Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.
САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КОРГОҲИ МЕБЕЛСОЗИИ ҶДММ «АКОБИР»-РО ДАР ШАҲРИ БОХТАР МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
27 октябр дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акобир”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуралӣ Бекназаров бо харҷи қариб 3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона ва маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар маҷмуъ иқтидори солонаи коргоҳ коркарди зиёда аз 15 ҳазор тахтаи махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 600 маҷмӯи мебели гуногуни мулоим буда, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Туркия, Италия ва Чин ворид карда шудаанд.
Раванди истеҳсоли мебел, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи саноат мураккабтарин кор дониста мешавад, дар асоси дархости ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ пурра дар дохили корхона сурат мегирад.
Ашёи хом, ба монанди чӯбу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металлӣ, ки барои истеҳсоли мебел зарур аст, аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад.
Ба иттилои роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акобир”, тамоми намуди мебел, ки дар ин ҷо истеҳсол карда мешаванд, аз лиҳози тарҳ ва сифат ҷавогӯи стандартҳои замони имрӯз буда, дар бозори Тоҷикистон харидорони бештар доранд.
Дар саҳни ҳавлии коргоҳи нав маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ МЕБЕЛ ВА САРДХОНАРО ДАР САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.МИНТАҚАИ САНОАТИИ ШАҲРИ БОХТАР МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракати Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи мебелсозӣ ва сардхона дар майдони қариб як гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анваршоҳ Шодмонзода бунёд карда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсоли мебел таъкид карда шуд, ки тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ маҳсулоти коргоҳ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ мебошад.
Вобаста ба фармоиш ва талаботи бозор дар коргоҳи навбунёд зиёда аз 30 номгӯй мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ истеҳсол карда мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти замонавии мебелсозӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва дар коргоҳ васлу насб карда шудаанд.
Сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракати Истиқлол” низ ба таври замонавӣ сохта шуда, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад. Аз ҷумла, дар сардхона, ки аз 5 қисм иборат аст, имкони захира намудани 1500 тонна сабзавоту мева ва 100 тонна гӯшт мавҷуд мебошад.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб гардидааст.
Айни замон дар сардхона дар алоҳидагӣ ангур, сабзӣ ва гӯшт нигоҳдорӣ карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бештар намудани теъдоди чунин сардхонаҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон масъулонро вазифадор намуданд. Зеро вилояти Хатлон минтақаи калидии аграрии Тоҷикистон буда, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар номгӯи маҳсулот аз фаъолияти кишоварзони он вобастагии амиқ дорад.
Соҳибкори маҳаллӣ Анваршоҳ Шодмонзода иқдом гирифтааст, ки оянда дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар боз як коргоҳи истеҳсоли обҳои рангаи ташнагишикан бунёд намояд.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРКАЗИ СТОМАТОЛОГИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНРО ДАР ШАҲРИ БОХТАР ИФТИТОҲ НАМУДАНД
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази стоматологии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави дуошёна бо тарҳи муосир сохта шуда, дар таҳхонаи он ҳуҷраҳои ёрирасони табобати дандон ҷойгир карда шудаанд, ки барои беморон шароити муосири табобати дандон фароҳам оварда шудааст.
Дар асоси лоиҳа Маркази стоматологии вилояти Хатлон аз 4 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои муолиҷавӣ, ҷарроҳии кӯдакона ва ғайра иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунё муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Масоҳати умумии бинои навбунёд 960 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Барои ташхиси саривақтӣ, дақиқ ва зуд муайян намудани бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ, ҷарроҳии ҷоғ ва бо сифат сохтани дандон 15 таҷҳизоти нав харидорӣ карда шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ ва васлу насб гардидааст, ки аз ин пас барои ташхису табобати саҳеҳ ва саривақтии беморон истифода мешаванд.
Фармоишгари бино Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон буда, он бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза бунёд карда шудааст.
Маркази стоматологии вилояти Хатлон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба чашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда, барои табибон имконоти созгори фаъолият ташкил гардид. Табибон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир метавонанд ба сокинон хизмати босифати тиббӣ расонанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир шумораи нафароне, ки аз бемориҳои дандон шикоят мекунанд, афзоиш ёфтааст ва бунёди маркази наву замонавӣ саривақтӣ мебошад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Маркази стоматологӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 50 нафар табиб, бахусус кадрҳои ҷавон бештар аз ҳисоби занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ ТИББИ ХАТЛОНРО ДАР ШАҲРИ БОХТАР ИФТИТОҲ НАМУДАНД
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои нави Маркази тибби Хатлонро ифтитоҳ намуданд.
Тибқи лоиҳа, бинои Маркази тибби Хатлон аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, бо сифати баланди меъморию шаҳрсозии муосир бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бинои нав дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оилаи Назаровҳо сохта шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ бештар аз 100 нафар мутахассисону коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардиданд.
Дар шуъбаҳои Маркази тибби Хатлон аз ҷумла, шуъбаҳои дармонгоҳӣ, ҷарроҳӣ, табобатӣ, эҳёгарӣ ва ғайра, ки бо таҷҳизоти муосири ташхису табобатӣ таъминанд, барои муолиҷа ва табобати беморон шароити мусоид муҳайё карда шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи дармонгоҳӣ иборат аз ҳуҷраи табибони ҷарроҳ, урология, қалб, стоматология, эндовидеоскопӣ, сабти барқии дил, ултрасадо ва ғайра ҷойгир мебошанд, ки барои сари вақт муоина ва табобат кардани беморон пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон дар беморхона, ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоии қалб, ҳуҷраи қабул, гиёҳдармонӣ, озмоишгоҳи клиникиву биохимиявӣ, осебшинос, ҳуҷраи хатна, китобхона барои бозомӯзии табибон, ҳамшираҳои шафқат ва шунавандагони шуъбаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, коллеҷҳои тиббӣ ва донишҷуёни факултети биохимияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият менамоянд, ки яке аз дастовардҳои навини Маркази навбунёд ба шумор мераванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази тибби Хатлон дорои 40 кат буда, дар як рӯз имкони қабули бештар аз 60 нафар беморро дорад.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюми бино шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва беморони амрози даруна, ошхона, ҳуҷраҳои табибон, басту банд ва доругузаронӣ фаъолият менамоянд.
Толори маҷлисгоҳи замонавӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ ҳамчун заминаи илмию клиникӣ мавҷуд мебошанд, ки барои пешбурди фаъолияти минбаъдаи кормандон истифода мешавад. Он барои такмилу баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии вилояти Хатлон рушд карда, маблағгузорӣ ба ин соҳаи афзалиятнок афзоиш ёфт.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ ГУРӮҲИ «ТОҶИКОБОД»-И ШУЪБАИ НОҲИЯИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.ВАХШИ РАЁСАТИ КДАМ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИФТИТОҲ НАМУДАНД
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш бинои Гурӯҳи «Тоҷикобод»-и шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ карданд.
Зимни суҳбат бо кормандон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Бинои Гурӯҳи «Тоҷикобод»-и шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз се ошёна ва 5 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он барои кору зиндагии кормандон шароити муосир муҳайё карда шудааст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино ду хонаи сеҳуҷрагӣ ва 2 хонаи дуҳуҷрагӣ сохта шудааст.
Дар саҳни ҳавлӣ пас аз ифтитоҳи иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се оилаи хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити муосир муҳайё карда шудааст ва ин иқдомҳои шоиста минбаъд низ амалӣ мегарданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин