Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒДСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд/
29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳукумати мамлакат дар самти бунёду навсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ менамояд.

Хат ва иншооти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон” бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, аз тадбирҳои муҳими таъмини маркази ноҳияи Шаҳристон ва деҳоти атрофи он бо оби нӯшокии тоза мебошад.

Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгипроводхоз” тарҳрезӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии хату иншооти оби нӯшокиро дар доираи татбиқи лоиҳа 60 нафар коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд.

Дар доираи лоиҳа дар мавзеи “Сари имҷоз” 2 ҳавзи обҷамъкунӣ, ҳар кадоме бо ғунҷоиши 300 метримукааб об сохта, 2 ҳавзи обҷамъкунии мавҷуда бо ғунҷоиши 2000 метри мукааб об куллан таъмиру таҷдид карда шудаанд. Тавассути 2 иншооти обгирӣ, ки сохта шудаанд, оби зеризаминӣ бо усули ҷаббишу полоишӣ аз нуқтаи обгирӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунии асосӣ расонда, аз он тавассути қубурҳои пластикии қутрашон 165-миллиметра ба масофаи 1 километру 670 метр ба ҳавзҳои обҷамъкунии мавзеи “Сари имҷоз” интиқол меёбад. Бо ин мақсад дар ҳудуди ҳавзи нави обҷамъкунии асосӣ пойгоҳи обкашӣ васлу насб гардидааст.

Дар натиҷа маҳали аҳолинишини нав, ки дар ин ҷо ба аҳолӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақсим шудааст, пурра бо оби нӯшокии тоза таъмин мегардад.

Дар маҷмӯъ, хатҳои оби нӯшокӣ бо истифодаи қубурҳои полиэтилении қутрашон аз 110 то 315-миллиметра ва қубурҳои оҳании қутрашон 200 ва 325-миллиметра дар масофаи беш аз 52 километр сохта, инфрасохтори меъёрии оби нӯшокӣ дар шаҳрак ва деҳоти Шаҳристон ба вуҷуд оварда шудааст. Ҳамчунин 513 адад ҷумакҳои обтақсимкунӣ сохта, таҷҳизоти муосири обченкунӣ васлу насб гардидааст. Бо бунёду навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ ҳамзамон таъмини оби ошомиданӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқ ва сокинони маркази ноҳия-шаҳраки Шаҳристон боэътимод мегардад. Бо татбиқи лоиҳаи иловагӣ ва сохтмони хатҳои обрасонӣ ба дарозии 30 километр сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Чашмасор ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.

То имрӯз бо татбиқи лоиҳа дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он 10 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Баъди анҷоми пурраи корҳои лоиҳа боз 11 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 21 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Шаҳристон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шаҳристон”-ро аз тадбирҳои муҳими таъмини хоҷагиҳо ва аҳолии минтақа бо оби тоза арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин нақшаҳои бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ дар кулли шаҳру ноҳияҳо, хусусан деҳоти мамлакат дар асоси “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал-“Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” амалӣ мешаванд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камобӣ, ки масъалаҳои ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзу истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ, пеш аз ҳама,иқдому чорабиниҳоро амалӣ менамояд. Ҳамзамон бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва таъмини солимии аҳолӣ тадбирҳои сохтмону навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ бо татбиқи лоиҳаҳои давлатию сармоягузорӣ идома дода мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒДДар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Яке аз рамзҳои асосии давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ — Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи ватан, зери садои суруди миллӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон барафрохта шуд.

Сарвари давлатро бошандагони ноҳия хуш истиқбол намуда, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз маблағҳои буҷети вилояти Суғд дар шафати Қасри фарҳанг майдони Парчами давлатӣ сохта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Баландии манораи ливои озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шаҳристон 50 метр буда, дарозии матои ин муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад.

Бунёди чунин иншоот то ба имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ гардида, таҷассуми асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Корҳои сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон аз тарафи кормандону масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КММ-44” иҷро гардидаанд.

Барои бунёди ин иншоот бо тарҳи зебо аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардида, минбаъд ин мавзеъ барои сокинони ноҳия макони гаштугузор ва истироҳату фароғат ба шумор меравад.

Ноҳияи Шаҳристон дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъйиноташ гуногун симои ноҳия сол аз сол зебову назаррабо мегардад.

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бунёд, таъмир ва навсозии бештар аз 135 иншоот ба нақша гирифита шудааст.

Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳамаратафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар мекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒДАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият ва таҳсили хонандагон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бо маблағи қариб 14 миллион сомонӣ дар заминаи иншооти солҳои зиёд дар истифодабудаи муассисаи таълимӣ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида, иншоотро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Куркат” анҷом додаанд.

Бинои асосии муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 24 синфхона- синфхонаҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир карда шудаанд ва барои таҳсили 1240 нафар хонанда дар ду баст шароит фароҳам гардидааст.

Таъкид бояд намуд, ки ҳамасола бо афзоиши аҳолӣ шумораи хонандагон дар ноҳияи Шаҳристон меафзояд ва талабот дар ин муассиса ба ҷойҳои нишаст зиёд мешавад.

Бинои дуюм аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона барои 120 нафар ва дар ошёнаи дуюм толори маҷлис бо 240 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин барои муассиса толори варзишии замонавӣ бунёд гардидааст. Саҳну ҳудуди ин боргоҳи таълимӣ обод шуда, бо шинонидани дарахтони ороишию гулҳои мавсимӣ зебою назаррабо гардидааст.

Синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва утокҳои корӣ бо маводу лавозимоти муосир, аз ҷумла мизу курсиҳои нав, ҷевонҳо, тахтаҳои электронӣ, маҷмӯи компютерҳо, аёнияту ҳамаи дигар таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардидаанд. Дар муассиса баҳри омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, баргузории машғулияти иловагӣ, маҳфилҳои фаннию рӯзгордорӣ шароити мусоид фароҳам гардида, китобхона, махзани китобҳои дарсию бадеӣ барои азхудкунии дарсҳо ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти насли наврас имконияти васеъро доро мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоию суҳбат бо хонандагону омӯзгорон ва волидайн бунёди чунин муассисаи нави зебою замонавии таълимиро идомаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон арзёбӣ намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат аз ҳадафҳои асосии давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Бунёди бинои хуштарҳу лоиҳавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Омӯзгорону сокинони ноҳияи Шаҳристон аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандию сипос намуда, изҳор доштанд, ки бо истифода аз чунин имконият сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, дар таълиму ба камол расонидани насли наврас ҳамаи нерую дониш, маҳорати таҷрибаи хешро равона месозанд, то фарзандон бо донишу маърифат ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расанд.

Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, дар таҳкими пояҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ тадбирҳои зиёд амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, дар ин давра дар ноҳия биноҳои 15 муассисаи таълимӣ бунёду навсозӣ карда шуданд. Алҳол сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти ноҳия ҷараён дорад. Имрӯз дар ноҳия 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти давлатии Гимназияи рақами 1, 1 интернати наздимактабӣ ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд ва дар онҳо қариб 10 ҳазор нафар фарзандони сокинони ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1110 нафар омӯзгорон фаъолияти пурсамар дошта, дар соҳаи маорифи ноҳия баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбии омӯзгорон тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин чораҳои ҳавасмандгардонӣ имкон медиҳанд, ки соҳибихтисосҳои ҷавон ба кори омӯзгорӣ бештар ҷалб карда шаванд. Дар соли хониши 2020-2021 50 нафар мутахассисони ҷавон, аз ҷумла, 22 нафар хатмкунандагони гурӯҳи буҷетӣ ва квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи роҳхат ва 28 нафар мутахассисон, ки донишгоҳу донишкадаҳои олиро тариқи шартномавӣ хатм намудаанд, аз рӯйи ихтисосҳои зарурӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳристон ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуданд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он равона гардидаанд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон баланд бардошта шаванд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин