Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Низомномаи Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Бо қарори маҷлиси якҷояи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони
Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тасдиқ шудааст


НИЗОМНОМАИ
ШӮРОИ КУҲАНСОЛОНИ
ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ ВАҲДАТИ
МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН


1. Шӯрои Кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (минбаъд Шӯрои кӯҳансолон) мақоми машваратӣ буда, бо мақсади дар корҳои давлатӣ бештар истифода бурдани таҷрибаи ҳаётӣ, маҳорати кории давлатдорӣ ва ташаббусҳои эҷодии насли солори ҷомеа дар раванди мӯътадилгардонии вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, муттаҳид гардонидани халқи Тоҷикистон, таъмини ягонагии марзии ҷумҳурӣ, инчунин татбиқи пурраи ваколатҳои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
2. Шӯрои Кӯҳансолон дар фаъолияти худ Барнома ва Оинномаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
3. Шумора ва ҳайати Шӯрои кӯҳансолон аз тарафи Анҷумани Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муайян ва интихоб карда мешавад. Шӯрои кӯҳансолон бояд намояндагони собиқадори соҳаҳои давлатдорӣ, илм, фарҳанг ва дигар табақаҳои ҷамъиятиро бо назардошти тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар бар гирад.
4. Раиси Шӯрои Куҳансолонро Анҷумани Ҳаракат бо пешниҳоди раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб менамояд.
5. Низомномаи Шӯрои Куҳансолон дар маҷлиси якҷояи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои Куҳансолон тасдиқ карда мешавад. Шӯрои Кӯҳансолон метавонад аз ҷумлаи ҳайати худ муовини раисро интихоб намояд.
6. Маълумот дар бораи фаъолияти Шӯрои Кӯҳансолон дар воситаҳои ахбори умум инъикос карда мешавад.
7. Аъзои Шӯрои кӯҳансолон вазифаҳои худро дар асосҳои ҷамъиятӣ иҷро менамоянд.
8. Фаъолияти Шӯрои Кӯҳансолон дар асоси нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамо амалӣ гардонда мешавад. Маҷлисҳои Шӯро дар мавридҳои зарурӣ, аммо на дертар аз як маротиба дар 3 моҳ гузаронида мешаванд.
9. Бо мақсади таҳияи мавод барои баррасӣ дар маҷлисҳои Шӯрои Кӯҳансолон аз ҳисоби аъзоёни он гурӯҳҳои корӣ ташкил карда мешаванд. Ин гурӯҳҳо барои ташкили муваффақонаи фаъолият метавонанд намояндагони вазоратҳо, ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, мутахассисон, кормандони илмӣ ва воситаҳои ахбори умумро ҷалб намоянд.
10. Қарорҳои Шӯрои Кӯҳансолон бо аксарияти овозҳои аъзои он қабул карда мешаванд. Маҷлиси Шӯрои Кӯҳансолон дар он сурат комилҳуқуқ дониста мешавад, ки дар он зиёда аз нисфи аъзоёни Шӯро иштирок дошта бошад. Қарорҳои Шӯрои Кӯҳансолон дорои хусусиятҳои тавсиявӣ мебошанд.
11. Шӯрои Кӯҳансолон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳот сохторҳои худро ташкил карда, бо онҳо алоқаи доимӣ дошта, қарорҳои Ҳукумат ва Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ба воситаи онҳо ба мардум мефаҳмонад;
- таклифҳои худро дар бобати такмили идоракунии давлатӣ, қонунгузорӣ, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, оид ба хусусияти тамоюлҳои иҷтимоию сиёсӣ, пешгирии зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа ба Шӯрои Марказии Ҳаракат пешниҳод менамояд;
- дар тарбияи сиёсӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқии меҳнаткашон ва хусусан ҷавонон фаъолона иштирок менамоянд, онҳоро ба меҳнати софдилона, муносибати бошуурона нисбат ба арзишҳои моддию маънавӣ ҳидоят мекунанд;
12. Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии Ҳаракат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ӯҳдадоранд, ки барои татбиқи вазифаҳои ба зиммаи Шӯрои Кӯҳансолон гузошташуда мусоидат намуда, шароити зарурии корӣ фароҳам оваранд.
13. Чорабиниҳои Шӯрои Кӯҳансолон аз ҳисоби маблағҳои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, воҳидҳои сохтории он бошад аз ҳисоби ҳукуматҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ маблағгузорӣ мегардад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин