Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Маҷмааи «Ёдгории миллӣ» гулчанбар гузоштанд ва аз Осорхонаи «Муқаддасоти Ватан»-и Туркманистон боздид намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Маҷмааи «Ёдгории миллӣ» гулчанбар гузоштанд ва аз Осорхонаи «Муқаддасоти Ватан»-и Туркманистон боздид намудандНимаи дуюми 4 август дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотеҳаи нек шод карданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал оварданд.

Дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ”-и шаҳри Ашқобод ба таъриху тамаддуни мардуми туркман, дар назди муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа, қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаҳидони заминларза дар шаҳри Ашқобод эҳтиром ба ҷо оварда, дар назди “гулхани абадӣ” гулчанбар гузоштанд.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон ҳамроҳӣ карданд.

Баъди маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи осорхона меҳмони олимақомро роҳбарият ва коргарони осорхона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Баъди шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи сафари навбатии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон расидан ба тавофуқоти зиёд дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб манфиатовар мебошад.

Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баробари баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз имконияти зиёди истифоданашударо муҳокима карданд.

Бояд гуфт, ки байни Тоҷикистон ва Туркманистон аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ беш аз 75 санади муҳими ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин сафар баъди мулоқоту музокирот боз 20 санади нав ба имзо расид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин