Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

АНҶУМАНИ IV БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОҲАНГАРОН ДАР АШТ

Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт Анҷумани 4- уми байналмилали оҳангарон баргузор гардид.
Дар Анҷумани 4- уми байналмилалии оҳангарон Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷўразода Ҷамшед, Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шарифзода Мумин Машокир, оҳангарон аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, Ўзбекистону Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд. Мавриди зикр аст, ки дар ин рўз ҷамъияти оҳангарони Ашт ба 50 нафар оилаи камбизоати ҷамоати деҳоти Ашт кўмаки моддӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4 уми июни соли 1877 ташкил гардида, таъсисдиҳандаи он бостоншинос Акрам Аскаров мебошад. Номбурда то соли 1916 сарварии ин ҷамъиятро ба уҳда дошт. Мувофиқи навиштаҷоти бостоншиносон дар он давра Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4560 узв дошт.
Ба гуфтаи таърихшинос Бахтовар Темирзод оҳангарони аштӣ, ҳатто шаҳри Оҳангаронро дар Ўзбекистон бунёд карданд. Маҳсулоти тавлидкардаи оҳангарони Ашт натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ўзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон низ харидорони зиёд дорад. Айни ҳол сарварии Анҷумани оҳангарони Аштро оҳангари номӣ Бахтиёр Абдухалилов ба уҳда дорад.
Тавре масъулин ба ҳафтаномаи «Ваҳдат» иттилоъ доданд, мақсад аз ташкили Анҷумани 4- уми байналмилалии оҳангарон дар Ашт - шинос намудани ҳунари оҳангарӣ буда, бо ин роҳ рушди ҳунари аҷдодӣ мебошад.
Сайидои ШОДӢ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин