Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Дилшод Назаров ба Лаҳистон намеравад

Дилшод Назаров ба Лаҳистон намеравад
Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тоҷик дар сабқати гурзпартоӣ дар Лаҳистон иштирок карда наметавонад.

Рашид Сафаров, муовини раиси Федератсияи варзиши сабук дар суҳбат ба TojNews гуфт, бо сабаби муҳлати бисёр кам Дилшод наметавонад дар сабқати гурзпартоӣ дар Лаҳистон иштирок кунад.

-Ин мусобиқа бояд 30-юми август баргузор мешуд, аммо муҳлати онро ба 28-уми август гузарониданд. Барои ин гуна мусобиқаҳо бояд ҳадди ақал 3-4 рӯз пешакӣ рафта, омода шудан лозим аст. Агар Дилшод ба онҷо равад маҷбур аст якбора ба майдон барояд. Яъне мо фурсати зарурӣ барои рафтан ба Лаҳистон ва омода шудан ба мусобиқаро дигар дар ихтиёр надорем ва бо ин сабаб Дилшод наметавонад дар ин мусобиқа иштирок намояд,-мегӯяд Рашид Сафаров.

Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро шоми дирӯз 26-уми август вориди Душанбе шуд. Дилшод Назаров, шоми 26-уми август соати 18:00 вориди Душанбе шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Рустами Эмомалӣ, Аҳтам Абдуллозода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Маҳмадсаид Пирзода ва дигар шахсон пешвоз гирифтанд. Ба пешвози Дилшод ба Фурудгоҳ ҳазорон нафар баромада буданд. Инчунин Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров ордени Шараф дараҷаи 1 ва 300 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорид.

Дилшод Назаров дар мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19-уми август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин