Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

СУЛҲОФАРИИ ДАР ХУНИ ТОҶИКОН АСТ

СУЛҲОФАРИИ ДАР ХУНИ ТОҶИКОН АСТСулҳу дӯстӣ, ҳамзистиву ҳамдилӣ аз қадимтарин айём аз мавзӯъҳои меҳварии фарҳангу тамаддун ва адабиёти тоҷик маҳсуб мешавад. Тоҷикон аз сапедадами таърих ва оғози тамаддуни башарӣ бо офаридани нахустин намунаҳои адабӣ-ҳунарии худ ба сулҳу ваҳдат ба унвони муҳимтарин асли пешрафт ва рушду шукуфоии аҳли башар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, дар таъмини сулҳу салоҳ ва субот дар љомеаи башарї хидматҳои арзанда намудаанд.
Ҳанӯз дар “Авасто”, ки аз қадимтарин матни мактуби адабиёти мо мебошад, ба масъалаи сулҳу дӯстӣ ба унвони муҳтимтарин падидаи иҷтимоӣ ба таври кофӣ таваҷҷуҳ шудааст. Дар ҷо-ҷои ин асар сулҳу ҳамзитӣ ситоиш ва ҷангу хунрезӣ маҳкум мегардад.
Гузашта аз осори динию адабии аҳди қадим ҳатто бузургтарин сиёсатмадорони мо дар тӯли таърих ба масъалаи баробарӣ, озодӣ, сулҳу дӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ таъкидҳои зиёд кардаанд. Далели бисёр қавӣ ва равшан дар ин маврид Эъломияи Куруши Кабир мебошад, ки бо номаи Маншури ҳуқуқи башар низ ёд мешавад.
Дар мутуни динӣ ва андарзномаҳои аҳди паҳлавӣ низ масъалаи сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат ба таври густарда бозтоб шудааст.
Баъд аз пирӯзии низом ва мафкураи исломӣ дар сарзамини Мовароуннуҳру Хуросон мардуми эронитабор ҳамроҳ бо таҷрибаи бузурги ҷаҳоншиносӣ шомили ҷаҳони ислом шуд, ки ин амр дар низоми зиндагӣ, урфу одат, адабиёт ва ҷаҳонбинии мардуми ин сарзамин таъсири бисёр гузошт. Сулҳу ваҳдат, эҳтироми тарафайн ва баробарии қавму нажодҳои мухталиф аз муҳимтарин рукни таълимоти ислом мебошанд. Дар Қуръон, ҳадисҳои Паёмбар ва осори дигари исломӣ масъалаи мавриди назар ба таври фаровон ёд шудааст.
Дар осори шорону адибони мо, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Аттор, Саноӣ, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва дигарон ин мавзӯъ ба таври бисёр муфассал инъикос ёфтааст. Адибони мо бо баҳрагирӣ аз ин ду манбаъ: адабиёти аҳди қадим ва Қуръону ҳадис осори худро пурбор кардаанд.
Дар канори адабиёти форсии тоҷикӣ ҷашну оинҳои мардуми тоҷик аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва ғайра низ ба унвони унсури калидии дигар дар тарвиҷи сулҳу дӯстӣ ва ҳамзистии мардумони гуногун дар давоми таърих хидмат кардааст, ки дар ин маврид Наврӯз мақоми шосита дорад. Аксари муҳаққиқон рози пойдорӣ ва мондагории Наврӯзро, пеш аз ҳама, дар арзишҳои миллӣ ва умумибашарии он донистаанд. Ба назари онҳо Наврӯз як ҷашни “қарордодӣ”, “маснӯии иҷтимоӣ” ва ё як ҷашни “таҳмилии сиёсӣ” набуда, балки ҷашни сулҳу дӯстӣ, осӯдагию фараҳмандӣ ва инсондӯстию мардумсолорсит, аз ин рӯ ин ҷашн аз оғози зуҳури худ то имрӯз дар миёни халқҳо ҳамчунон таҷлил мешавад. СУЛҲОФАРИИ ДАР ХУНИ ТОҶИКОН АСТ
Дар адабиёти муосири тоҷик низ шоирону нависандагони мо дар васфи сулҳу дӯстӣ ва суботу амнияти ҷомеа осори гаронарҷеро офаридаанд, ки дар миён устод Мирзо Турсунзода мақоми бориз дорад. Ин мавзӯъ дар таркиби осори шоир ҳам дар қолаби шеърҳои алоҳида ва ҳам дар қолаби асари комили адабӣ ба назар мерсад. Устод Мирзо Турсунзодаро имрӯз ҷаҳониён ҳамчун вассофи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату якдилӣ мешиносанд. Мирзо Турсунзода илова бар шоири бузург будан, дар заминаҳои мухталифе фаъолияти пурсамар намудааст. Аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба масъулият ва мақоми иҷтимоии худ шоир ба ин мавзӯъ бештар аз дигарон таваҷҷуҳ доштааст.
Илова бар осори мондагоре, ки шоир дар ин мавзӯъ сурудааст, ҳамчунин ў ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии халќњои Осиё ва Африќо ду даҳсола фаъолият намудааст, ки мояи ифтихору сарфарозии миллати тоҷик мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба мурури кӯтоҳе, ки ба деринаи фарҳангу адаби мардуми шарифи тоҷик доштем, маълум мешавад, ки тоҷикон аз рӯзгори қадим мардуми сулҳдӯсту сулҳофар будаанд. Аммо дар интиҳои қарни XX ин халќи сулњпарвар бо ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ муддате аз ин суннати пойдори падарони худ чашм пӯшиданд ва ба гирдоби ҷангу бародаркӯшӣ гирифтор шуданд.
Дар интињои ин қарн (қарни XX) тољикон ба муҳимтарин давраи таърихи худ рў ба рў шуданд, ки ин давра аз ҳар нигоҳ сангинтарин давраи сиёсии миллати мо маҳсуб меёбад. Ҳарчанд дар ин давра миллати тоҷик ба бузургтарин дастоварди таърихи худ-Истиқлолияти давлатӣ даст ёфт, мутаассифона, Тоҷикистон дар ин рўзҳо дар оташи ҷанги тањмилӣ месўхт ва ба гирдоби нобудӣ фурў мерафт. Маҳз, дар ҳамин гуна вазъияти ҳассоси таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлати тоҷикон бо такя ба фарҳанги ғании сулҳофарию сулҳдӯстии гузаштагони худ, барои наљоти миллат бо азм ва иродаи қавӣ иқдом кард. Ҳадафи аслии Эмомалӣ Раҳмон дар ин вазъият хомўш гардонидани оташи ҷанг ва наҷоти давлату миллат аз нобудиву парешонӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ буд. Президненти кишвар бо азму ирода ва тадбиру талошњои худ давлати моро наљот бахшида, давлатдории миллиамонро њифз кард ва сулҳу ваҳдатро барқарор намуд, ки, бешак, ин амрро метавон муњимтарин дастоварди таърихи муосири халќи тољик унвон кард.
Дар партави сиёсатҳои хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба комёбиҳои беназири бисёре даст ёфтааст, ки ҳамаи онҳоро мо ҳамарӯза дар мисоли ободиву сарсабзии кишвари маҳбубамон мушоҳида мекунем ва умедворем, ки дар оянда ин гуна пешрафтҳо бештар аз имрӯз хоҳанд шуд.
Бобоалиева Зебониссо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони дар ДДЗТ ба номи С. Улуғзода
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин