Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба масъулин оид ба такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ дастур доданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба масъулин оид ба такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ дастур доданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Саломатии ҳар фард аз сатҳи хуби хизматрасонии тиббӣ, ташхиси пурраю саривақтӣ ва таъйиноти дурусти табибон вобастагии калон дорад. Роҳандозӣ намудани низоми самараноки хизматрасонии сатҳи аввалияи тиббӣ дар мамлакат, риояи тартиби хизматрасонии тиббӣ, аз байн бурдани зиён ва хавф ба ҳаёти беморон ҳангоми расонидани кумаки тиббӣ, ташхиси касбии аниқу мушаххаси беморӣ, таъйиноти доруворӣ, бахусус пешгирӣ кардани таҳияи дорухатҳои ба истилоҳ «фармоишӣ» ва водорсозии бемор барои хариди доруворӣ аз дорухонаҳои муайян зарур мебошад.

Ин матлабро дирӯз, 9 декабр зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баён намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷлосия таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, ки вақтҳои охир боиси муроҷиатҳои зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, ҷалб намуданд.

Аз ҷумла, оид ба масъалаи ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон ва солимии ҷомеа ибрози назар карда, дар ин робита, Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон уҳдадор гардид, ки бо мақсади такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти хизмативу касбии табибон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб, масъалаҳои зикргардидаро якҷо бо сохторҳои марбутаи давлатӣ омӯхта, таклифҳои асоснок манзур намояд.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо мақсади такмил додани фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он таҳия карда шуданд, баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин