Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Қалби зан ва даҳ амре барои он

Қалби зан ва даҳ амре барои он
Пора гаштани қалби зан, ифодаи натанҳо ифодаи рамзӣ, балки дорои воқеияти тиббӣ аст, андеша доранд, мутахассисони тибби муосир. Вақеан муҳаққиқони дилшинос бо доир намудани садҳо таҳқиқоти қалбшиносӣ ба хулосае омаданд, дарди дили занон аз маризии қалби мардон фарқиятҳои хосе дорад. Шояд шумо бовар намекунед, зеро итминон доред, ки дил дар бадани инсон чун ҳама узвҳои дигар бо ҷинсашон фарқ намекунад. Вале даҳ тан аз духтурони Россия, ки ҳамагӣ олимони машҳури соҳа ҳастанд, тайи як барномаи муфассали телевизионӣ ин андешаи мову шуморо ботил кардаанд. Онҳо бар ин назаранд, ки бе иҷрои ин даҳ амр ё тавсияе барои занон метавонад ҳоли дили онҳо табоҳ бигардад. Мутахассисон собит намуданд, ки инфаркт миокардае, ки боиси марги ҳазорон мард мегардад, дар вуҷуди занон ба тариқаи дигар намудор мешавад, ки аксар аз чашми одамон ва ҳатто аз дарки бархе табибон ҳам дур мемонад. Дар асл бошад, аз дарди дил фавтидани занон нисбати мардҳо бештар буда, аксаран дард дар қафас қафаси сина, даст, манаҳ ва тариқи сардард, сарчархак, аракрезӣ ва ҳатто хастагии сахти ногаҳонӣ мушоҳида мегардад. Инак, даҳ амри муҳиме, ки ҳар як зан ё наздикони ӯ барои нашикастани қалбаш бояд бидонанд ва ҳатман риоя созанд.

Амри якум: Истеъмоли фаврии аспирин ва даъвати ҳатмии духтурон ба назди бемор!
Табибон дар ҳамаи ин ҳолатҳои дарди сахти дил ба занон фавран нӯшидани аспирин ва даъват кардани мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро тавсия медиҳанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ дар сари фармони мошин нишастани шахси бемор, бо мошини хешу табор ё каси дигар то бемористон рафтан ё даъват накардани духтуронро дар ин ҳолат қабул набояд кард. Зеро ба бемор дар ин ҳол ёрии фаврии тиббӣ зарур аст, ки онро табибон аллакай дар мошинаи «Ёрии таъҷилӣ» бояд оғоз кунанд. Аспирин хунро тунук мекунад, ки он барои гардиши дурусти он мусоидат месозад

Амри дуюм: Санҷиши капиллярҳои (рагҳои хурдтарин, раги мӯякӣ) дил!
Тиб муқаррар кардааст, ки осебёбии рагҳои қалби занон аз мардон то андозае фарқ дорад. Зеро, агар дар бемории инфаркт рагҳои калони хунгузари мардон осеб ёбанд ва он тавассути кардиограмма ё дигар асбобҳои тиббӣ мушоҳида шавад, занон бештар аз оесебпазириии капиллярҳо, яъне рагчаҳои борики дил мефавтанд, ки бемории онҳоро танҳо бо дастгоҳҳои эхотомография ва стетография муқаррар кардан имконпазир мешавад. Бо ёрии духтурон аз ҳолати капиллярҳои дилатон огоҳ бошед

Амри сеюм: Мониторинги шабонарӯзии фишор!
Махсусияти фишори занҳоро табибони ҳозиқ хуб медонанд. Зеро занҳо баъди фаро расидани давраи қатъи ҳайз (менопауза) дар ҷисми худ тағийротҳои зиёдеро мушоҳида месозанд, ки то ин давра онҳоро надоштанд. Аз ин рӯ санҷиш ва муқаррар кардани гиппертензияи артериали дар ташхиси занон дар ин синну сол хеле муҳим аст. Фишорбаландиро дар ин синн чизҳои оддие ҳам чун истеъмоли аз меъёр зиёди намак , камтарин асабоният ва ғайраҳо ба вуҷуд оварда метавонанд. Аз ин рӯ ҳолати фишори хунатонро таҳти назорат бигиред.

Амри чорум: Намакро аз хурок берун кунед!
Хеле муҳим аст, занон аз истеъмоли намак ва чизҳои шӯр аз қабили консерваҳо, панир ва маҳсулоти дигари сернамак даст кашанд, то ки худро аз зарари фишорбаландӣ эмин намоянд . Маъмулан занон дар синну соли қатъи ҳайзбинӣ бештар намакдӯстдор мегарданд, ҳатто баъзеяшон вобастаи он мешаванд. Намак бошад ташнагиро ба вуҷуд меорад, ки оқибати истеъмоли зиёди об ба варами танаи рагҳои дил мусоидат карда сабаби вайроншавии гардиши хун дар онҳо мегардад. Ҳамин тариқ, намак рагҳои хунгарди дилро аз кор бароварда боиси марги инсон мегардад. Аз баски фишорбаландӣ бемории бенишона (безсимптомная) маҳсуб мегардад, муайян крдани он душвор аст. Аз ин рӯ бо як бору ду бор чен кардани фишор онро дақиқ гуфтан тавсия намешавад. Беҳтар аст, ки табибон чун дар дигар давлатҳо ба дасти бемор фишорсанҷакро барои якшабонарӯз насб кунанд, то асбоби сабти дигар, ки он ҳам ба бадани бемор дар ин давра насб аст, сари ҳар лаҳза чи қадар будани фишорро чен карда нависад. То ки натиҷаи дақиқ ба даст биёяд. Яъне динамикаи фишор муайян бигардад.

Амри панҷум: Дар бораи «шикастан»-и дил фаромӯш накунед!
Пора шудани қалб, шикастани дил, дилшиканӣ, дуто шудани дил ва дигар вожаву ибораҳоро мо борҳо шунидаем ва аксарн онро ба адабиёт нисбат медиҳем, на ба тиб, ки начандон дуруст аст. Баъд аз синни панҷоҳсолагӣ дар ҳолати стресс пора гаштани рагчаҳои дил аз нигоҳи тиб як чизи муқаррарист, ки натиҷаи он ба кашиши қалб таъсир гузошта кори онро вайрон мекунад. Ана барои ҳамин синдроми «қалби шикаста», ки ба инфаркт миокарда шабеҳ аст, дар тиб ҷой дорад. Маъмулан занон аксаран бо аз даст додани наздикони худ, гуё дили худро шикаста эҳсос мекунанд, вале мутаассифона ба духтур муроҷиат намекунанд, табобат намегиранд. Дар ин ҳол, дар аксари беморон диққи нафас ё вайрону тез-тез шудани нафаскашӣ (одышка) мушоҳида мегардад, ки натиҷаи он хеле хавфнок аст. Сабр накарда, дар ҳоли эҳсоси «шикастан»-и қалб ҳатман ба бемористон хобида табобат гирифтан зарур аст.

Амри шашум: Бо хурроккашӣ чун бо беморӣ мубориза баред!
Хурроккашӣ бемориест, ки он ҳам ба қавле дили занро «мекушад». Чӣ иртибот аст миёни хуррок кашидан ва дил? Зимни шабона хуррок кашидан қалб чандин бор аз таппидан бозмемонад. Ҳатто дар як шаб ин ҳолат метавонад то 400 маротиба такрор ёбад. Дар ин ҳолат ба дил кислород намерасад. 35 фоизи занони хурроккаш нисбати онҳое, ки хуррок намекашанд, бештар гирифтори бемории инсулт мегарданд. Ба ин бемории ҷиддӣ хеле бояд бо қатъият муносибат кард. Полисоленография кардан, яъне дар вақти хоб тавассути дастгоҳ санҷидани ҳолати аз хурроккашӣ аз таппиш мондани дил шарти муайян кардани ин беморӣ ва оқибатҳои он аст, ки барои занон тавсия мегарадад.

Амри ҳафтум: На камтар аз 6 соат бихобед!
Кори хуби дил аз чи қадар ва чӣ тавр хоб кардни мо сахт вобастагӣ дорад. Инсон, агар аз 6 соат камтар бихобад бемор мешавад. Чаро хоб ин қадар муҳим аст? Зеро дар вақти хоб натанҳо майнаи одам дам мегирад, балки дил ва мушакҳо низ оромиш ёфта қуввати аз даст рафтаашонро барқарор месозанд. Дар ҳини хоб, вақте ки торикӣ фаро мерасад ва дар майнаи одам ҳормони милатинин пайдо мегарад, чашм пӯшида мешавад ва дар ҳолати хоб ҷисм фароғат мекунад. Албатта на ҳама хоб имкон медиҳад, ки ҷисми мо хуб дам бигирад, барои ин тавсия мешавад, ки тарзи дуруст хобидан риоя бигардад. Дар як шабонарӯз на камтар аз 6 соат ё аз он бештар хобидан зарур аст.

Амри ҳаштум: Хароб шавед, ақаллан 5 кило!
Таъсири фарбеҳӣ ё вазни бадан ба қалб хеле муҳим аст, ки он бояд ҳатман назорат карда шавад. Мушкили фарбеҳӣ танҳо мутааллиқи зебоӣ нест, балки проблемаи ҷиддии саломатӣ аст. Тасаввур кунед, ки ҳамон равғани дар паҳлӯ ва миёну шикаматон буда дар дилатон низ ба ҳамин сурат аст, пас оё қалб бо чунин миқдои равған дуруст кор карда метавонад? Албатта не! Равғани дар мушакҳои дил ҷамъшуда ба ташаккули атеросклероз, баландшавии қанд, норасоии қалбӣ, зиёдшавии холестерин, фишобаландӣ ва ғайраҳо мерасонад, ки дар натиҷа дилро аз кор мебарорад. Аз и н рӯ бонувони фарбеҳ бояд барои хароб шудан чораҳо бубинанд, ҳар килограми партофташуда чанд соли умри шуморо дароз мекунад.

Амри нуҳум: Баҳудаву беҳуда бихандед, то саломат бошед!
Ханда ками кам то 30 дақиқа дар як рӯз доруи беҳамтоест барои саломатӣ. Одамони хандонрӯ камтар фишорбаланд мешаванд. Онҳое, ки намеханданд то 21% хавфи инсулт шуданро бештар доранд. Ба хотир биёред, ки дар кӯдакӣ ё ҷавони чӣ қадар баҳудву беҳуда механдидед ва дилатон чи қадар хуб кор мекард. Дар вақти ханда дар қалбатон оксид ва азот ҷудо мешавад, ки барои кори дил зарурат доранд. Пас, ақаллан бо як амали хеле оддиву ройгон, яъне ханда, дили худро аз дард раҳоӣ бибахшед.

Амри даҳум: Аз муносибат бо ҳамсар кайфият бардоред!
Албатта амри даҳум аз рӯи қоидаҳои ахлоқии мо тавсияи расонаӣ набояд бошад. Ҳатто табибонамон ҳам шарм медоранд, ки ба беморон, хоса ба занон чуниин тавсияҳоро бидиҳанд. Вале тиб ҷойи айбу шарм не, балки воситаи табобат гирифтан аст. Дар тамоми ҷаҳон дар бораи муносибатҳои ҷисмонӣ озод ҳарф мезананд, хоса табибон. Вале бо сабаби мамнӯъ будани ин мавзӯъ дар ахлоқи шаръӣ ва шарқии мо аксаран масъалаҳои ҳаётӣ ва саломатии мардуми мо бе тавзеҳу тавсия мемонанд, ки дар натиҷа одамони зиёде зарар мебинанд. Вале ногузир аст бигӯем, ки кайфият бардоштан аз алоқаи ҷинсӣ натанҳо яке аз шартҳои муҳими мустаҳкамии оила, балки шарти зарурии саломатӣ ҳам ҳаст. Секс дар ҳаёти зан ва таъсири он ба қалби онҳо аз масъалаҳои муҳими тиббӣ ҳама давру замон аст. Зеро интерфин ном моддае, ки дар ин ҳолат пайдо мешавад ва онро ҳормони хурсандӣ ҳам меноманд, ба дили инсон таъсири қавии мусбӣ дорад. Занон худашон бояд дар бораи бардошти ҳаловат (оргазм) на камтар аз мардон ғамхорӣ намоянд. Зеро дар як ҳафта як бор гирифтани он саломатии занон ва хоса ҳолати қалби онҳоро хеле хуб мекунад. Тибқи таҳқиқотҳои олимони амрикоӣ хатари гирифтани инфаркт ва инсулт барои одамоне, ки аз амали шаҳвонӣ лаззат мебардоранд ба 50% камтар мегардад.

Ҳамин тариқ, аз «пора шудан»-и қалби занон ба ҳар ду маъно – рамзӣ ва аслӣ ҳам эҳтиёт бошед, зеро он воқеият дорад! Дили худро эҳтиёт намоед, зеро он дар вуҷудатон муҳимтарин узвест, ки тоза нигоҳ доштани он бо ҳарду маънояш барои зинда мондан ва дарозумриятон мусоидат хоҳад кард.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин