Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Роҳнамои зиндагии солим

Роҳнамои зиндагии солим
Даҳ нуктаи роҳнамо барои таъмини зиндагии солим, ки аз сӯи пизишкон, муттахассисон ва равоншиносон таҳия шудааст, дар сурати риоя шудан дар рӯзгори ҳар яке аз мо судманд хоҳанд буд. Бо пайравӣ аз ин даҳ тавсия метавонем асосҳои зиндагии ширинро фароҳам кунем ва лаззати онро бештар бинем.

1. Ҳалли муаммо, кроссвордҳо ва монанди ин бозиҳои зеҳнӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иҷрои мисолҳои ҳисоб дар зеҳн ба мақсади тақвияти хотира ва коршоям нигоҳ доштани мағзи сар. Аз ин тариқ қувват додан ба дил, системаи гардиши хун ва ҷисм.

2. Кор як унсури муҳим дар шеваи зиндагии солим аст. Ёфтани кори муносиб барои худ, ки ба дил форад, ба ҷону тан ҳам хурсандӣ ва ҳаловат мебахшад. Ба гуфтаи донишмандон, кори хубу муносиб барои ҷавон мондани кас мусоидат мекунад.

3. Аз ҳад зиёд нахӯрдан. Ба ҷои он ки ба таври муқаррарӣ 2500 калория ғизо хурем, маслиҳат ин аст, ки дар ҳадди 1500 калория маҳсулотро истеъмол кунем. Чунин мизони хӯриш мусоидат ба он мекунад, ки фаъолияти ҳуҷайраҳоро хуб нигоҳ дорем, барои озод шудани онҳо аз моддаҳои нодаркор шароит фароҳам биёварем. Аммо тавсия ин аст, ки дар ин кор ҳам ба ифрот роҳ надиҳем ва хеле кам ҳам хӯрок нахӯрем, меъёри маъмулии ғизохӯриро риоя кунем.

4. Номгӯи хӯрокҳое, ки истеъмол мекунем, ба синну соламон бояд мувофиқ бошад. Ҷигар ва чормағз ба занҳои аз 30 - сола боло барои пешгирии ожангҳо мадад мерасонад. Селен ( унсури химиявӣ, ки одатан аз партовҳои кислотаи сулфат ҳам таҳия мешавад), дар таркиби гурда ва панир мавҷуд аст, ба мардони аз 40 -сола боло бештар фоида дорад. Истеъмоли он аз афзоиши стресс ё зуд асабонӣ шудан пешгирӣ мекунад. Пас аз 50 - солагӣ ба бадан магний лозим аст, ки ҳолати дилро муътадил нигоҳ медорад.

5. Дар ин давраи умр барои устухонҳо калсий лозим аст, хӯрдани моҳӣ барои ин синну сол хеле муфид буда, дил ва рагҳои хунгардро аз афсурдагии пеш аз муҳлатро ҳифз мекунад.

6. Ба ҳар рӯйдоде, ки дар зиндагӣ ва атрофамон мегузарад беҳтар аст, ки фикри худро дошта бошем. Зиндагии огоҳона депрессия ва рӯҳафтодагии аз ҳад зиёдро пешгирӣ менамояд.

7. Ҷавониро дар ҷисму рӯҳи кас муҳаббат ва меҳрубонӣ ва нармтабиат будан ҳам нигоҳ медорад. Ҳамсари хуб барои пурлаззат гузаштани умр беҳтарин василаю восита буда, барои пурмаъно гузаштани зиндагӣ мадад мерасонад. Тақвияти системаи иммунӣ барои ҳимояти гормони хушбахтӣ (эндорфин), ёрӣ медиҳад. Вақте шахс ошиқ аст, ин гормон дар бадан истеҳсол шудан мегирад.

8. Дар хонаи сард (дар ҳарорати 17-18 дараҷа), хобидан беҳтар аст, ҳавои сайрон барои солим нигоҳ доштани бадан ёрӣ медиҳад. Далел он аст, ки ҳарорати муҳити зист ва хоб ба ҳолати табодули моддаҳо ва ҳазми хӯрок дар бадан вобаста ба синну сол таъсир мерасонад.

9. Аксар вақт пиёда ҳаракат кунем, фоидаи бештар мебинем. Олимон исбот кардаанд, ки ҳатто ҳашт дақиқа бозии варзишӣ ё кори ҷисмонӣ дар рӯз умри инсонро дароз мекунад.
Сарфи назар аз тавсияҳо баъзан берун аз маҳдудиятҳо амал кунем ҳам фоида дорад. Гоҳ-гоҳ ба худ иҷоза диҳем, ки хӯроки бомазаи духтур бароямон манъкардаро ҳам хӯрем, аз фоида холӣ нест.

10. Ғазабро на ҳамеша дар худ фурӯ нишонем, балки баъзан гапи диламонро баланд ба дигарон бигӯем. Бемориҳои гуногун, ҳатто омосҳои бемориҳои шадид бештар домани онҳоеро медоранд, ки ҳамеша худро танқид мекунанд, гапи дилашонро дар бораи он, ки аз чизҳое дилгир ҳастанд, ба касе намегӯянд, аз баҳс дурӣ меҷӯянд.
Таҳияи С. Абдулазиз
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин