Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:24 – Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ 
  • 16:21 – Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст» 
  • 10:36 – ПЕШРАФТИ МУРҒОБ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНСУБ АСТ 
  • 16:51 – ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ… 

Таҳлилгари афғон: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХУШИВУ ЗЕБОӢ ЭҶОД МЕКУНАД

Рўзноманигори зодаи Афғонистон Шафиъи Айёр дар барномааш роҳбарони Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғаниро бо ҳам қиёс карда, мегўяд, дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон дар кишвараш "хушиву зебоӣ эҷод карда, бо мардуми худ мерақсад", дар Афғонистон дар аҳди Ашраф Ғанӣ қатлу куштору инфиҷору дарёи хун ҷорӣ аст.


Таҳлилгари афғон: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ХУШИВУ ЗЕБОӢ ЭҶОД МЕКУНАД

Як таҳлилгари афғон бо таҳияи барномае бо мақсади муқоисаи ҷойгоҳи Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ тўли қариб 50 дақиқа бо тафсири амалкард ва тарзи раҳбарии онҳо бо аҳсан натиҷа мегирад: "Офарини тоҷикон бо чунин раҳбар!"
Шафиъи Айёр дар ин барномааш зимни қиёси фаъолияти президентони Тоҷикистону Афғонистон, дар тамоми самтҳо амалкардҳои Сарвари тоҷиконро созанда ва ба нафъи кишвару минтақа медонад.
Ин рўзноманигор ҳар ҳафта як барномаи видеоӣ дар масъалаҳои доғи сиёсат, амният, фарҳанг ва ислом дар Афғонистон таҳия карда, дар шабакаҳои YouTube ва Facebook мегузорад. Ў ин бор дар барномаи 480 -уми худ дар ҳафтаи охири моҳи июни соли 2018, ки ҳамакнун дар интернет чарх мезанад, бо муқоиса Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз ҳар ҷиҳат сиёсати раҳбарии Сарвари Тоҷикистонро тавсиф кардааст.
Ў дар оғози барнома аз бинандагони худ даъват мекунад, ки ҳангоми дидани барнома, ҳатто "чой нанўшанд" ва "гап назананд", то маъноҳои нозуки онро дарк кунанд ва фаҳманд, ки чаро Афғонистон ин қадар ба як "кишвари бадбахт" табдил шудааст.
Шафиъи Айёр дар ҳамон аввалҳои барнома навори хурсандӣ ва рақс кардани Эмомалӣ Раҳмон дар минбари ҷашнеро пахш карда, ўро раҳбаре унвон мекунад, ки "хушиву зебоӣ эҷод, фарҳанг кишт карда ва гулҳои рангини оромиву шодӣ аз ў сар зада, бо мардуми худ мерақсад, дар хушии мардум ҳисса мегирад".
Ҷои дигар таҳиягари барнома бо ситоиш аз Сарвари Тоҷикистон навори суханронии Эмомалӣ Раҳмон аз як ҷаласаро пахш мекунад, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварашро барои обод кардан ва сохтани ватани худ даъват мекунад. Рўзноманигор мегўяд, "эҳсоси пок доштани ў дар Тоҷикистон як ҳадафмандиро ба вуҷуд овардааст".
Таҳлилгар ба ин бовар аст, ки "Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ садҳо миллион доллар нагирифта, ҳадди ақал ҷаҳон (имрўз) даъво намекунад, ки дар он кишвар (маблағҳое) харҷ кардааст, дар ҳоле ки Амрико даъво дорад, ки 3 триллиону 500 миллиард доллар дар Афғонистон харҷ карда, аммо сари Тоҷикистон 350 миллион доллар ҳам масраф накардааст".
Айёр зимни шарҳи ин масъала суол мегузорад: "Ғанӣ, ки иддао мешавад, "мағзи мутафаккири дунёст", ба фарқ аз Эмомалӣ Раҳмон як инсони бераҳм аст? Ва оё ба мардуми худ алоқаву эҳсос надорад?" ва худ посух медиҳад: "Комилан дорад. Як фарди хеле меҳрубон ба мардуми Афғонистон аст (ин ҷо навореро мегузорад, ки Ашраф Ғанӣ мегўяд: "Кулли мардуми Афғонистон авлод (фарзанд) - ам аст"). Шафиъи Айёр мегўяд, як падар барои осоишу зиндагӣ ва ободиву сарнавишти фарзандаш фикр мекунад ва Ашраф Ғанӣ бубинед, ки роҷеъ ба фарзандони ватан чи фикр мекунад ( дар ҳамон навор ба пуррагӣ меояд, ки Ғанӣ мегўяд: "Кулли мардуми Афғонистон авлод (фарзанд)-ам аст. Порча - порча мешаванд, хунашон сарак (роҳ) - ҳоро мегирад, ин имтиҳони илоҳист" (ишораи рўзноманигор бар он аст, ки чунин тарзи тафаккур мардумро ба тан додан ба тақдир ҳидоят мекунад).
Ҳамин тавр, ин рўзноманигори маъруфи Афғонистон чунин хулоса мекунад: "Тарзи тафаккури Эмомалӣ ин аст, ки кор кунед, заҳмат кашед, мамлакатро обод кунед, вақте обод кардед, ором мешавед ва ба рақсу шодӣ дармеоед. Оромиш инсонро хуш месозад. Оқои Ашраф Ғанӣ мегўяд, ки тамоми мардум авлоди ман аст, аммо Худованд мову шуморо имтиҳон мекунад бо қатлу куштани мо! Тамоми ҷодаҳоро хуни шумо мегирад, ки ин ҳам имтиҳони илоҳист. Ин тарзи тафаккур ҳамин ҳолатро ба вуҷуд меорад (сипас наворҳои амалиёти пурқурбонии террористӣ, ки дар пойтахту дигар минтақаҳои Афғонистон ба вуқўъ омадаанд, пора - пора ба намоиш гузошта мешавад). Дар идома танзимгар бо ишора ба доду фиғони пайвандони қурбониён, ки бештарашон зан ҳастанд, бо таассуф мегўяд: "Ин ҷо ҳам рақсу мусиқист. Рақси бисмил аст ва мусиқии ғаму ҷаноза..."
Шафиъи Айёр боз як навори дигареро аз суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон меорад, ки дар бораи қонунҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз худнамоӣ, таассубу хурофотпарастӣ, гароиши мардум ба созмонҳои ифротии мазҳабӣ, зуҳуроти бегонапарастию тақлид ва таҳдиду хатар ба оинҳои миллӣ, ҳатто тарзи либоспўшии мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла занон суҳбат кардааст (ин ҷо манзур қонунҳои танзими расму анъанаҳои миллӣ, манъи баъзе аз одатҳои пурхарҷи мардумӣ ва ғайра аст, ки заминаи ҳуқуқии маъракаҳои маъруфи манъи рафтани то 18 - солаҳо ба масоҷид, пўшидани ҳиҷоб, мондани риш ва ғайраро фароҳам кардаанд).
Натиҷагирии рўзноманигор аз суханронӣ ин аст, ки бо тасвибу қабули чунин қонунҳо Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст аз дохил шудани "суннатҳои ифротӣ" ва табдил ёфтани Тоҷикистон ба "маркази корзори идораҳои ҷосусии ҷаҳонӣ" ҷилавгирӣ кунад.
Дар баробари ин, ў як суҳбати Ашраф Ғаниро аз маъракаи интихоботиаш меорад. Дар посух ба саволи хабарнигори радиои "Садои Амрико" - "бо Толибону Ҳикматёр, ки амнияти Афғонистонро аз байн бурдаанд, чӣ тур мусолиҳа мекунед?" Ашраф Ғанӣ мегўяд, "марокизу мадориси онҳоро бояд аз хориҷ ба дохили Афғонистон овард", чунин тарзи андеша бар хилофи бинишҳои Эмомалӣ Раҳмон аст. Вай мегўяд, вақте марказу мадориси созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ба дохили Афғонистон мекўчад, онҳо ба ҷуз омода кардани террористону ифротгароён кори дигаре намекунанд (ў дар идома навори тамринҳои ноболиғон ва наврасон дар урдугоҳҳои созмонҳои террористӣ дар Покистонро пахш мекунад).
Айёр мегўяд, бубинед, ду тарзи диди ду раҳбари давлат ду натиҷаи мухталифро ба вуҷуд меорад, аз ин лиҳоз, дар Тоҷикистон оромишу пешрафту мусиқист ва дар Афғонистон қатлу куштору инфиҷору "дарёи хун ҷорӣ аст".
Дар қисмати дигари барнома Айёр боз ҳам бо истинод ба суханони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манъи маъракаҳои серхарҷ мегўяд, ки ў фикри беҳбуд башшидан ба вазъи оилаҳои нодорро мекунад, то манфиати мардум ва осудагии ҷомеа ба назар гирифта шавад, аммо 5 сол пеш Ашраф Ғанӣ дар посух ба саволи "агар кумаки Амрико дар Афғонистон кам шавад, чӣ мекунед?" гуфта буд, ки "пеши Чин, Ҳинд, Туркия, Иморот, хосатан ходими ҳарамайн (раҳбари Саудӣ) меравем. Рўзноманигор мегўяд, манзараҳои хунини қатлу куштори мардуми бечораи Афғонистон натиҷаи ҳамон бинишҳои Ғанӣ аст.
Ин рўзноманигор Ғаниро дастнишондаи шабакаҳои ҷосусии хориҷӣ мехонад ва мегўяд, вақте дар мамлакати худ гапе барои гуфтан, фикре барои кардан надорад, аз сўи ҳамин шабакаҳо ба кишварҳои Осиёи Миёна равон мешавад, то онҳоро ҳам бозӣ ёд бидиҳад, ки биёед, ба домани Инглис, биёед ба домани НАТО, ки бароятон пайса меояд. Вай навореро аз суханронии Ғанӣ ҳангоми сафараш ба Туркманистон пахш карда, мегўяд: "Бо корҳои зишташ ватани моро ба як ҷаҳаннам табдил карда, шумо бубинед, дар кишвари Туркманистон дар як толори муфашу (бо нақшу нигор), ки ҳама бо коло (сару либос) - ҳои бисёр зебо нишастаанд, баръакси Афғонистон, ки ҳама бо пероҳан тунбони олудаву гандидаи бўйнок мешинанд ва инҳо ҳар гапи Ғанӣ - раисҷумҳури Афғонистонро навишта мекунанд. Ин ҳам як тарзи тафаккур аст, ки дар Афғонистон ҳукумат мекунад".
Айёр мегўяд, Эмомалӣ Раҳмон кишварашро аз таъсири марказҳои ҷосусии ҷаҳонӣ пок карда, шароити зисту зиндагии мардумро фароҳам сохт. Вай як навори суханони Ғаниро, ки гуфтааст, "Агар одам девона набошад, ин корҳои калонро карда наметавонад", мисол оварда, чунин натиҷа мегирад: "Афғонистон маркази ҷосусии 50 кишвари дунё шуда, бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддири дунё ва кишвари бузургтарин қочоқбарон аст. На фақат худ амният надорем, балки амнияти Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Эрон, Чин, Ҳинд ва тамоми кишварҳои ҷаҳон, ба шумули Русияро мо дар хатар андохтаем. Кадом корҳои калон? Ин одам фикр мекунад, ман бисёр корҳои калон кардам" ва ҷое ҳам мегўяд: "Ҳувияти миллии мо хиёнат, тарёк, ватанфурўшӣ, интиҳорӣ (будан), қатл ва куштор шудааст".
Дар интиҳо Шафиъи Айёр чунин натиҷагирӣ кардааст: "Ҳамватани азиз, аммо мо тамоми ин кредит (бартарӣ) - ро барои Эмомалӣ Раҳмон намедиҳем, ба мардуми Тоҷикистон медиҳем. Мо минҳайси як мардум маломат (зада, гунаҳкор) ҳастем, ки дасти гадоӣ ба 50 мамлакати берун дароз кардаем. То замоне, ки истод нашавем (аз ин одат даст накашем) ва ин мамлакатро озод накунем, вазъи мо ана ҳамин мебошад. Мо як миллати гадо ҳастем, як ҳукумати золим ва нўкар дорем. Мардуми Тоҷикистон дасти худро дар синаи худ гирифтанд, дасти худро дар сари қалби худ гирифтанд ва ба гадоӣ дароз накарданд. Мардуми Афғонистон дастонашон ина ҳамин тур аст ( ба пеш дароз мекунад), "ҳо парто, о Амрико, о Инглис, о Ҳиндустон, о Покистон". Гадоӣ! Аз барои Худо пайса бидиҳед! Мардуми Тоҷикистон инро намекунад. Мардуми Тоҷикистон яке дигарро намекушад. Мардуми Тоҷикистон аз хоинони худ ҳимоят намекунад. Мо минҳайси мардум ҳам маломат (зада) ҳастем".
Дар бораи худи Шафиъи Айёр ин чиз маълум аст, ки ў як фаъоли сиёсиву ҷамъиятӣ, рўзноманигор ва адибфи тоҷики Афғонистон аст, ки замони таҳсил дар Донишгоҳи Кобул барои ташкили иттиҳоди сиёсии донишҷўён (солҳои 80 -уми асри гузашта) зиндонӣ шуда, пас аз озодӣ ба Ғарб муҳоҷират карда, ҳоло дар шаҳри Лос - Анҷелеси Амрико зиндагӣ мекунад. Муаллифи панҷ китоб - "Ҳамосаи имон", "Панҷолҳои хунин", "Наврўзатон беҳрўз", "Афғонистон: ҷиҳод ва сулҳ" ва "Мағзҳову дилҳои афғонӣ" аст. Он чӣ ўро имрўзҳо ба авҷи шуҳрат расонидааст, "Барномаи Шафиъи Айёр" дар Youtube - у Facebook ва ҳам як барномаи зиндааш дар телевизиони " Ориёно - интернешнал" аст.
Таҳия ва пахши барномае аз сўи ў дар бораи нақши Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки худи шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат чун як чеҳраи таърихии эътирофшуда дар миёни тоҷикони Афғонистон буда, мардуми ин кишвари ҳамсоя ба хотири хизматаш дар амри овардани сулҳ ба Тоҷикистон эҳтиромаш мекунанд. Таҳияи ин барномаи тавсифӣ аз сўи як рўзноманигори огоҳ, ки фарсахҳо дур аз Афғонистону Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунад, ҳамзамон бо ҷашни рўзи Ваҳдати миллӣ буд. Замоне, ки мухолифони ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи 21 - мин солгарди ин рўйдоди таърихӣ бори дигар бозори таблиғоти худро гарм карда, аз гузашта ва имрўзи босуботу ороми кишварамон танҳо рангҳои сиёҳро дида, хуб нолидан доранд.
Солеҳ ЮСУФОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  1. Люди кому интересно нашла отличный торрент плеер Kino-Torrent версия PRO
    Все фильмы, сериалы и мультфильмы в одной программе - просмотр и скачивание. Бесплатно и без рекламы.
    Быстрый поиск по всему рунету. Обновления фильмов точно в день выхода в кинотеатрах.
    Сегодня добавленно: "Мег: Монстр глубины" "Днюха!" "Mamma Mia! 2"
    Скачать Kino-Torrent версии стандарт можно с офф сайта: KinoTorrentSetup
    Скачать Kino-Torrent версии PRO (Nulled) можно здесь: KinoTorrentPro
    Ответить
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин