Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи табрикӣ ирсол намудандИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба Шумо табрикот ва таманниёти неки хешро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.

Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Дар ин зимн мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин