Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

Суғд: Баргузории маҳфили "Адибони Ваҳдатсаро"

Тибқи нақшаи кории Шўрои вилояти Суғдии Ҳаракати ҷамъиятии
Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз 28 то 30 августи соли равон дар 13 шаҳру навоҳии вилоят маҳфили навбатии "Адибони Ваҳдатсаро" баргузор гардид, ки ба он шоирону нависандагони вилоят-Маъруф Бобоҷону Ҷўра Юсуфӣ, Насимбек Қурбонзодаву Додохони Эгамзод, Муаттара Ғаниеваю Абдуҳамиди Ҷўра, Муқим Воҳиду Нуралӣ Нурзод, Ўрунбой Усмону Гулнор Усмонӣ, Гулноз Тоҳириву Матлуба Ёрмирзо ва Дилором Солибоева ҳамроҳи масъулони Шўрои вилоятӣ ширкат доштанд.
Боиси тазаккур аст, ки маҳфили навбатӣ дар кулли шаҳру навоҳии вилоят бо дастгирии МИҲД-и маҳаллӣ ва иштироки фаъолонаи Шўроҳи шаҳриву ноҳиявии Ҳаракат ва адибони маҳал басо гарму пурнур ва хотирмон доир гардид.
Аз ҷумла дар ноҳияи Деваштич, ки маҳфил дар китобхонаи бачагонаи ноҳия баргузор гардид, баробари адибони баркамол наврасони навқалам шеъру таронаҳои худро ба васфи сулҳу Ваҳдати миллӣ, дўстиву рафоқат, кишвари соҳибистиқлоламон, Пешвои миллат қироат карданд. Маҳфилро санъаткорони ноҳия бо суруду таронаҳои дилангези хеш гарм сохтанд.
Дар ноҳияи дурдасти Зафаробод бошад, чорабинӣ дар маҷлисгоҳи МИҲД баргузор гардид. Маълум гардид, ки дар ноҳияи Зафаробод, ки бо меҳнати пурзаҳмати муҳоҷирини шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Деваштич, Айниву Кўҳистони Мастчоҳ ва минтақаи аҳолинишини Яғноб обод шудааст, ҳамзамон якчанд шоирони баркамол низ кору зиндагӣ мекарданд. Ин аст, ки ба ҷуз шеърхонии аъзои маҳфил шоираҳо Шарофат Турдиалӣ, Гулнор Усмонӣ ва нависанда Урунбой Ус-мон табъи ҳозиринро ҳамзамон бо шеъру таронаҳои хеш шоирон Аҳли Расул Муҳаммад, Иброҳим Калонзода, Қосими Қосим, Муҳиддин Нуриддин, Мадинаи Исмат ва дигарон болида доштанд.
Гурўҳи адибони вилоят аз раиси ноҳия Раҷаббой Ашўрӣ хоҳиш карданд, ки маҳфили адибони Мирзочўли тоҷикро таъсис диҳанд ва дастгирӣ намоянд.
Гурўҳи адибони ваҳдатсароро ба шаҳру ноҳияҳои вилоят масъулони Шўрои вилояти Суғдии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қобилҷон Усмонов, Мавҷуда Мирпочоева ва Дилором Ҷабборова роҳбаладӣ намуданд.

М. МАҚСУДОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин