БАРГУ СОЗИ КОИНОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ…
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
«Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурўҳи болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад».
Эмомалӣ Раҳмон
Аз ҳам гусаста гардидани завлонаҳои давлати абарқудрати Шўравӣ, ки зодаи бузургтарин инқилоби иҷтимоии асри ХХ маҳсуб меёфт, ба бунёди давлатҳои миллии соҳибистиқлол асос гузошт. Саъю кўшиши мустаҳкам намудани дастовардҳои истиқлолияти сиёсӣ ва бадаст овардани истиқлолияти иқтисодию фарҳангӣ, эҳёи анъана ва суннатҳои миллӣ ва дар ин замина баргаштан ба асолати хеш, кўшиши дар ҷаҳони муосир дарёфти ҷойгоҳи худ, иллати дар фазои сиёсии собиқ давлати Шўравӣ сар задани низоъҳои шадиди миллию этникӣ ва минтақавӣ гардид. Чунин сурат гирифтани ҷараёни таърих вобаста ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ, маданию миллии давлатҳои тозаистиқлол ба муқобилияти оштинопазири сиёсӣ ва дар ниҳояти кор задухўрдҳои мусаллаҳона ва ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.
Адабиёт, ки дар ҳама давру замон инъикоскунандаи ҳодисаву воқеоти таърих буд, ин замон низ рисолати таърихии хешро бекаму кост ба иҷро расонд. Зеро дар осори удабо пеш ва беш аз ҳама рўҳияи замон таҷассумгар мешуд. Адибон кўшиш менамуданд, ки тавассути чакидаҳои қалами хеш мардумро ба сўи худшиносию тафоҳуми миллӣ ва сулҳу суббот даъват созанду он сангарҳои миёни бародарон иттифоқ афтодаро аз байн баранд. Аз ин лиҳоз онҳо ақоиди хешро аз минбари матбуот, ки зуд ба мардум мерасид, иброз медоштанду мардуми гурўҳиеро, ки силоҳ дар доштанд ҳушдор медоданд, ки:
Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромўшт.
Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.
Ҳаводиси талхи рўзгори гузашта собит намуд, ки «агар ҷаҳон битаркад таркишҳои он аввалқадам аз дили шоир мегузаранд». Дили ҳасосу жарфбин ва некхоҳи шоир ҳамеша паи ислоҳи ҷомеа талош дораду он чизеро, ки ниҳон аз чашми атрофиён аст, барояшон бозгў мегардад. Ва шояд ҳамин биниши нозуконаю диди бикри эшон бошад, ки шоириро пешаи пайғамбарӣ донистаанд.
Ғояи Ваҳдат барои адабиёти оламшумули мо бегона нест. Зеро он реша дар адабиёти бостони мо дошта, дар даврони адабиёти классикӣ бузургтарин шуарои мо ин нирўи бузургро дар муттаҳид сохтани мардум ва офаридани кохҳои бегазанди маънавию моддӣ истифода кардаанд. Намунаи бузурги чунин ашъорро мо дар осори абармардони адабу фарҳангамон, амсоли Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хисрав,Низомӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ… ва Бедилу Туғрал дида метавонем.
Мавзўи мазбур дар адабиёти форсизабонон низ густариш ва нашъунамо доштаву дорад, ки намунаҳои баланду муассири онро дар осори Муҳаммад Иқбол метавон дарёфт намуд:
Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
Адабиёти даризабонони Афғонистон низ ба муқтазои вазъи ҳоле, ки ин сарзамини бостонӣ аз сар мегузаронад, саршори ситоиш аз Ваҳдат ва якпорчагии кишвар мебошад. Дар осори бузургтарин шоири муосири Афғонистон Халилуллоҳ Халилӣ намунаи беҳтарини тараннуми Ваҳдат дар шакли зер ба чашм мехўрад:
Давлат аз нерўи миллат шуд падид,
Вой аз он давлат, ки миллатро надид.
Ҳеҷ давлатро наёбӣ пойдор
Гар набошад пояҳояш устувор…
Қавм агар гуфтам муродам миллат аст,
Миллат ар гўям асосаш Ваҳдат аст.
Адабиёти охири садаи ХХ шабеҳи адабиёти ибтидои ин аср аст. Зеро ин ду марҳала барои миллати тоҷик давраҳои тақдирсозанд. Агар марҳалаи аввали асри номбурда, давраи эҳёи миллати тоҷик бошад, марҳалаи охирӣ давраи наҷотёбии миллат аст.
Аҳли қалам аз рўзҳои аввали наҳси ба сари миллат омада, мардумро ҳушдор медоданд, ки аз баҳри ҳамагуна худкушию худфурўшӣ, худхоҳию худбехабарӣ, худбабозорбарию мардумозорӣ бигзаранду пайравӣ аз ақли солиму созандаро ба худ пеша кунанд. Ҳамин дардҳои ҷонсўзи ҳаммиллатон қалби шоир Қутбӣ Киромро ба сўзиш овардаву косахонаи чашмонашро ҳавзобаи хун гардонидааст:
Ё раб, ин бехабарӣ, бебасарӣ,
Худбабозорбарӣ, беназарӣ.
Худкушӣ, худфиканӣ, дарбадарӣ,
Худфурўшӣ, зи худ пардадарӣ
Дар куҷо буд, ки афкандӣ ба тори сари мо.
Кай шавад хушк аз ин боди саҳар,
Ба хунолуда ду чашми тари мо.
Рўз ба рўз аланга гирифтани забони оташи кинаву кудурат дар миёни бародарони хунӣ боис и кушта шудани фарзонафарзандони миллат мегардиду он дуррҳои ноёби миллат роҳи наҷотро дар фирори ин зодбуми ниёкони хеш медиданд. Меҳани азизи мо дар коми беамони оташ месўхт. Устод Қутбиро аз шиддати дарди ҷонкоҳи ҷигари пора гаштаву садои дардноки дар гулў печида фарёд баланд мешуд, ки:
Дар дили ман тарона месўзад,
Шафақи ҷовидона месўзад.
Дар сари шохаи хазонафшон,
Шоҳини пурафсона месўзад.
Шўълаам пурпечутобҳо дорад,
Шоире бо замона месўзад.
Тифли бечора ба гаҳвора,
Мўсафеде ба хона месўзад.
Тавба, эй муғризони беномус,
Иффати духтарона месўзад.
Сари мардони мард хам омад,
Нокасе нокасона месўзад.
Магар ин аст, расми ҷанги худӣ,
Коҳ истода, дона месўзад?!
(январи 1993)
Шоир дигар тавони дидани қомати хамгаштаи модарони зору падарони дилфигор, рехтани хуни бародарону ашки хунини чашми хоҳарон ва дидаҳои умедвору нолаҳои дилрешкунандаи тифлони маъсуми ятимро, ки аз оғуши нозпарвари волидони худ ҷудо гардидаанд, надошт. Ў пеши камонбадастон ба зону зада илтиҷо мекунад, ки:
Эй камонбардаст!
Камонабрўи ту дар хона гирён,
Осмону ҷониби ў чашми ҳайрон.
Қомати ў чун камон хамгашта,
Бингар,
Он камони хеш бигзор,
Рав, камонабрўи худ бар дида бардор!
(январи 1993)
Шоир аз ин ҳама нолаву фарё два илтиҷоҳо хастагиро дар ҷисмуҷони хеш эҳсос мекунаду роҳи наҷотро дар рўи ниёз овардан ба даргоҳи Худованд мебинад ва аз Худо талабгор мешавад, ки:
Худоё, тоҷиконатро амон бахшо зи худхоҳӣ,
Дилам садпора шуд аз маншаи «инҷоӣ»- «онҷоӣ»…
Шуаро дар ин давраи басо муҳим барои миллат, худро ҳомии ин марзу буми аҷдодӣ дониста пайваста мекўшиданд, ки миёни ду бародар сулҳу суббот рўи кор ояд. Ҳар як вохўрие, ки миёни масъулини ҳукумат ва нирўҳои мухолиф баргузор мегардид, аз ояндаи нек гувоҳӣ медод. Маҳз ҳамин равиши хубу самараи некӣ сари мизи гуфтугў нишастанро устод Лоиқ пеш аз дигарон пайбурдаву овоз баланд намуд, ки:
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик ба тоҷик!
Тазод ин ҷост, тазоди вақт ҳам ин ҷост,
Ки бо тоҷик тоҷик мешавад наздик.
Имоми ду тарафро мефишорам даст,
Ки пай бурданд бар ин нуктаи борик…
Кунун оғози сулҳ асту рифоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!
Замоне ки ин мисраъҳо аз дили шоир бурун меҷастанд, ҳарфи хубе барои васли миллат чун мўмиё барои шикастаустухон созгор буд. Шоир тавассути каломи қудсияш тавонист, ки ин равишро тезонад ва масъулинро ҳушдор аз ояндаи неку чашмони умедворонаи ҳазорон ҳамдиёрон диҳад.
Рўзи аз Москва баргаштани Раиси Ҷумҳур 27 июни соли 1997 фурудгоҳи шаҳри Душанбе симои идонаро барои ҳамешагӣ ба худ гирифта буд. Он рўз фавҷ-фавҷ мардуми шаҳр бо дилу дидаҳои шодоб аз хурсандӣ ва садоқат ба сарвари миллати худ ба истиқболу шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба кўчаҳо баромада буданд. Дўшизагон ба Сар ва пеши қадами ў гул мепошиданд. Аз чеҳраи шукуфон, дидаҳои шараррез ва табассумҳои орифонаи Эмомалӣ Раҳмон нур меборид. Гўё он рўз офтоб дар вусъати осмони миноии шаҳри Душанбе пурнуртар медурахшид. Он рўз мардум аз пешвои худ ну рва сафо ҳадя гирифта буд! Нури зиёбахши сулҳ дар дилу дидаи мардум таҷаллӣ мезад. Ва он лаҳзаҳо ин абёти ҷовидонаи устод Лоиқ вирди забонҳо буд:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад…
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Баъди ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» адибони мо худро муваззаф донистанд, ки ба тарғиби ғояҳои сулҳ ва пойбарҷо мондани Ваҳдати Миллӣ қаламфарсоӣ намоянд. Устод Мўъмин Қаноат, ки яке аз пештозону пирони адабиёти ин давраи миллат буду ҳаст ба даст омадани ин рўзи саидро, тавассути пушти сар гузоштани машаққатҳои зиёду ҷонбозиҳои даҳҳо ҳамдиёронамон қаламдод карда, морову наслҳои ояндаро ҳушдор медиҳад, ки:
Ту Ваҳдат аз дили бекина омўз,
Намуди ростӣ з-оина омўз.
Нигаҳдории оини ҳақиқат
Зи бишкан-бишкани порина омўз…
Раҳи Ваҳдат зи санги хора бигзашт,
Баланду пастро ҳамвора бигзашт.
Ҳазар кун аз раҳи дилҳои сангин,
Ки ҳар кӣ з-он гузашт, овора бигзашт.
Устод Меҳмон Бахтӣ, ки дар шаҳри Теҳрон яке аз ширкаткунандагони охирин музокироти тоҷикон буд, пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ бо сарбаландӣ ва фараҳу шодӣ садо баланд намуда, пирўзии ҳаммиллатонашро дар майдони сулҳ васф кардааст:
Ин, ки мебинӣ, манам як ғолиби майдони сулҳ,
Дар баҳои ҷони худ тоҷики саргардони сулҳ.
Субҳи содиқ медамад аз шонаи сабзи Ватан,
Дар фазои созгорӣ чеҳраи хандони сулҳ…
Роҳи пирўзии мо бо мушкилӣ тай мешавад,
Мебаранд охир ба манзил халқро мардони сулҳ.
Тоҷики зодадил, умедпарварро бубин,
Ҷонситону ҷонфишон бигрифта аз домони сулҳ…
Аҳли қалам дар баробари тасвирҳои рўҳияи Ваҳдат, инчунин мардумро ҳушдор аз гузаштаи талхи таърих медоданд, ки чӣ ҷафоҳое бар сари ин миллати ҷафокаш наовардааст. Пайкараи захмини ин миллат шоҳидӣ аз рўзҳои андўҳбор медиҳанд. Шоира Гулрухсор дар баробари шодбошӣ гуфтани ҳамдиёронаш аз ин рўзи фархунда барои миллат, ишрае чанд ба гузаштаи дуру наздик низ кардааст:
Мо як танему як ҷон, мо як дилему як рўҳ,
Эй ҷисми хастаармон, як рўҳи ҷон муборак!
Аз сад бало гузаштем, аз Карбало гузаштем,
Охир ба худ расидем, бахти гарон муборак!
Шоирон аз рўзҳои гузаштаи таърих аввалан, худ сабақ бардошта ва баъдан, мардумро ба он даъват мекунанд, ки ба якдигар шафқату тараҳҳум кунанд, ба давои захмҳои якдигар бикўшанд, аз дасти ҳам бигиранд, раҳгумро ба роҳи рост ҳидоят кунанд, ғамдидаро тасаллӣ бахшанд, афтодаро мадад кунанд, расми муруввату мадороро пеша намоянд, то дигар дар байни онон барои кину адоват, низоъу нифоқ ҷой намонад, ки ин маънӣ аз абёти зери устод Алӣ Бобоҷон гувоҳӣ медиҳад:
Эй ҳамватанон, роҳи тараҳҳум ҷўед,
Тадбири қазои қавми раҳгум ҷўед.
Хоҳед, ки рўҳи Бўалӣ шод шавад,
Ҳамвора давои дарди мардум ҷўед.
Шоири тоҷик на танҳо аз тараннуми сулҳи ба даст овардаи ҳамдиёронаш мефахраду қаноатмандӣ ҳосил мекунад, балки дар замираш орзуи саросари дунёро фатҳ намудани лашкари сулҳро мепарварад ва ба гўши оламиён мерасонад, ки:
Аз насими боғи ваҳдат медамад бўйи мурод,
Кош мебудӣ саросар даҳр бархурдори сулҳ.
Шоирон омилҳои сарзадани низоъи миллиро ҷуставу баҳри рафъи он ибрози ақида кардаанд. Устод Сайидалӣ маъмур иллати ба гирдоби худкушии миллат ғарқа шуданамонро қабл аз ҳама дар маризии маҳаллу маҳалгароӣ медонад ва Ваҳдатро омили ягонаи наҷотёбии миллат меҳисобад:
…Пас аз чӣ нўш кардан заҳри маҳалгароӣ,
Ҷое, ки ҳаст Ваҳдат позаҳри зиндагонӣ.
Шоир Камол Насрулло дар баробари тараннуми Ваҳдат арҷгузорӣ мекунад ба он фарзандони сарсупурдаи миллат, ки аз баҳри зиндагии хушу босаодати мо ҷони хешро бохтаанд. Ин хусусияти шеъри шоир шаҳодат аз рукнҳои адабиёти ҷавонмардӣ медиҳад. Зеро ба ёд овардану қадрдонӣ намудани хизматҳои шоёни фарзандони ҷасуру сарсупурда, ки ободию озодии ин марзу буми аҷдодиро рисолати таърихии зиндагонии худ донистаанд, худ ҷавонмардист. Шоир бо ифтихор сано мегўяд ба нафарҳое, ки ин рўзи саидро барои миллат фароҳам овардаанд:
…Гирд омад миллате дар гирди ҳам,
Ёди гурдони багурда зинда бод!
Як чароғи роҳи истиқлол гашт,
Зинда бод он ҷонсупорон зинда бод!
Шоир Доро Наҷот ободию пешрафти оламро вобастаи дасти инсон медонад:
Гарчи одам пойбасти олам аст,
Ҳастии олам ба дасти одам аст.
Гарчи дунё маҳзари бунёдҳост,
Буду нобудаш ба раҳни барҳам аст…
Вале рушди бемайлонаи тавлиди силоҳи қатли омму ракету атом, ки баҳри нобудии Инсон равона шудааст, дили ўро ба дард меоварад. Ў таъкидан иброз медорад, ки то даме, ки инсон паи офаридани силоҳ камар мебандад, байни фарзандони одам кинаву кудурат ва номаҳрамӣ боқӣ мемонад:
Пур шуд аз бомбаву мушак замин,
Лек ин сармоядоронро кам аст.
То даме, ки аслиҳа бошад қарин,
Одамӣ бо одамӣ номаҳрам аст.
Ҳайфи он ҷангал, ки аз бабри ракет,
Шераш олуғда, ғизолаш дар рам аст.
Дар ин миён шеърҳое низ ба вуҷуд омаданд, ки мазмунҳои андарзӣ пайдо кардаву хушоҳанг гаштаанд. Масалан, шоир Бобо Ҳоҷӣ ба мо панд медиҳад, ки:
Сўҳбати ёрони ҳамдамро мудом,
Чун нафас бар худ ғанимат бишмаред.
Дил диҳеду дил баред, ошиқ шавед,
Умри худро бо дилбарон бар сар баред.
Ва баъдан афзуда медорад, ки:
Зери чархи иттифоқи дўстӣ
Одамон умре кунед осуда хоб.
Дўстӣ бар насли инсон лозим аст
Чун ҳаво, чун зиндагӣ, чун офтоб.
Ё ин ки тараннуми сулҳ аз забони шоира Озод Аминзода низ моҳияти андарзиро касб кардааст:
Ту, эй сулҳ, амниятбахши ҷаҳонӣ,
Ту зебоии боғи зиндагонӣ.
Зи ту бошад ҷаҳон осуда обод,
Ҳаёти халқи олам хурраму шод.
Шоир Басир расо аз нерўи Ваҳдат илҳоми тоза ёфта, барои пойдории ҷовидонаи он миёни инсонҳо сулҳро пеш ва беш аз ҳама муҳим медонад:
Барои ҳифзи бахти насли инсон,
Барои шодии ҳар тифли даврон.
Зи ҳар манзил нидои сулҳ ояд,
Ки баҳри халқи олам сулҳ бояд!
Шоир Олимхон Исматӣ рўи ниёз ба сўи Худо меоварад ва барои фарзанди инсон раҳму шафқату илму ҳилмро толиб мешавад. Ў хостгории қалбҳои софу мағзҳои пурборро аз Худованд барои ҳамнавъони худ мекунад ва дасти дуо мебардорад, ки:
Дар ҷаҳон аз дасти бешафқат нигаҳ дорад Худо,
Ҷумларо аз пои бетоат нигаҳ дорад Худо!
Ва ҳамзамон ваҳдати миллатро дар тафоҳуми миллию якпорчагии кишвар ва якдигарфаҳмии ҳамдиёронаш медонаду маҳалбозии Моро иллати шикаста шудани миллат. Шоир бо ҷасорат насли авлодро ҳушдор медиҳад, ки:
Зўри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст,
Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад Худо!
Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат мерасад,
Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо!
Шоир Низом Қосим гирдиҳам омадани ҳамватанону ппаи захмҳои хеш шифо ҷўстанамонро пас аз он ҳама ҳаводису воқеоти чашмнодиду гўшношуниде, ки сари миллати ҷафокашу захмхўрдаи мо бо дастони фарзандони худию бегона омада буд, фоли нек шумурда, ин давраро- давраи Эҳё Миллат медонад:
Милро аз чашми миллат карда дур,
Ҳамчу шеъри Рўдакӣ бино шудем…
Мо на хокистар, шудем оташ зи нав,
Чун самандар мо зи худ эҳё шудем.
Ин буд ҳарфе чанд перомуни тараннуми Ваҳдати Миллӣ, ки дар осори шуарои рўз тасвири худро ёфтааст. Бояд таъкид намуд, ки ҳар он чизе, ки дар фавқ мавриди баррасии мо қарор гирифт муште аз хирвори адабиёти муосири мост. Дар фарҷоми ин нигоштаҳо имдод аз шоири дўстдоштаамон Гулназар ҷўста, дуо мекунем, ки:
Сарсабзу гулфишон шуд то навбаҳори Ваҳдат,
Овозаи ҷаҳон шуд номи диёри Ваҳдат.
Озодӣ- аз муҳаббат, ободӣ- аз садоқат,
Авҷу барори мо шуд авҷи барори Ваҳдат.
Саф-саф ба сўйи фардо мардона по гузоранд,
Рашту Хуҷанду Кўлоб, Вахшу Ҳисори Ваҳдат.
Ин хоки бостонӣ шуд арсаи ҷавонӣ,
Аз ифтихори Ваҳдат, аз эътибори Ваҳдат.
То шеъри Рўдакӣ наврўзии дили мо,
Чашми хазон наафтад бар навбаҳори Ваҳдат.
Мирзошоҳрух Асрорӣ
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон