Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ҶОИЗА МУБОРАК!

Вақте дар Душанбе сухан дар бораи Асрорӣ меравад, дар пеши назар ду чеҳраи ошно ҷилвагар мешавад: нахуст, чеҳраи донишманди тавонои тоҷик, забоншиносу мардумшиноси маъруф Воҳид Асрорӣ ва дувум, чеҳраи олими файласуфи тоҷик ва фидоии фарҳанги кишварамон Мирзошоҳрух Асрорӣ.
Нигоштаи мо ба шахси дувум дахл дорад. Воқеан, самти асосии фаъолияти кории Мирзошоҳрух Асрориро фарҳанг ишғол мекунад. Зеро аз соли 1995 ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омада, аввал ба ҳайси Сардори раёсат ва баъдан дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанг (2000-2003) фаъолият кардааст. Як муддат сардори Идораи фарҳанги Ҳукумати шаҳри Душанбе (2003-2006) низ будааст.
Солҳои 2006-2013 ба ҳайси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Фаъолияти соҳа дар ин солҳо дар доираи "Барномаҳои давлатии рушди бахшҳои мухталифи фарҳангу ҳунар" татбиқ гардид. Хусусан, дар ин солҳо чопи асарҳои бадеӣ ҳам аз лиҳози шумора ба маротиб афзуда ва ҳам аз ҳайси сифат беҳтар гардид. Даҳҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва қасру биноҳои фарҳангӣ таъмиру тармим гардиданд. Маҳз дар ҳамин давра бо ибтикори Пешвои муаззами миллат биноҳои нави Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ бунёд гардиданд.
Фаъолияти муассисаҳои таълимии соҳа низ беҳтар шуданд. Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти пурсамар пардохт, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис дода шуд. Робитаҳои байналмилалии кишвар бо мамолики дигар тавсеа ёфт. Дар 12 кишвари ҷаҳон Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир гардида, аҳли ҳунар ва санъати Тоҷикистон ба 56 давлати дунё ба сафарҳои хориҷӣ рафтанд.
Имрўзҳо Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳамчун Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият дорад.
Номи Мирзошоҳрух Асрорӣ дар муҳити илми фалсафаи тоҷик низ ошност. Мавсуфро ҳамчун муҳаққиқи варзидаи соҳаи фалсафа мешиносанд. Ў дар мавзўи "Масоили шаъну шарафи инсон дар ахлоқи исломии асрҳои миёна (таҳқиқи таърихӣ-фалсафӣ)" рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Бинобар навиштаи муқарризон, ин рисола дар солҳои охир яке аз дастовардҳои назарраси илми фалсафаи муосири тоҷик ба ҳисоб рафта, муҳаққиқ паҳлўҳои гуногуни "ашрафи махлуқот" ва шаъну шарафи инсонро дар ахлоқи исломӣ мавриди таҳқиқу пажўҳиш қарор додааст.
Албатта, Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои Мирзошоҳрух Асрориро қадр карда, ўро бо медалҳои "Хизмати шоиста" ва "20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" сарфароз гардонидааст.
Бисёр масарратбахш аст, ки дар остонаи 27-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи навбатии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор гардиданд. Ҷоиза муборак, устоди азиз!
Ҳайати эҷодии "Ваҳдат"

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин