҳтар ба кор ҷалб гардидаанд. Дар коргоҳ шириниҳои гуногун, аз ҷумла торт, кулчақанд ва дигар намуди маҳсулот дар асоси талаботи мавҷуда бо риояи меъёрҳои пазандагию кадбонугӣ бо сифати баланд омода карда мешаванд.
Коргоҳи истеҳсолӣ бо мақсади соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин, бо шуғл таъмин намудани онҳо ва бо ин роҳ беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат таъсис дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавондухтарон суҳбати самимӣ анҷом дода, оид ба тадбирҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳибкасбу соҳибҳунар намудани занону бонувони минтақаҳои дурдасти кишвар андешаронӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар коргоҳ курсҳои омӯзишӣ низ роҳандозӣ мегарданд. Коргоҳи нави дӯзандагӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ таъмин мебошад. Коргоҳ, ки бо ҳадафи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаро гирифтани духтарону бонувони хонашини деҳот бо шуғли доимӣ ташкил гардидааст, дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ сару либоси мактабӣ, либосҳои миллии занона ва дигар ашёи зарурии рӯзгор омода карда мешаванд.
Таъсис ва ба фаъолият пардохтани чунин коргоҳҳои дӯзандагӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти дурдасти мамлакат баробари мусоидат ба соҳибкасбу соҳибҳунар намудани занону бонувон барои қонеъ намудани талаботи аҳолии мамлакат бо истеҳсолоти худӣ замина фароҳам овардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз гӯшаи намоиши либосҳои истеҳсолии Коргоҳи дӯзандагии Маркази хизматрасонии муосир ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари ҳунару либоси миллӣ ва ҷалби занону духтарон ба ҳунару касбомӯзӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки тайи солҳои охир дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкорони ватанӣ имкон дод, ки дар марказ ва деҳоти дурдасти мамлакат теъдоди чунин бинову иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ бештар гардад.
Тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома доранд ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби зисту зиндагонӣ барои сокинони ин гӯшаи зебоманзари мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Дар деҳоти мазкур барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ бунёд, таъмир ва навсозии 48 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 45-тои он бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Деҳоти Ворух дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш бамаротиб беҳтар гардидааст.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚАСРИ ФАРҲАНГРО ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХИ ШАҲРИ ИСФАРА ИФТИТОҲ НАМУДАНД
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух бинои Қасри фарҳангро пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ карор доданд.
Иншоот дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, майдони сохтмони зери бинои асосӣ 1100 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Қасри фарҳанг бо фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нарзулло-2008” бунёд шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст. Дар таҳхона утоқҳои либосивазкунӣ барои ҳунармандон ташкил карда шудаанд.
Дар ошёнаи якум толори асосӣ бо 460 ҷойи нишаст, толори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз утоқҳои корӣ, маҳфилҳои ҳунармандӣ, аз қабили навозандагию сарояндагӣ, рақс, ҳунарҳои мардумӣ, толори шашкаю шоҳмот ва китобхонаи электронию анъанавӣ иборат мебошад. Китобхона дорои 3 ҳазор нусха китоб аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва дар самти ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои судманд амалӣ менамояд. Ин аст, ки соҳаи фарҳанг дар кишвар ба таври назаррас рушд намуда, мутахассисони лаёқатманд ба камол мерасанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки солҳои 2019-2021-ро фаро мегиранд, корҳои созандагию ободонӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъат пайдо намуда, дар ин замина барои мардум шароити созгори зиндагӣ фароҳам омад. Бунёди иншооти таъйиноти гуногун, мумфаршкунии роҳҳо, ташкили боғҳои фарҳангии замонавӣ ва дигар тадбирҳои шоиста дар деҳаҳои дурдасти кишвар сабаби он гардид, ки барои сокинони бешуғл ҷои кори доимӣ ташкил гардад. Дар Қасри фарҳанги деҳоти Ворух 20 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, ҳамчунин теъдоди иштирокчиёни маҳфилҳо ба 70 нафар баробар гардид.
Қасри фарҳанг бо тарҳи ҷадид сохта шуда, намои берунии он ба зебоии маркази деҳот ҳусн зам мекунад.
Девораҳо ва сутунпояҳои Қасри фарҳанг бо истифода аз санъати меъмории миллӣ оро ёфта, дар саҳни он ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида шудаанд. Ҳудуди иншоот дар шаб пурра чароғон буда, барои таъмини фароғату истироҳати сокинон басо мусоид аст. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур дар деҳоти Ворух боз як мавзеи истироҳату фароғат ташкил гардид.
Хотиррасон бояд шуд, ки бинои Қасри фарҳанг дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, бо сабаби фарсуда шудан зарурат ба миён омад, ки бино пурра таҷдиду навсозӣ шавад. Бинои мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таҷдид гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд Қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг бунёд гардидаанд, ки он барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва рушди фарҳанг замина гузошт.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 18 адад созҳои мусиқӣ тақдим намуданд, ки он барои рушди соҳа ва пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ замина мегузорад.
Дар толори ақди никоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз навхонадорон шаҳодатномаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва туҳфаҳои арзишманд супориданд.
Дар толори бошукӯҳи қасри фарҳанг ҳунармандони ҷавон барномаи ҷолибу тамошобоб пешниҳод карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлолу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ буд, баҳои баланд доданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин