Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намудДУШАНБЕ, 11.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Бориши рӯзи 11 майи соли равон дар ноҳияи Ёвон боиси обхезӣ гардида, дар деҳоти Обшорон ва Ситораи сурх ба манзилҳои истиқоматии сокинон ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.

Аснои шиносоӣ бо ҳолати баамаломада Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ вазифадор намуданд.

Дар идома Сарвазири мамлакат бо оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳолати баамаломада шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки бар асари бориши пай дар пайи 7-8 майи соли равон ва омадани сел дар деҳаҳои Навобод 4 ва Навобод 5-и деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, қариб 100 гектар замини кишоварзӣ фурӯ рафт.

Тибқи иттилоъ, айни замон боз 10 манзили истиқоматии дигар дар ҳолати хатарнок қарор доранд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуданд.

Барои сокинони зарардида хаймаҳои муваққатӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон зарардидагон бо хӯроки доимӣ таъмин карда шудаанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин