Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Ифтитоҳи маркази омӯзишии адрас ва атласбофӣ

Ифтитоҳи маркази омӯзишии адрас ва атласбофӣ
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон маркази омӯзишии адрасу атласбофӣ ифтитоҳ гардид. Дар ифтитоҳи ин марказ муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Қосимова С., мудири шуъбаи маънавиёти дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонттеппа Тоҷиев Ҷ., мудири бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Орипова М. ва дигар масъулин ширкат доштанд.

Нахуст муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Қосимова С. ба сухан баромада қайд намуд, ки ин ҳама ташаббускориҳо аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Боиси хурсандист, ки занону духтарон дар ин маркази омӯзишӣ ҳунари адрасу атласбофиро аз худ карда метавонанд. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ бо мақсади ҷалби занону духтарон ба касбомӯзии ройгон ва ба ин васила дастгирӣ намудани онҳо дар оғоз ва рушди соҳибкории занон, аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ташкил ва ба роҳ монда шуд. Минбаъд занону духтарон дар ин марказ аз назокатҳои дӯзандагӣ таълим гирифта, имкон пайдо мекунанд, ки соҳибкории худро оғоз намоянд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин