Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад»

Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад»Тоҷикистон кишвари дӯсти Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дирӯз дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон изҳор доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки: «Мо аз раванди тамосҳои сиёсии доимии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва савияи кунунии эътимоди комил байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ менамоем».

Маврид ба зикр аст, ки бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, ки дирӯз дар ҷараёни сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ба имзо расиданд, асосҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро боз ҳам таҳким бахшида, ҷиҳати пешбурди онҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меоваранд.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Зери «Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.

Бино ба маълумо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (11.06.2020), сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017 сурат гирифтаанд.

Пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро наздики 60 адад созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин