Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Мард бинии ҳамсарашро бурид

Мард бинии ҳамсарашро буридҲодисаи буридани бинии ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар вилояти Форёби Афғонистон шаби 17 январ боз як далели афзоиши хушунати хонаводагӣ дар ин ҷумҳурии ҳамсоя аст. Айни ҳол ин зан дар беморхонаи шаҳри Маймана - маркази вилояти Форёб бистарӣ шудааст.

Бино ба иттилои масъулини шифохонаи Маймана наздикони ин зан, ки Резагул ном дорад, вақти ба беморхона омадан, қисмате аз бинии буридашударо бо худ овардаанд.

Тавре хабар дода мешавад, Резагул дар давоми шаш соли оиладориаш борҳо аз ҷониби шавҳараш мавриди лату кӯб қарор гирифта, ҳатто шавҳараш ӯро ба марг таҳдид кардааст.

Деҳае, ки ин воқеа рух додааст, таҳти назорати Толибон қарор дошта, шавҳари Резагул пас аз ин ҳодиса фирор кардааст.

Табибони гуфтаанд, ки онҳо имкони ҷарроҳии бинии ин хонумро надоранд ва танҳо метавонанд роҳи ҷорӣ шудани хунро банданд.

Қаблан низ як мард дар Афғонистон бинии зани худро бурида буд ва сарбозони НАТО ин хонумро барои табобат ба Амрико бурданд.
©А. Ҷӯра
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин