Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Саломатии шумо орзуи ҳамешагии мост

Саломатии шумо орзуи ҳамешагии мост
Озмоишгоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ солҳои зиёдест, ки барои таҳлилу ташхис ва пешгирии саломатии муроҷиаткунандагон ва кулли мардум хизмат мерасонад. Зимнан, кору фаъолияти он дар асоси қонунгузории ҷорӣ, фармону дастурҳои ҳукумати ҶТ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маъмурияти беморхонаи марказии ноҳия ба роҳ монда шудааст ва муассисаи мазкур дар соҳаи тандурустии ноҳия мақоми арзанда дорад.

Дар Озмоишгоҳ ду нафар духтури таҳлилгар бо маълумоти олӣ ва 5 нафар таҳлилгар бо маълумоти махсуси миёнаи тиббӣ кору фаъолият мекунанд. Озмоишгоҳ тӯли чанд соли охир бо таҷҳизоти ташхисии замонавӣ таъмин карда шудааст, ки он ба ташхиси бемориҳои гуногун аз қабили гирифторони бемории қанд, гурда, сил,бемории ҷигар, буғумдард ва таҳлилҳои гуногуни пешоб, ташхиси умумии хун, бактериоскала, балғам, таҳлилҳои биохимиявии хун, таҳлили хун барои бемории вараҷа ва ғайра машғул мебошад.

Бузургтарин табиби олам Абуалӣ Ибни Сино дар китобҳояш қайд кардааст, ки ҳамаи бемориҳо табобатшавандаанд. Дар ҳолате, ки сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд. Мутаассифона, аксарияти дардмандон нисбати бемориҳои худ беаҳмият буда, ниҳоят дер (дар бисёр ҳолатҳо аз ҳад гузаштан) ба духтур муроҷиат мекунанд, ки ин барои худи онҳо ва ҳам пайвандононашон хавфнок аст. Онҳо ҳатто ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд ва баъдан ба духтур муроҷиат мекунанд.

Мехостем дар инҷо дар хусуси бемории қанд тафсилоти бештареро ба алоқамандон манзур намоем. Бояд гуфт, ки фақат ташхиси хун метавонад сатҳи онро ба пуррагӣ маълум намояд. Аломатҳои асосии ин беморӣ асосан ташнагӣ, нӯшидани оби зиёд, пешобронии бисёру зуд-зуд, эҳсоси гуруснагӣ, сустии мушакҳо, харобшавӣ, сирояти оҷили дигар касалиҳо, тамоюл бо фрункулёз аз ҷумлаи аломатҳои диабети қанд мебошанд, ки дар чунин ҳолатҳо бояд шумо бе таъхир дар бораи ташхиси беморӣ ва табобаташ биандешед.

Сабабҳои ин бемори тамоюли авлодӣ, фарбеҳӣ, ҳолатҳои ташаннуҷи руҳӣ, камҳаракатӣ, атеросклероз, бемории фишорбаландӣ, диспипедемия, бемориҳои музмини ҷигар ва гурда мебошад. Ба ин беморӣ баробари калонсолон инчунин наврасон, ҳатто ҷавондухтарони ҳомиладор низ гирифтор мешаванд. Табобати комили ҳар як бемор қабл аз ҳама марбути ташхис аст, зеро то касалӣ аниқ муайян нашавад, табобаташ судбахш нест. Баръакс, ин амал зиёновар аст. Чунки агар дард дигар бошаду бемор доруи дигарро истеъмол кунад, оқибати он ногувор аст.

Яке аз роҳҳои аниқ муайян намудани дард ин муроҷиат намудан ба лаборатория ё ин ки Озмоишгоҳ мебошад. Духтур албатта, табобатро тибқи ташхиси кормандони Озмоишгоҳ ба роҳ мемонад. Аз ин рӯ, кормандони Озмоишгоҳ дар ин маврид хеле масъулиятноканд. Онҳо бо диқати том беморро дида, кӯшиш менамоянд, ки ба саҳве роҳ надиҳанд, зеро ки ин нобахшиданист. Онҳо Онҳо бо тамоми ҷузъиёт хунро ташхис менамоянд. Масалан, меъёри қанд дар организми бемор бояд 6 ммол-л бошад. Агар ин меъёр аз 6 ммол-л гузарад, бемор бояд ҳатман ба духтури эндокринолог муроҷиат намояд. Ё худ гирем дар ташхиси ҷигар меъёри билирубими умумӣ бояд 21,2 бошад. Агар ин меъёр зиёд шавад, одам аллакай ба бемории зардпарвин ё худ вируси гепатити зардча мубтало мегардад.

Бинобар ин мо ҳамчун мутахассис ба гирифторони бемориҳои фавқ муроҷиат карда гуфтанием, ки нисбати саломатии худ, оила, фарзандон ва наздикони худ бетарафию беэътиборӣ накарда, ба Озмоишгоҳи мо ташриф биёред. Махсусан муҳоҷирони корӣ бояд пеш аз рафтан ва баъди омадан аз санҷиш гузаранд, ба манфиати онҳо хоҳад буд. Умуман ҳар кас бояд ба хотири саломатии худ ба табиб ё духтури оилавӣ муроҷиат карда, аз ташхис гузарад. Хуллас, мутахасисону таҳлилгарони тиб ва кулли кормандони Озмоишгоҳ ҳамеша дар хизмати мардум қарор доранд.

Саломатии шумо, бардамӣ, хурсандӣ ва хандаву табассуми модарону фарзандон орзуи ҳамешагии мо табибон аст.

Гуландом КАРИМОВА, духтури таҳлилгар, мудири Озмоишгоҳи БМН-и ноҳияи Рӯдакӣ.
Ҳанифа РАҲИМОВА, мутахассиси таҳлилгари Озмоишгоҳ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин