Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон : «Ниҳоли дӯстиро аҳли зиё босамар мегардонад»

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон : «Ниҳоли дӯстиро аҳли зиё босамар мегардонад»

«Ниҳоли дӯстиро зиёиён босамар мегардонанд»,- мегӯяд Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
«Икдоми неку наҷиберо, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв дар самти барқарор намудани муносибатҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстиву рафоқат байни ду кишвари дӯсту бародар роҳандозӣ намуданд, онро аҳли илму адаби ҳар ду давлат хуш истиқбол намуда, бо тариқи худ тарғиб мекунанд. Ниҳоли дӯстиро бо барпо намудани мулоқоту вохӯриҳо, суҳбат, тавсеаи ҳамкории илмию фарҳангӣ об медиҳанд ва боровар мегардонанд, ки ин хеле муҳим аст», -илова намуд Нависандаи халқии Тоҷикистон.
Ба андешаи адиби тоҷик, агар муносибатҳо дар оғӯши дӯстиву бародарӣ, самимият, меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёбад, он мустаҳкаму абадӣ мегардад ва ҳамсоя ба рӯи ҳамсоя бо чашми нек менигарад.
Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои фарҳангию адабии мардумони тоҷику ӯзбек аз қадимулайём сарчашма гирифааст ва дар шароити муосир он ҳамчун дипломатияи мардумӣ дар таҳкими робитаҳои гуногунсоҳа, хусусан илмию фарҳангии мардумони ҳар ду давлат нақши муассир мегузорад.
Бо дахли робитаҳои илмию фарҳангӣ ва адабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зикр кард, ки сафари ҳайати бонуфузи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аввали моҳи август ҷараён гирифт, дар тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангии ду давлат нақши густурда дошта, зимни он байни муассисаҳои илмии кишварҳо санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки бозгӯи дурнамои неки робитаҳои илмию адабии Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.
Оё аҳли адаби тоҷик бо адибони Ӯзбекистон ҳамкорӣ доранд? Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад гуфт, ки робитаҳои дӯстӣ ва эҷодӣ байни зиёиён, бахусус шоирону нависандагони тоҷику ӯзбек, ки аз қаъри асрҳо, аз замони шоирон ва мутафаккирони бузурги адабиёти классикии тоҷику ӯзбек Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ибтидо гирифтааст, дар шароити имрӯза рушд меёбад.

Инчунин бисёре аз шахсиятҳои барҷастаи илму адаби кишвари ҳамсоя дастпарварони марказҳои бузурги илмию адабии Самарқанду Бухоро, Ҳирот, Мазори Шариф ва дигар ҳавзаҳои фарҳангии тоҷикнишини минтақа мебошанд, ин воқеияти ҳол аст. Бо барқарор ва тавсеа ёфтани робитаҳои гуногунсоҳа байни ду давлати ҳамсоя, бахусус ҳамкории илмию фарҳангӣ, чанде пеш маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» як шумораашро ба адабиёти муосири ӯзбек бахшид.
Дар ин шумораи маҷалла ҳикоя, қисса, шеър, умуман осори адибони ӯзбек, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, нашр гардид. Инчунин маҷаллаи адабию бадеӣ ва иҷтимоию публитсистии Ӯзбекистон «Jahon adabiyoti» /Адабиёти ҷаҳон/ дар шумораи чорумаш зиёда аз 70 саҳифа намунаҳои назму насри шоирону нависандагони тоҷикро мунташир намуд, ки дар он ду ҳикояи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад низ чоп гардидааст. Ҳамзамон маҷмӯаҳои дастаҷамъона, ки фарогири осори адибони муосири тоҷику ӯзбек аст, дар ҳар ду давлат тарҷума ва нашр шудаанд. «Зимни сафар ба Ӯзбекистон, ки бо ҳайати намояндагони аҳли зиёи тоҷик сурат гирифт, ман бо раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид, нависандаи маъруфи ӯзбек Эркин Аъзам мулоқот кардам ва ҳатто хонандагони асарҳои худро дидам, ки номи ҳикояҳоямро мегирифтанд», -афзуд Абдулҳамид Самад.
Дар ин сафар дар муассисаҳои илмию фарҳангии Ӯзбекистон байни зиёиёни ду давлат вохӯрию мулоқоти самарабахш доир гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории илмию фарҳангӣ ва адабии мардумони тоҷику ӯзбек баррасӣ шуданд.
Назар ба андешаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, робитаҳои илмию адабии ду кишвари ҳамҷавор дар партави иқдомҳои наҷибона дар самти таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ва фарҳангпарваронаи сарварони ду давлати дӯсту бародар -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев густариш ёфта, аз дурнамои дурахшони робита ва ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати ҳамҷавор дар шароити муосир пайки нек мебошад.
Мавриди зикр аст, ки намояндагони илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз марказҳои илмию фарҳангӣ ва ёдгориҳои бостонию таърихии шаҳрҳои қадимаи Ӯзбекистон назири Тошканд ва Самарқанд- маҷмааи «Ҳазрати Имом», «Қасри ҳамоишҳо», Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Телевизиони миллии Ӯзбекистон, Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, маҷмааи «Ҳазрати Хизр», Майдони «Регистон» ва Хона-музейи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айниро боздид намуда, ҳамзамон дар пояи муҷассамаи шоирони адабиёти классикии тоҷику ӯзбек-Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гулчанбар гузоштанд. Ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон аз оғоз то анҷоми сафар муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ҳамроҳӣ намуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Тошканд-Самарқанд

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин