Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Тантанаи Рӯзи парчами миллӣ дар “Боғи Ирам”

Тантанаи Рӯзи парчами миллӣ дар “Боғи Ирам”
Ҷавонон созандагону бунёдкорони ояндаи кишвар мебошанд. Диққати махсуси давлату Ҳукумат ба ҷавонон бештар буда, баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва ҷалби онҳо ба варзиш ва корҳои муфиду самарабахш, бештар гардонидани ҳисси ватандӯстии онҳо пеш аз ҳама аз ташкил намудани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангӣ заминаи воқеӣ мегирад. Бо ин мақсад, имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Боғи “Ирам”-и пойтахт сайругашти идона ва чорабинии фарҳангию варзишӣ баргузор гардид, ки дар он Маркази таълими “Чароғи ҳидоят”-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доштанд.

Як гӯшаи Боғи “Ирам”-ро устодону шогирдони Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” бо эҷоди дастони худ оро доданд, ки тамошояш дилкаш буд. Ҷашни Парчами миллиро ҷавонон бо фараҳу шодӣ пешвоз мегирифтанд, ки он башорат аз ободӣ ва сулҳу суботи кишварро нишон медод. Меҳмонони даъватшуда ба гӯшаҳои омодашуда назар карда, фараҳу шодӣ мебардоштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо боз ҳам завқи эстетикӣ ва худшиносии ҷавононро бештар намуда, ба баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллю ватандории онҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
©kumitaizanon.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин