Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

Оинномаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1.Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (минбаъд – Ҳаракат) иттиҳоди ихтиёрии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият мебошад, ки дар Ҷуҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, Оиннома ва Барномаи Ҳаракатро эътироф менамоянд.
1.2.Ҳар иштирокчии он мустақилона мутобиқи Оиннома ва Барномаи Ҳаракат амал мекунад.
1.3.Ҳаракат дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи таъсисӣ, Оиннома, умумияти манфиатҳо ва фикру ақидаи иштирокчиён амал мекунад.
1.4.Принсипҳои Ҳаракат ихтиёрӣ, баробарии иштирокчиёни он, худидоракунӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ ва дастҷамъӣ мебошад.
1.5.Ҳаракат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳову иттиҳодияҳои байналмилаливу хориҷӣ, дигар бунёду ҳаракатҳо ҳамкорӣ карда метавонад.
1.6.Маҳалли ҷойгиршавӣ ва суроғаи ҳуқуқии Ҳаракат: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107.


II. ҲАДАФҲОИ ҲАРАКАТ

2.1.Ҳадафи асосии Ҳаракат муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва неруҳои Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризоияти шаҳрвандӣ, аз буҳрон раҳо додани ҷомеа, таҳкими якпорчагии давлат ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкиму ривоҷи демократия, комёб шудан ба риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад.
2.2.Ҳаракат ҷонибдори рафъи ҳар гуна шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ, таъмини кафолатҳои баробари сиёсию иҷтимоӣ барои миллату халқиятҳои сокини кишвар мутобиқи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофшуда мебошад.
2.3.Ҳаракат ҷонибдори татбиқи мунтазами ислоҳоти иқтисодӣ бо мақсади фароҳамоварии шароит баҳри рушди иқтисодиёти бозории дорои аҳамияти иҷтимоӣ мебошад.
2.4. Ҳаракат Эъломияи Ҳуқуқи Башар (СММ, соли 1948) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷонибдорӣ менамояд.


III. ВАЗИФАҲОИ ҲАРАКАТ

3.1.Вазифаҳои Ҳаракат иборатанд аз:
- дастгирии фаъолонаи фаъолияти иштирокчиёни худ дар мавриди ноил шудани онҳо ба мақсаду вазифаҳои оинномавиашон, ки хилофи манфиатҳои Ҳаракат нестанд;
- ташаккули афкори ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷиҳати дастгирии ғояву ҳадафҳои Ҳаракат;
- мусоидат дар мавриди татбиқи қарорҳои Ҳукумат, ки ҷавобгӯи мақсад ва вазифаҳои Харакат мебошад;
- иштирок дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз тариқи аъзои дастҷамъӣ ва инфиродӣ;
- намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии аъзои Ҳаракат дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият;
- татбиқи чорабиниҳо ва иқдомҳои гуногун, ки ба боварӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни миллату халқиятҳо, минтақаҳо ва халқҳои сокини Тоҷикистон равона гардидаанд;
- тарғибу ташвиқи мақсаду вазифаҳо, асноди барномавӣ ва фаъолияти худ аз тариқи воситаҳои ахбори умум;
- таъсиси воситаҳои ахбори умум ва ба амал баровардани фаъолияти табъу нашр мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун;
- иҷрои вазифаҳои дигаре, ки хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.


IV. ИШТИРОКЧӢ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ОН

4.1.Иштирокчии Ҳаракат шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
4.2. Иштирок дар Ҳаракат ихтиёрӣ буда, ба Ҳаракат шомил гардидани хоҳишмандон дар асоси аризаи хаттии хоҳишмандон дар ҷаласаи Шӯрои марказии Ҳаракат ё Шӯрои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сурат мегирад.
4.3. Барои риоя накардани Оиннома ё Барномаи Ҳаракат иштирокчӣ аз ҳайати он хориҷ карда мешавад.
4.4. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчии Ҳаракат тибқи Оиннома муайян карда мешавад.
4.5. Иштирокчии Ҳаракат ҳуқуқ дорад:
- мақомоти роҳбарикунандаи Ҳаракатро интихоб намояд ва худ интихоб гардад;
- оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳаракат шомиланд, таклифҳо, консепсияҳо ва асноди барномавӣ пешниҳод кунад;
- дар бораи фаъолияти Шӯрои Марказии Ҳаракат, Шӯрои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ гузориш талаб намояд.
4.6.Иштирокчии Ҳаракат вазифадор аст:
- Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя ва ҳифз намояд;
- барои тарғиби сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватан мусоидат намояд;
- қарорҳои мақомоти Ҳаракатро ба иҷро расонад;
- ғамхорӣ Ватани худ бошад, дӯстии халқҳоро мустаҳкам намояд, баҳри рушду нумуъ ва обрӯю нуфузи Ҳаракат дар ҷамъият ғамхорӣ кунад.


V.СОХТОР ВА МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ҲАРАКАТ

5.1. Ҳаракат шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоиро дар маҳаллаҳо ва шаҳраку деҳот таъсис медиҳад. Роҳбарии фаъолияти шӯрои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дар асоси ҷамъиятӣ сурат мегирад.
5.2. Ташкилоти ибтидоии Ҳаракат дар ҳайати на камтар аз 5 нафар таъсис дода мешавад.
5.3. Мақоми Олии Ҳаракат Анҷуман буда, на камтар аз як маротиба дар панҷ сол аз тарафи Раиси Ҳаракат, се моҳ қабл аз Анҷуман даъват карда мешавад. Дар ноҳия, шаҳр, вилоят конференсия мақоми олӣ буда, на камтар аз як маротиба дар ду солу шаш моҳ аз тарафи Раиси Шӯрои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ даъват карда мешавад. Мақоми олии ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси умумӣ буда, на камтар аз як маротиба дар як сол аз тарафи роҳбари он даъват карда мешавад.
Рӯзнома ва меъёри вакилони Анҷуманро Раиси Ҳаракат ва шӯроҳои дахлдор муайян менамоянд.
5.4. Анҷумани Ҳаракат:
- Оиннома ва Барномаи Ҳаракатро таҳия ва тасдиқ мекунад, ва ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид менамояд;
- шумораи ҳайати Шӯрои Марказии Ҳаракат, Кумитаи иҷроияи он, Шӯрои куҳансолон ва Комиссияи назоратиро муайян ва барои муҳлати даъват интихоб намуда, ҳисоботи онҳоро мешунавад;
- раиси Ҳаракатро интихоб ва озод менамояд, ки ӯ ҳамзамон Раиси Шӯрои Марказии Ҳаракат мебошад.
- бо пешниҳоди Раиси Ҳаракат муовини аввал ва муовинони ӯ, Раиси Кумитаи иҷроия, Раиси Шӯрои куҳансолон ва Раиси Комиссияи назоратиро интихоб менамояд.

5.5. Қарорҳои Анҷуман бо аксарияти овози вакилони ҳузурдошта қабул карда мешаванд.
5.6. Шӯрои Марказии Ҳаракат мақоми машваратӣ ва ҳамоҳангсоз буда, аз намояндагони тамоми иштирокчиёни ба Ҳаракат шомилшуда иборат аст.
5.7.Ҷаласаи Шӯрои Марказии Ҳаракат дар мавриди зарурат аз тарафи Раиси Шӯрои Марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон даъват карда мешавад.
Ҷаласаи Шӯрои Марказии Ҳаракат дар сурате ваколатдор ҳисобида мешавад,ки дар кори он аз се ду ҳиссаи аъзоёнаш иштирок намоянд.
Шӯрои Марказии Ҳаракат:
- масъалаи ба ҳайси иштирокчии Ҳаракат шомил намуданро баррасӣ мекунад;
- асноди меъёриро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- гурӯҳҳои таҳқиқотию таҳлилӣ ва кумитаҳо таъсис медиҳад;
-оид ба масъалаҳои доираи салоҳияти худ ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия ва манзур менамояд;
- муассисаҳои табъу нашр ва дигар корхонаҳои тобеи Ҳаракатро таъсис медиҳад ва роҳбарони онро таъин мекунад;
- бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он ҳамкорӣ менамояд;
- тартиби кори Шӯрои Марказии Ҳаракатро муайян мекунад;
- масъалаҳои фаъолияти ҷории Ҳаракатро ҳаллу фасл менамояд.

5.8. Кумитаи иҷроияи Ҳаракат:
- ҳамоҳангсозии кори иштирокчиёни Ҳаракатро дар давраи байни Анҷуманҳо таъмин менамояд;
- татбиқи қарорҳои Анҷуманро таъмин мекунад;
- ташкили фаъолияти муассисаҳо ва корхонаҳои Ҳаракатро назорат менамояд;
- маҷлисҳои Шӯрои Марказии Ҳаракатро омода месозад;
- ба кори Кумитаи иҷроия Раиси Кумитаи иҷроия ва дар вақти набудани ӯ муовинаш роҳбарӣ мекунад.

5.9.Раиси Кумитаи иҷроия:
- аз номи Ҳаракат ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба роҳ мемонад;
- бо супориши Раиси Ҳаракат шартномаҳо мебандад, тибқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи салоҳияти худ боваринома медиҳад;
- дар доираи буҷети тасдиқшуда маблағҳоро ихтиёрдорӣ мекунад;
- кормандони хизматрасон ва техникиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд.


VI.ВАЗЪИ ҲУҚУҚӢ, АМВОЛ ВА МАБЛАҒИ ҲАРАКАТ

6.1. Ҳаракат аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифтан шахси ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, дорои муҳр ва штампу бланкаҳои дахлдор мебошад, инчунин дар бонкҳои Тоҷикистон суратҳисоб дошта метавонад.
6.2.Маблағи Ҳаракат аз ҳисоби манбаъҳое, ки қонун манъ накардааст, ташаккул меёбанд.
Буҷети Ҳаракат, сохтори он ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷетро Шӯрои Марказии он тасдиқ мекунад.
6.3. Ҳаракат ва ташкилотҳои он метавонанд бино, иморат, таҷҳизот, молу мулк, маблағ ва амволи дигареро, ки барои таъмини моддии фаъолияти онҳо заруранд, дар ихтиёр дошта бошанд.
6.4. Ҳаракат ҳуқуқ дорад, ки бо созмонҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ созишномаҳо ва аҳдномаҳо ба имзо расонад.
6.5.Ҳаракат рамзҳои худро дорад, ки онҳоро Анҷуман тасдиқ мекунад.

VII.ТАРТИБИ ДОХИЛ НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ОИННОМАИ ҲАРАКАТ

Тағийру иловаҳо ба Оинномаи Ҳаракат дар Анҷумани Ҳаракат тасдиқ карда шуда, бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.


VIII. АЗ НАВ ТАШКИЛ ВА БАРҲАМДИҲИИ ҲАРАКАТ

8.1.Аз нав ташкилдиҳии Ҳаракат бо қарори Анҷуман амалӣ карда мешавад.
8.2.Барҳамдиҳии Ҳаракат бо қарори Анҷуман ё тибқи қарори суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин