Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

Қарори анҷумани чорум таҳти №1 аз 25 декабри соли 2013

Дар бораи фаъолияти Шӯрои Марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013

Анҷумани чоруми Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қайд менамояд, ки ба майдон омадани Ҳаракат ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият баҳри истиқрори сулҳ ва таҳкими муттаҳидии миллат амри зарурӣ ва воқеӣ мебошад.

Шӯрои Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баҳри иҷрои фармону супоришҳои Президенти кишварамон, раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ҳоло 7478 ташкилоти ибтидоии Ҳаракат амал мекунанд, ки дар сафҳои худ бештар ва як млн. сесаду ҳабдаҳ ҳазору дусаду ҳафтоду чор нафар (1 317 274) аъзоро муттаҳид менамоянд ва онҳо баҳри пойдории ваҳдату дӯстӣ ва густариши ҷомеъаи шаҳрвандӣ саҳм мегузоранд.

Таззакур ба ёдоварист, ки нишондоди шумораи аъзоёни Ҳаракати ваҳдати миллӣ аз аввали таъсисёбиаш дар соли 1997, панҷ ҳазор (5000) нафар, соли 2004 – як млн.чор ҳазору панҷсаду ҳафтоду як (1 004 571) нафар, 6084 ташкилоти ибтидоӣ, соли 2007 – як млн.дусаду бисту шаш ҳазору дусаду шасту шаш (1 226 266) нафар аъзо ва 6893 ташкилоти ибтидоиро ташкил медод.

Дар муддати 16-сол ин иттиҳоди ихтиёрӣ ва мардумӣ тавонист дар саросари ҷумҳурӣ ҷонибдорони зиёдеро пайдо намояд. Фаъолияти худро дар зинаҳои наздиктарин бо аҳолӣ ҷоннок кунад, то ин ки ҳадаф, мақсаду мароми ин Ҳаракат сармашқи фаъолияти ҳар фарди худогоҳ, оила, муассиса ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.

Дар баробари ин дар фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нуқсонҳои ҷузъӣ ба назар мерасанд, аз ҷумла ҳамоҳангсозии фаъолияти бахши шаҳриву ноҳиявии Ҳаракат беҳбудӣ металабад, обуна ба нашрияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамасола дар сатҳи зарурӣ қарор намегардад, заминаҳои молиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳу дастгирии бештари роҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ниёз дорад.

Анҷуман чоруми Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо назардошти пешниҳод ва андешаҳои ҳангоми музокира баёнгардида, қарор менамояд:
1. Фаъолияти Шӯрои Марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар давраҳои ҳисоботӣ 2007-2013 қаноатбахш ҳисобида шавад.
2. Ба Шӯрои Марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон супорида шавад, ки минбаъд ҳам фаъолияти худро аз рӯйи Оиннома ва Барномаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба роҳ монда, ба беҳтар намудани кор дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолият муваффақ шавад. Омӯзиши самараноки осори Сарвари кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, назария ва амалияи давлатдории имрӯзаро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад.
3. Ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки фаъолияти худро ҳамчун иттиҳодияи ихтиёрӣ баҳри таҳкими муттаҳидии миллат, мустаҳкамии ваҳдат ва дӯстии халқҳо пайваста равона созанд.
4. Шӯрои Марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолияти хешро дар робита бо созмонҳои мухталифи дохилию байналмилалӣ ба роҳ монда, дар раванди муътадилгардонии вазъи иҷтимоию сиёсӣ, муттаҳид гардонидани халқи Тоҷикистон, таъмини ягонагии марзи ҷумҳурӣ бо истифода аз ташаббусҳои насли солори ҷомеа, собиқадори соҳаҳои давлатдорӣ илм, фарҳанг чораҳои муассир андешад.
5. Ба Шӯрои Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон супорида шавад, ки мазмуну мундариҷаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ба аҳолӣ фаҳмонда, аҳамияти тақдирсозу таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайваста тарғиб намоянд, ҳамаи сохторҳои Ҳаракати вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар кори омодагӣ ба 20-солагии таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ, ва дигар тадбирҳои сиёсию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ фаъолона ширкат варзанд.
6.Ташкилотҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолияти хешро бо раванди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамқадаму ҳамнафас намуда, бар зидди падидаҳои номатлуби рӯзгор, ҳамчун коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон мубориза бурда, ба мутобиқшавии аҳолӣ ба иқтисоди бозорӣ, танзими ҷашну маърака ва расму оинҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва масъулияти падару модар нисбати тарбияи фарзандон мусоидат кунанд, барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, таҳкими худшшиносӣ ва эҳсосои ватандӯстии насли наврас, дар маҷмӯъ демократикунонии ҳаёти ҷомеъа фаъолона ширкат варзанд.
7. Фаъолони Шӯрои Марказӣ, аъзои Шӯрои куҳансолон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, профессорону академикони Академияи илмҳо, ба вохӯриву мулоқотҳо ҷалб карда, аз таҷрибаи ғании онҳо самаранок истифода карда шавад.

Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин