Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Пешгирии ВНМО муҳокима гардид

Рӯзи 12-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва иттиҳодияи ҷамъиятии «Гули сурх» дар шаҳри Кӯлоб дар мавзуи «Пешгирии бемориҳои вируси норасои масъунияти одам» семинар-машварат баргузор карда шуд.

Дар семинари мазкур намояндагони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, ҷамоатҳои деҳот ва занони фаъоли кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, роҳу василаи пешгирии паҳншавии бемории ВНМО, профилактикаю табобати он ва оқибатҳои нохуши ин бемориро ба ташакулли насли солим баррасӣ намуданд.
©kumitaizanon.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин