Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ИДОМА ДОРАД.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД КӮДАКИСТОНИ «МЕҲРОСО» — РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ИДОМА ДОРАД.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд кӯдакистони “Меҳросо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин муассисаи томактабӣ, ки барои 200 нафар кӯдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст, дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эҷод-2013” мебошад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар кӯдакистони хусусии “Меҳросо” кӯдакони ятиму бепарастор ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Сарпарастии ин кӯдакистонро муассисони ширкати “Таҷпроф” ба зимма гирифтаанд.
Масоҳати умумии иншоот 1700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ҳафт утоқи ҷойи хоб барои кӯдакон, 7 ҳуҷра барои таълиму тарбия, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона ва толор барои машғулияти мусиқӣ иборат мебошад.
Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон дар саҳни бино 7 айвончаи тобистона ва ду майдончаи бозӣ барои тарбиятгирандагон бо тамоми шароит бунёд карда шудааст.
Дар умум ин муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкорон хуш истиқбол намуда, онро намунаи олии ватандорӣ ва рисолати хуби инсондӯстӣ донистанд.
Бунёди чунин иншооти нави соҳаи маорифро Сарвари давлат ба кӯдакони хуштолеи маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзанда дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса равона шуда, бо бунёду ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Айни замон дар вилояти Суғд 280 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки 48-тои он ба шаҳри Хуҷанд рост меояд. Дар ҳамаи кӯдакистонҳо қариб 45 ҳазор нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди кӯдакистон дар вилояти Суғд 8 адад зиёд гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистони навбунёд бо кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи дӯстрӯякон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ масъулияти дучанд ҳис намоянд. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба масъалаи бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАРМОНГОҲИ БАЧАГОНАИ СТОМАТОЛОГИИ ШАҲРИРО ДАР ХУҶАНД МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ИДОМА ДОРАД.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити хизматрасонии тиббӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳрӣ аз 16 утоқи кории духтурони дандон иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Масоҳати умумии дармонгоҳ 370 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Дармонгоҳи стоматологии бачагонаи шаҳри Хуҷанд дар гузашта дар бинои номувофиқ ҷойгир буд. Бо сабаби номуносиб будани шароити корӣ, қабули беморон маҳдуд ва раванди муолиҷаи онҳо тӯл мекашид. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави дармонгоҳ шароити кори духтурони дандон беҳтар ва сифати хизматрасонӣ баланд бардошта мешавад, зеро дар ин ҷо барои муолиҷаи дандон, кандану шинонидан, гирифтани қолаб ва дигар роҳҳои пешгирии беморшавии дандон шароити хуб фароҳам гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таъкид намуданд, ки ба саломатии мардум таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Саломатии миллат сарвати бебаҳо буда, пойдории давлат аз солимии ҷомеа вобастагӣ дорад. Дар ин замина супориш дода шуд, ки дар баробари бунёди иншооти соҳа ба масъалаи ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии табибон ва истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаи тандурустӣ диққати хосса равона карда шавад.
Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 316 иншооти соҳаи тандурустӣ барои 3100 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин иқдом дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ таъсир гузошт.
Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сохтмон ва таъмиру навсозии 508 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 77 беморхона, 123 бунгоҳи саломатӣ, 89 маркази саломатӣ, 21 таваллудхона, ҳудуди 100 ҳуҷраи хатна ва 100 дорухона дар назар дошта шудааст.
Давоми солҳои 2018-2020 ва шаш моҳи сипаришудаи соли 2021 корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ дар 431 иншоот ба анҷом расидаанд, ки ин нишондод иҷрои 85 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД КОРХОНАИ НАВИ ҶДММ «ТЕКСТИЛИМПЕКС»-РО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ИДОМА ДОРАД.30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Текстилимпекс»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассиси корхона соҳибкорони ватанӣ Замира Раҷабова ва Юсуфбек Раҷабов мебошанд.
Масоҳати умумии коргоҳи истеҳсолии мазкур қариб 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудаанд. Ҳангоми навсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда шуд.
Таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи саноатӣ истеҳсоли Федератсияи Русия ва фаъолияти асоси коргоҳ — истеҳсоли матои бахмал мебошад.
Коргоҳ дар як шабонарӯз, ки ба се баст тақсим карда шудааст, 396 метри мураббаъ матои бахмал (духоба) истеҳсол мекунад.
Баъди ба истифода додани коргоҳ 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.
Дар оянда таҷдид ва навсозии бинои сехи истеҳсоли иловагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” ва васлу насб намудани таҷҳизоти бофандагӣ имкон фароҳам меорад, ки боз 15 ҷойи кори дигар ташкил шавад. Ҳамзамон истеҳсоли матои бахмал боз ба андозаи 176 метри мураббаъ зиёд ва иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз ба 575 метри мураббаъ баробар мешавад.
Соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтаанд, ки бо фаъолияти пурсамари истеҳсолӣ дар самти таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузоранд.
Барои ин иқдому ташаббусҳои арзанда ва бунёди корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба кори соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд доданд.


САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ ҶДММ «ПАРАНДАПАРВАР-2017»-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ИДОМА ДОРАД.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Ғозиён, минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парандапарвар-2017”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи парандапарварӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бунёд шудааст.
Иқтидори ферма парвариши 578 ҳазор сар мурғ мебошад. Айни ҳол дар корхона 400 ҳазор мурғи тухмдеҳ парвариш меёбад.
Баъди ба истифода додани коргоҳ дар ин ҷо 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Масоҳати умумии коргоҳ 3,5 гектарро ташкил дода, барои парвариши мурғ дар ин ҷо тамоми шароит, аз ҷумла хӯрока ва дигар иншооти зарурии соҳа муҳайё карда шудааст.
Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ- ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба бозорҳои ҷаҳон рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, таъмини пурраи бозорҳои дохилӣ, афзоиши содирот ба хориҷи мамлакат, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар ниҳоят беҳдошти сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Ин талошҳову тадбирҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ҷонибдорӣ ва ҳамдастии амиқ пайдо менамояд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳибкорону тоҷирони кишвар бо истифода аз тамоми имтиёзҳо ва дастгириҳои соҳибкории хурду миёна бо бунёди садҳо коргоҳу корхонаҳои хурду бузург дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Баъди ифтитоҳи корхонаи парандапарварӣ ва шиносоӣ бо шароити кор дар ин коргоҳи саноатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр, пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба ташаббуси соҳибкорон баҳои арзанда дода, онҳоро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят карданд.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ ҶДММ «СУҒД-САНОАТ-ПАРАНДА»-РО БА ИСТИФОДА ДОДАНД
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ИДОМА ДОРАД. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин аввалин корхонаи шаҳри Бӯстон аст, ки самти фаъолияташ ба парандапарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ равона шудааст. Ташкили чунин корхона дар шаҳри саноатӣ, пеш аз ҳама, таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшт ва истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи саноат маънидод карда мешавад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки ба бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” аз соли 2019 асос гузошта шуда, масоҳати умумии корхона 1,3 гектарро ташкил медиҳад.
Барои парвариши паранда 4 сех бунёд гардида, ғунҷоиши ҳар яки он аз 60 то 80 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад. Чӯҷаҳое, ки дар ҷамъият парвариш меёбанд, навъи бройлерӣ (гӯштӣ) мебошанд. Корхона иқтидор дорад дар як сол 1200 тонна гӯшти мурғ истеҳсол намояд.
Зимни боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” изҳор доштанд, ки дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ корхонаи парандапарварӣ таъсис дода шуда, таҷҳизоту техникаҳои зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудаанд.
Дар саҳни корхонаи навбунёд намоиши маҳсулоти истеҳсоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” ташкил гардида, маҳсулоти парҳезӣ бо навъу намудҳои гуногуни бастабандӣ ба намоиш гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар оянда саршумори паранда зиёд ва иқтидори истеҳсолӣ афзун карда шавад.
Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд шаҳри саноатӣ ба шумор меравад. Дар ин шаҳр 37 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар нимсолаи аввали соли 2021 бо дарназардошти хизматрасониҳои пулакии об ва бахши хусусӣ ба маблағи зиёда аз 274 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин даври соли 2020 1 миллиону 913 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар корхонаҳои саноатии шаҳр бештар аз 1400 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Бо бунёди корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” 25 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Ҷамъият дар нақша дорад, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик самти фаъолияташро васеъ ва ҷойҳои нави корӣ ташкил намояд.
Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва айни замон афзалиятноки кишоварзӣ аст, ки рушди ин бахши иқтисоди миллӣ аз омилҳои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коркард, аз ҷумла тухму гӯшти парҳезӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур рушд карда, айни замон дар ҳудуди вилоят соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имконияту шароити фароҳамовардаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озод намудани фабрикаҳои парандапарварӣ аз якчанд намуди пардохти андоз беш аз 125 фабрикаи парандапарварӣ бо истифода аз технологияи муосир бунёд намудаанд. Ин ташаббус имкон фароҳам овард, ки талаботи дохилӣ пурра бо гӯшти парҳезӣ ва тухми паранда қонеъ карда шавад ва дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба 1 июли соли 2021 истеҳсоли гӯшти паранда 7 ҳазору 760 тонна ва тухм 285 миллиону 745 ҳазор донаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин