Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Таҳдидҳои амниятӣ модари Фархундаро ба Душанбе овард

Таҳдидҳои амниятӣ модари Фархундаро ба Душанбе овардБибиҳоҷира Маликзода, модари Фархунда, як духтари афғон, ки моҳи марти соли равон аз ҷониби тӯдаи мардҳо дар Кобул ба таври ваҳшиёна ба қатл расид, мегӯяд, ки ба думболи ин ҳодиса як фармондеҳи амниятии Кобул ба ӯ гуфт, ки духтарашро аз ақл бегона эълон кунад ва аз шаҳр берун биравад, зеро касе амнияти ӯ ва оилаашро замонат намедиҳад. Маликзода ҳоло бо хонаводааш ба Тоҷикистон омадаас вале мегӯяд, ки сарнавишти духтари ӯ ва даҳҳо зани дигар бояд дар ҳама қиршрҳои Афғонистон баҳсу баррасӣ шавад.


Фирор ба Кописо ва Тоҷикистон.
Куштори даҳшатбори Фархундаи 27-сола дар Афғонистон ва берун аз он вокуниши зиёд ба бор овард. Созмонҳои шаҳрвандӣ бо тақозои муҷозоти масъулони ҳамла ба Фархунда раҳпаймоиҳо ташкил карданд. Моҳи март издиҳоми мардҳо дар Кобул Фархундаро бо иттиҳомоти дурӯғ, ки гӯиё китоби Қуръонро оташ задааст, бераҳмона латукӯб карда кушта ва сипас ҷасадашро оташ задаанд.

Мақомоти Афғонистон дар маҷмуъ 49 нафарро бо шумули афсарони нерӯҳои амниятӣ ва полиси ин кишвар ба ҷавобгарӣ кашиданд. Аз ин байн додгоҳ 4 нафарро ба марг маҳкум кард ва 18 нафар бинобар собит нашудани ҷурмашон аз толори додгоҳ раҳо шуданд. Гурӯҳи боқимонда ба муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуд.
Аммо модари Фархунда бар ин бовар аст, ки таҳқиқу муҷозоти омилини ин ҷиноят такмил нашудааст.


Садо дар бораи беадолатӣ дар нисбати занон
Ба ақидаи хонум Маликзода куштори бераҳмонаи духтараш як намунаи рӯшани поймолшавии ҳуқуқи занон аст, ки бояд дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи афғон мавриди баҳсу баррасӣ бошад. Ба гуфтаи ӯ баъди ин ҳодиса дар гӯшаҳои мухталифи Афғонистон камаш 35 зан аз дасти мардон кушта шуданд.

Дар поёни моҳи октябр дар Интернет як навори дудақиқаӣ нашр шуд, ки дар он як гурӯҳи мардон духтареро сангсор мекунанд ва гурӯҳе дигар ин саҳнаро бо телефонҳои мобил навор мегиранд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, кормандони полис гумонбареро дар даст доштан дар сангсори Рухшона дар вилояти Ғур боздошт карданд.
Гуфта мешавад, ки Рухшона ва дилдодааш Муҳаммад Гул хонаводаҳои худро тарк намуда, мехостанд, ки бо ҳам издивоҷ кунанд. Муҳаммад Гули 23-соларо дар маҳзари ом ҳалқовез карданд.

Волидайн ва хоҳарони Рухшона ба хотири амнияташон аз Фирозкӯҳ ба як мавзеи амн интиқол ёфтаанд.
Саҳнаи шаллоқзании Аҳмад ва Зармина, ки рӯзи 30 август дар вилояти Ғӯр иттифоқ афтодааст, нахуст дар телевизиони давлатии Афғонистон ва баъдан дар расонаҳои дигар ҳам намоиш дода шуд
©ozodi.org
рейтинг: 
Оставить комментарий
Я учусь в Санкт-Петербурге для инженерной специальности в техническом ВУЗе на очном отделении. И думаю ни чтобы кого не суть, который список бакалавриата — это технично сокращенная и сжатая программа специалитета, а-ля пятилетку ради четыре года. В результате чего ждать во всем ориентироваться и всё исполнять становится крайне сложно. По этой причине я и решил обещать курсовую работу по теоретической механике на этом сайте. Работа, была выполнена в оговоренные сроки. Оставалось чуть пролистать и подготовиться к защите. В итоге учитель поставил хорошо и даже похвалил.
Заказывал курсовую по этой ссылке курсовой работы на тему финансовый менеджмент
Ответить
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин