Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ТАРҒИБУ ТАРАННУМИ ВАҲДАТ ДАР ВОДИИ ЗАРАФШОН

Мутобиқ ба ибтикори Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд нимсолаи дувуми соли ҷорӣ сафари гурўҳҳои тарғиботии он дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ ҷараён гирифт.
Дар ҷараёни ин сафар, ки таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бобоева Мавҷуда Валиевна сурат гирифт, аъзои гурўҳҳои тарғиботӣ - ноибректори бахши тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рухсора Давлатзода, корманди масъули бахши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рустамҷон Юлдошев, омўзгори Мактаби Президентии шаҳри Бўстон Мамнур Нуров ва дигарон бо аҳолӣ дар шаҳраку деҳоти навоҳии мазкур роҷеъ ба арзишу аҳамияти сулҳу ваҳдат ва нақши Пешвои миллат дар ташаккули фарҳанги сулҳофаринии миллати тоҷик, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, эълони «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва зарурату аҳамияти таърихии он суҳбатҳои гарму самимӣ ороста, падидаҳои номатлуби солҳои охир миёни мардум, ба гунаи терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии ифротӣ, ифротгароӣ ва амсоли инро маҳкум намуданд. Дар навбати худ, дар ҷамоатҳои Урметан, Айнӣ, Рарз, Шамтучи ноҳияи Айнӣ, инчунин ҷамоати Оббурдони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ сокинон ин ташаббуси наҷиби раёсати Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро фоли нек шуморида, якдилона изҳор доштанд, ки имрўз аз баракоти сулҳу ваҳдати миллӣ дар ин навоҳии дурдасти мамлакат тамоми шароит фароҳам омада, аҳолӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машғули корҳои созандагиву ободкорӣ ҳастанд.
Дар мулоқоту вохўриҳое, ки дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ҷараён гирифт, ба ҳайати гурўҳи тарғиботӣ Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллоҳ Оқилзода низ ҳамроҳ гардид.
Н. НУРЗОД


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин