Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

Суғд: баргузор шудани ҷаласаи Шўрои куҳансолон

Ҷаласаи Шўрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти раёсати раиси Шўрои куҳансолони Шўрои вилоятӣ Қобилҷон Усмонов баргузор гардид.
Аз ҷумла, иштирок дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар маҳалҳо, тарғиб ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи корҳои анҷомдодаи Шўрои куҳансолон буданд.
Ҳамзамон бино бар гуфти Қобилҷон Усмонов дар давраи ҳисоботӣ як андоза фаъолияти Шўрои куҳансолони Ҳаракати вилоятӣ ва маҳалҳо ба низоми муайян дароварда шуд. Вале ҳанўз корҳои муҳим дар пешанд. Хусусан, баруйхатгирии нафарони барўманд, ки дар замонаш ба халқу Ватан хизмати шоиста карда, байни мардум соҳибобрўанд ва суханашон ба ҷомеа таъсир дорад, ҳанўз на дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ анҷом пазируфтааст. Иштирокдорони ҷаласа фикру мулоҳизаҳои ҷолиби худро роҷеъ ба номгузории такрорӣ, фаъолияти телевизионҳои маҳаллӣ, ки барномаҳои тиҷоратиашон бештару тарғиби арзишҳои миллӣ коста гардидааст, дур мондани андешаҳои шахсиятҳои кордида аз назари масъулон баён доштанд.
М.МАҚСУДОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин