Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рӯзгори мардум, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.


ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРКАЗИ ПЕРИНАТАЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНРО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази перинаталӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.
Муассисаи нави соҳаи тандурустӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.
Дар шуъбаи амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар ошёнаи 3-юми бино ҷойгир аст, барои гузаронидани аксар намуди амалиёти ҷарроҳии эндовидеоӣ дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб гардидаанд, ки пас аз ҷарроҳӣ беморон бистарӣ ва ба эҳёгарӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар Маркази перинаталии вилояти Хатлон, ки дар маҷмуъ 90 кати хоб дорад, 45 нафар мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ бо кор таъмин гардидаанд, ки асосан ба сокинони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони навзод ёрии баландсифати тиббӣ мерасонанд. Илова бар ин беш аз 10 нафар бонувони қаблан бешуғл ҳамчун гурӯҳҳои ёрирасон фаъолияткунанда ба кор ҷалб ва бо маоши хуб таъмин шуданд.
Дар Маркази перинаталӣ таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз қабили рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, асбоби ҷарроҳии эндовидеоӣ, беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти муосир, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, барои ҳифзи солимии модару кӯдак- шурӯъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудаанд, васлу насб гардидаанд.
Инчунин дар марказ нуқтаи тамизгардонӣ мавҷуд аст, ки тамоми таҷҳизоти тиббӣ баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ пурра безарар карда мешавад.
Дар ошхонаи марказ барои беморон, модарони ҳомила ва модарони баъд аз таваллуди фарзанд ғизои болаззат, ки асосан парҳезӣ аст, бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ омода ва пешниҳод мегардад.
Барои хизматрасонии саривақтии тиббӣ ба модару кӯдак дар Маркази перинаталии вилояти Хатлон ду адад воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии сайёр бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мавҷуд аст.
Илова бар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар расонидани ёрии босифати тиббӣ ба беморон ба Маркази перинаталии вилояти Хатлон як мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд.
Акнун, бо бунёди Маркази перинаталии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дар самти хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба модару кӯдак шароити арзанда фароҳам оварда шуд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ «МАКТАБИ ХУСУСИИ ИННОВАТСИОНӢ»-РО ДАР ШАҲРИ БОХТАР ИФТИТОҲ НАМУДАНД
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Макбати хусусии инноватсионӣ»-ро ба истифода доданд.
Муассисаи таълимии хусусӣ аз таҳхона, 6 ошёна, 22 синфхона, 5 лаборатория, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Мактаби замонавӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби оилаи Назризодаҳо барои 480 хонанда дар як баст бунёд гардида, раванди таълим дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар муассисаи нави таълимӣ 300 нафар хонанда дар се зина ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби хусусии инноватсионӣ” дар шаҳри Бохтар муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуд буда, раванди таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст. Синфхонаҳои барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаи компютерӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, омодагии дифои ҳарбӣ ва амсоли ин имкон медиҳанд, ки хонандагон бо истифода аз шароити арзандаи илмомӯзӣ дар ин мактаби замонавӣ таҳсил намоянд.
Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳи муассиса омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз асбобу аёнияти дарсӣ таҷрибаҳои гуногуни илмӣ мегузаронанд, ки аз машғулияти дӯстдоштаи хонандагон аст. Илова бар ин дар муассисаи таълимии хусусӣ ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хосса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, таъсис дода шудааст.
Ба иттилои масъулон, дар муассисаи ғайридавлатии таълимии шаҳри Бохтар барои таълиму тарбияи хонандагон беш аз 50 нафар ба кор ҷалб гардидаанд, ки 30 нафари онҳо омӯзгорони соҳибтахассус мебошанд.
Бо мақсади ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон дар муассисаи нави таълимӣ нуқтаи тиббӣ сохта шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии кумаки аввалия муҷаҳҳаз мебошад.
Барои баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангию оммавӣ дар ошёнаи 5-уми бинои муассиса толори маҷлисӣ бо 70 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Дар китобхонаи муассиса шумораи зиёди адабиёти таълимию бадеӣ мавҷуд аст, ки хонандагон имкон доранд аз ин ганҷинаи бебаҳо босамар истифода намуда, дониши худро сайқал диҳанд.
Тамоми синфхона, ҳуҷра ва роҳравҳои муассиса дар фасли сармо бо шабакаи худӣ гарм карда мешаванд. Қобили таъкид аст, ки барои таъмини хонандагони ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар ошёнаҳои 5 ва 6-уми муассисаи таълимӣ хобгоҳ барои 160 нафар ҷойгир карда шудааст, ки дорои шароити зарурӣ мебошад.
Дар таҳхонаи бинои таълимӣ ошхонаи барҳавои замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки ба хонандагон ғизои гарму болаззат омода ва пешниҳод мегардад.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст, ки дар он хонандагон бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол баргузор менамоянд.
Ҳадаф аз бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар саҳни муассисаи нави таълимии хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 нафар тарбиятгиранда санги асос гузоштанд.
Тибқи лоиҳа, боғчаи кӯдакон аз 3 ошёна ва 10 ҳуҷраи барҳавои таълимӣ иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир сохта мешавад. Саҳн ва атрофи Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби хусусии инноватсионӣ” дар шаҳри Бохтар сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои мавсимии ороишӣ зиннат ёфтааст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин