Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом додандСубҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раисони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Раисони ин ноҳияҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои охир ба амал омадаанд, ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлонро вазифадор намуданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир андешида, ба мардуми зарардида кумакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин