Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Ҷалилов дар Душанбе Бангладешро голборон кард

Ҷалилов дар Душанбе Бангладешро голборон кард
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври ҳафтуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 яккачини Бангладешро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод.

Бозии охири байналмилалии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар соли 2015 бо Бангладеш бегоҳи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар ҳавои боронӣ сурат гирифт. Чор голи яккачини Тоҷикистонро дар дақиқаҳо 16-25-59-73-юми бозӣ, Манучеҳр Ҷалилов ҳамлагари тими “Истиқлол” ба ҳадаф расонид.

Як голи дигари мунтахби кишварро Аҳтам Назаров тариқи ёздаҳметра дар дақиқаи 51-ум вориди дарвозаи Бангладеш сохт. Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар панҷ бозии қаблияш дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ҳамагӣ 2 хол ба даст оварда буд ва бо ғалаба бар тими Бангладеш соҳиби 3 холи дигар шуд.

Ҳамин тариқ яккачини Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” миёни ҳамдастаҳояш бо панҷ имтиёз дар мақоми 4 аст. Урдун бо 13 имтиёз дар сархати гуруҳ, Австралия бо 12 имтиёз дар ҷойи дувум Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи сеюм, Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум ва Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи 5-ум қарор доранд.
©ozodagon.com

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин