Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Футбол бозии миллионҳо

Футбол бозии миллионҳоФутбол бозии дӯстдоштаи миллионҳо сокини сайёра ба ҳисоб рафта, маънии луғавии он «тӯби чармин» аст.

«Тӯби чармин» таърихи садсолаҳо дорад. Сокинони гӯшаҳои мухталифи сайёра тӯби чарминро манбаи дилхушӣ медонистанд. Бозӣ бо туби чармин ба футболи имрӯза шабеҳ буд. Дар Мисру Чин, Юнону Рум, Фаронсаву Италия ва Британияи кабир бо тӯб мусобиқаҳои мухталиф гузаронида мешуданд. Гумон меравад, ки асосгузори асосии футболи имрӯза «гарпастум»-и румӣ аст. Ин навъи мусобиқаи ҳарбӣ дар империяи Рум маъмул буд. Шарти асосии мусобиқа он буд, ки мебоист тӯб ду қатори ба ҳам муқобилро рахна мекард. Тақрибан дар асри панҷ ин машқи ҳарбӣ баробари заволи империяи муқтадири Рум барҳам хӯрд. Вале он аз хотири халқ зудуда нашуда, тӯли солҳои зиёд шуғли дӯстдоштаи мардуми оддӣ гардид. Ҳатто Леонардо де Винчӣ, ки бо дамдуздву ҷиддӣ буданаш машҳур аст, ба ин намуди бозӣ таваҷҷӯҳи хос дошт.

Дар асри ҳабдаҳ гуруҳи ҷинояткорони бо фармони шоҳи Англия Карли якум ба қатл маҳкум шуда, аз зиндон гурехта, ба Италия меоянд. Дар Италия гурезагон ин бозиро омӯхта, баробари ба сари тахт нишастани Карли дуюм ба ватан бармегарданд. Зимни бозгашт гурезагон «шуғли дӯстдошта»-и худ бозӣ бо тубро ба ҳамватанони худ тӯҳфа меоваранд. Он соло ин бозӣ чунон ба сокинони Англия писанд омад, ки дар тамоми кӯчаву пасткӯча мусобиқаҳои пурҷӯшу хурушӣ тӯбзанӣ гузаронида мешуданд. Ҳарбу зарби варзишгарон дар аксари ҳолат ба зӯроварию муштзанӣ мубаддал мешуд. Новобаста ба он, ки Шоҳ барои мамнӯъ эълон доштани ин варзиш чандин бор фармон интишор намуд, касеву чизе пеши роҳи вусъати минбаъдаи онро гирифта натавонист. Маҳз дар Англия ин намуди бозӣ ФУТБОЛ номида шуд.

Соли 1863 нахустин маротиба дар Англия Ассотсиатсияи футбол таъсис ёфта, қоидаҳои ҳатмии бозӣ қабул гардид, ки минбаъд ин қоидаҳои ҷорӣ гардида, барои сокинони дигари сайёра низ роиҷ гашт. Аз сездаҳ қоидаи асосии бозӣ дар се ҳолат бозӣ бо даст қатъиян мамнӯъ дониста мешуд. Танҳо соли 1871 ба дарвозабон иҷозат дода мешавад, ки бо дасташ бозӣ кунад. Соли 1875 ҷои арғамчинро дар дарвозаи баландиаш 2, 44 метра чӯб иваз намуд. Соли 1890 сокини Ливерпул Броди барои дарвозаи футбол тӯр бофт. Довар дар майдон бори аввал солҳои 1880 - 81 пайдо шуд. Соли 1891 бошад, ба довари асосӣ ду нафари дигар аз ду ҷониби майдон ёрӣ медодагӣ шуданд. Соли 1873 мусобиқаҳои футбол характери байналмилалӣ гирифт. Ҳарчанд дар бозии нахустини дастаҳои мунтахаби Англия ва Шотландия ба ягон нафар бозингар рахна кардани дарвозаи ҳариф муяссар нашуда бошад ҳам, минбаъд кишварҳои ҷазираҳои Британияи Кабир (Англия, Шотландия, Уэлс ва Ирландия) миёни худ мусобиқаҳои расмии байналмилалиро доир намуданд. Ин намуд мусобиқа то имрӯз гузаронида мешавад.

Охири асри нуздаҳ дар Аврупо ва Амрикои лотинӣ футбол маъруф шуд. Соли 1904 бо ташаббуси Белгия, Дания, Нидерландия Ассотсиатсияи байналмилалии федератсия футбол (ФИФА) таъсис дода шуд.

Аз соли 1954 дар радифи ФИФА Асоссиатсияи футболи иттиҳоди Аврупо (УЕФА) амал менамояд. Аз соли 1930 то имрӯз дар чор сол як маротиба чемпионати ҷаҳон оид ба футбол гузаронида мешавад. Рафти мусобиқаҳои байналмилалӣ дар солҳои охири садаи бист ва ибтидои садаи нав собит менамоянд, ки бозии футбол қариб дар тамоми гӯшаву канори дунё рушд меёбад. Қариб соле нест, то дар ин ё он қитъаи сайёра мусобиқаи бонуфузе гузаронида нашавад. Бо вуҷуди ин сатҳи ин намуди варзиш дар Аврупо ва Амрикои лотинӣ баландтар мебошад. Оғоз аз соли 1958 дар Аврупо чемпионати қитъа гузаронида шуда, сатҳи баргузории он хеле пуршиддат ҷараён мегирад.

Дар мусобиқоти олимпӣ бошад, футбол танҳо аз соли 1900 роҳ ёфт. Агар дар олимпиадаи соли 1896 мусобиқаи футбол чун бозии берун аз ҷадвали олимпиада гузаронида шуда бошад, соли 1900 дар олимпиадаи Париж ҳамагӣ се даста: Белгия, Британия Кабир ва Франсия иштирок доштанд. Минбаъд футбол чун варзиши миллионҳо дар бозиҳои олимпӣ низ роиҷ гардида, тимҳои мунтахаби ҳамаи қитъаҳои олам барои ба даст овардани медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Ҳарчанд бозиҳои олимпӣ аз рӯи ҳама намуди бозиҳои варзишӣ тезу тунд мегузаранд, дар футбол чемпионати ҷаҳон асоситарин мусобиқаи ин намуди варзиш дониста мешавад.

Мавриди ёдоварист, ки ин намуди варзиш дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дошта, солҳои салтанати Шӯравӣ дастаҳои футболи тоҷик дар лигаҳои олӣ якум ва дуввуми чемптонатьи СССР муваффақона баромад мекарданд. Тими «Помир» ки ҳисоби варзишгарони маҳаллӣ сафи худро пур мекард, дар радифи тимҳои машҳури онрӯза Спартак, Торпедо, ССКА Динамои Маскаву Киев бо бозии хуби худ шуҳратёр буд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ футбол дар Тоҷикистон нерӯи тоза гирифт. Эълон шудани соли 2014 –соли футбол дар Тоҷикистон ба рушди он дар қаламрави мамлакат мусоидат намуд. Имрӯз номи тими «Истиқлол» миёни дастаҳои қораи Осиё шӯҳрат дошта, дар радифи «Истиқлол» тимҳои дигари шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дарёфти мавқеи муносиб ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.
©Маъруфи Бобораҷаб
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин