Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, Пешвои сазовори миллати тоҷик

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, Пешвои сазовори миллати тоҷикБаъд аз таназуллёбии давлати Сомониён танҳо дар даврони шӯравӣ озодии нисбӣ ба даст омад, аммо озодӣ ва истиқлолияти ҳақиқӣ танҳо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ ва 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлол эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон насибамон гашт.

Ҳамагон хеле хуб воқифанд, ки солҳои аввали истиқлолият бо фаъолияти ифротгароиёни дохиливу дахолати неруҳои иртиҷоии хориҷӣ меҳани азизи моро ҷанги бемаънии бародаркуш фаро гирифта, оғуштаи хуни бегуноҳон сохт. Қариб буд, ки ба касофати ин бадгуҳарон миллати тоҷик аз байн мерафт, яъне ба Тоҷикистони навбунёди мо хавфи азбайнравӣ таҳдид мекард.

Маҳз дар чунин айёми фоҷиабор, ки аксарият барои халосии ҷони хеш аз майдони сиёсӣ рафтан мехостанд, фарзанди сарсупурдаи Ватан, далеру шуҷо, оқилу доно Эмомалӣ Раҳмон синаи худро ба тири нохалафон сипар карда, устуворона ба арсаи сиёсат қадам ниҳод ва Тоҷикистони азизу миллати номдори тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ дод.

Чун дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, 19 ноябри соли 1992 бо боварии том Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Шӯрои Олии ҶТ интихоб карданд, роҳбари ҷавони чиҳилсола бо дарки масъулияти баланд, бо камоли шуҷоату ҷавонмардӣ ва боварии комил ба ояндаи неки тоҷикон савганд ёд карда буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин, ҷон нисор мекунам…».

Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати тоҷикон аст ва ин таърихи кӯтоҳ гувоҳи он гашт, ки дар ҳақиқат ин марди ростқавл аз иҷрои ваъдаи хеш сарбаландона баромад, маҳбуби дилҳо ва пешвои миллати мо гардид.

Мардуми зиёди гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватани бобоиямон баргардонд, манзилу корхоанҳои сохтаву харобгаштаро обод сохт. Мардум бо талошу ҷонбозиҳои ин роҳбари оқил рӯзҳои гуруснагию хунрезиҳоро паси сар карданд. Заминҳо шодобу корам, дар ҳама шаҳру навоҳӣ ва деҳаҳо имрӯз хиёбону гулгаштҳо, боғҳо, иншоотҳои фарҳангиву фароғатӣ, биноҳои замонавию баладошёна, мактабҳо, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, беморхонаҳо, масҷиту зиёратгоҳҳо, корхонаҳою фабрикаву заводҳо, қомат афрохтаанд ва боз ҳам ин корҳои созандагиву бунёдкориҳои Ҷаноби Олӣ идома ёфта истодааст. Ҳазорҳо киллометир шоҳроҳҳо ва нақбҳои бузург бунёд гардидаанд. Неругоҳҳои барқиву обии хурду бузург сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин ҳама аз хизматҳои ин Марди бузургирода, дурандеш ва дастовардҳои истиқлолият ба шумор меравад.

Аз ҳама дастоварди бузургтарини Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки санаи 27-уми июни соли 1997 амалӣ гардида буд ва имрӯзҳо ин иқдоми бузурги Ӯ дар ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам, барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон бисёр хизматҳои шоиста кардааст ва борҳо ба гирифтани ҷоизаҳои олии кишвару кишварҳои ҷаҳон ва байналмиллалӣ мушарраф гардидааст. Масалан, яке аз онҳо соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат ҷоизаи олӣ – медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федиратсияи байналмиллалии сулҳ ва ризоияти ИДМ мебошад, ки аввалин маротиба Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои ИДМ барои гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Хуллас, Эмомалӣ Раҳмон на танҳои пешвои миллати мо балки «Пешвои асри XXI» эътироф шудааст, ки мо аз ин ифтихор мекунем.

©Раиси кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Шурообод, Гоибов Насимчон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин