Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 
  • 17:38 – Тавзеҳи Паёми сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат 
  • 14:22 – ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР МЕНАМОЯНД 

Таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид5 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вобаста ба мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, мавриди баррасии аъзои Шӯрои амнияти кишвар қарор дода шуд.

Вобаста ба вазъ дар сарҳади давлатӣ гузориши Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон шунида шуд.

Бо дарназардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсояи Афғонистон бо Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.

Дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзур карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад.

Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки дар баробари пурзур кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус равона гардад.

Дар охири кори ҷаласаи Шӯрои амният Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 20 ҳазор нафар низомиёни эҳтиётиро сафарбар намоянд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин