Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

Эмомалӣ Раҳмон: «Таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллат ва таҳкими неруи давлат аст»

Эмомалӣ Раҳмон: «Таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллат ва таҳкими неруи давлат аст»«Мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад», — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи он тайи солҳои соҳибистиқлолӣ баланд арзёбӣ намуда, дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд, чунин изҳор доштанд.

Президенти мамлакат дар идома гуфтанд: «Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкорвапешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрўз ба онҳо такя мекунем».

Сарвари давлат иброз доштанд, ки тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллуфасл карда шуданд.

«Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи азҳамафаъолиҷомеа минбаъд низ ташаббусҳоисозандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳоиистиқлолидавлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд вадарҳаётисиёсивуиҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин